Музокироти марзии мақомоти тоҷику қирғиз дар Хуҷанд

  • 16 Апрел, 2014
Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ду даҳаи ахир дар ноҳияи марзии Исфара низоъҳои зиёде бар сари истифода аз манобеъи об, замин ва роҳҳои иртиботӣ рух додааст

Дар шаҳри Хучанд, маркази вилояти Суғд, гуфтугӯи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ миёни ду кишвар оғоз шудааст.

Дар ин мулоқот, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 16 апрел шурӯъ шуд, мақомоти баландпояи ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ва намояндагони вазоратхонаҳои дигари марбутаи тоҷику қирғиз ширкат доранд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон иттилоъи дақиқе дар бораи масоили мавриди гуфтугӯйи ин гурӯҳҳо пахш накардаанд. Вале бархе аз хабаргузориҳои Қирғизистон ба нақл аз мақомоти он кишвар навиштаанд, ки масъалаи аслии матруҳа дар ин гуфтугӯҳо ихтилофоти ду ҷониб будааст.

Аз ҷумла, хабаргузориии “24kg”-и Қирғизистон аз қавли Абдираҳмон Маматалиев, муъовини нахуствазири он кишвар, навиштааст масоили дигаре, ки ҷонибҳо дар ин мулоқот матраҳ хоҳанд кард, масъалаи бунёди роҳҳои иртиботӣ дар минтақаҳоии марзии байни ду кишвар аст.

Ҳамчунин, оқои Маматалиев хабар додааст, ки дар чорчӯби ин ҳамоиш мулоқоти нахуствазирони Қирғизистону Тоҷикистон низ дар назар аст.

Масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ироаи иттилоъ дар мавриди ин мулоқот худдорӣ мекунанд. Сухангӯйи ин ниҳод мегӯяд, ки ин ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд идома дошта ва хабарҳо дар мавриди онро баъд аз анҷоми нишаст дар ихтиёри хабарнигорон хоҳад гузошт.

Ба назар мерасад, яке аз масоили умдаи матруҳа дар ин нишаст таъйини хутути марзии миёни ин кишварҳост.

Дар ҳамоишҳои ахири мақомоти мухталифи ду кишвар, аз ҷумла мулоқоти Эрлан Абилдаев ва Сироҷиддин Аслов, вузарои умури хориҷаи Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав дар авоили моҳи ҷорӣ доир шуд, ду ҷониб ба ин нукта таъкид кардаанд.

Ба ин масъала мақомоти ду кишвар баъд аз даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ рух дод, чандин бор рӯ овардаанд.

Дар ду даҳаи ахир дар ноҳияи марзии Исфараи вилояти Суғд низоъҳои зиёде бар сари истифода аз манобеъи об, замин ва роҳҳои иртиботӣ рух додаанд ва коршиносон мушкили аслиро муъайян нашудани хутути марзӣ дар ин навоҳии марзии ду кишвар хондаанд.

Ба гуфтаи мунтақидон, мақомоти ду кишвар иқдомоти зиёде барои таъйини хутути марзӣ ва ҳалли муноқишаҳои марзӣ анҷом надодаанд. Аммо захмӣ шудани дастикам шаш марзбони қирғиз ва ду марзбони тоҷик дар даргирии мусалаҳона дар моҳи январ мақомоти ду кишварро водор карда, ки масоили марзиро ҷиддӣ бигиранд.

Баъд аз ин воқеъа ҳамлу нақли коло ва рафтуомади сокинони Қирғизистону Тоҷикистон дар панҷ гузаргоҳи марзии миёни ин ду кишвар низ то аввал моҳии апрел масдуд шуда буд.

Матолиби муртабит