Бордюжа: 'Таъйини хутути марзӣ фурсат ва заҳмати зиёде мехоҳад'
Image copyrightBBC World ServiceДабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) вазъияти феълиро дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ором арзёбӣ кард.
Николай Бордюжа, ки рӯзи панҷшанбеи 20 феврал пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки марзбонони ин ду кишвар дар ҳолати муқаррарӣ аз марз муроқибат мекунанд.
Ба гуфтаи оқои Бордюжа, ҷонибҳо дар мавриди худдорӣ аз истифода аз силоҳ ба тавофуқ расидаанд ва ба ин тартиб, таниш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиддан коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон, ӯ корҳо барои таъйини хутути марзро душвор хонда ва гуфт, ки барои таъйини хутути марз, бахусус рафъи мушкилоти марбут ба манотиқи мавриди баҳс, фурсат ва заҳмати зиёде лозим аст.
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт: “Кумисиюни муштарак ба раҳбарии муъовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон масоили мавриди баҳс, аз ҷумла манотиқи баҳсбарангезро баррасӣ мекунанд. Барои ҳалли ин мушкил асноди зиёдеро дар бойгонӣ мавриди омӯзиш қарор бояд дод. Аз ин аснодро сарфи назар кардан нашояд.”
Зимнан, манотиқи наздик ба рустои Ворухи Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон аз ҷумлаи чунин манотиқи мавриди баҳс маҳсуб мешаванд, ки ахиран ба саҳнаи муноқишот ва ҳатто даргириҳо миёни сокинон ва марзбонони ин ду кишвар мубаддал шудааст.
Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар манотиқи марзии ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон миёни марзбонон даргирӣ рух дод ва бар асари он 6 марзбони қирғиз ва 2 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамдигарро ба оғози ҳамла ва тирандозӣ муттаҳам кардаанд ва Қирғизистон сафири худ дар шаҳри Душанберо барои машварат ба Бишкек фаро хонд.
Илали аслии ин даргирӣ идомаи бунёди роҳи утумубилрав аз ҷониби Қирғизистон дар минтақаи мавриди баҳс арзёбӣ мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон ин амалро “муғойир бо тавофуқоти ҷонибҳо дар бораи масоили марзӣ” унвон кардааст.
Бино ба иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон, роҳи утумубилӣ дар масири Куктош-Оқсой-Тамдик дар моҳи апрели соли гузашта шурӯъ шуда ва ин амр ба таниш дар марзи ду кишвар мунҷар шудааст.
Имтидоди ин роҳ 7,1 килуметр буда, дар он ҷо ҳафт мошинолоти роҳсозӣ фаъъолият мекунад. Ҳазинаи ин роҳ 41,8 милюн соми Қирғизистон ё ҳудуди 8 милюн дулор арзёбӣ мешавад.
То ҳол дар музокироти ҳайъатҳои давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли ин мушкил пешрафти чашмгире ба даст наомадааст.
Николай Бордюжа рӯзи 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, вазъияти марз бо Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.
Он замон коршиносон ҳадс зада буданд, ки мумкин аст мақомоти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои ҳалли муноқишоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ду узви СПАД, нақши миёнҷигариро ба уҳда гирифта бошанд.
Талошҳо барои таҳкими марз бо Афғонистон
Николай Бордюжа гуфт, ки бар асоси мувофиқатномае, ки дар соли гузашта сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ имзо карда буданд, давлатҳои узви ин ниҳод барои таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон талош мекунанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Бордюжа, қарор аст Белорус ба марзбонони тоҷик ба миқдори зиёд таҷҳизоти фаннӣ ва техникаи низомӣ ва Арманистон худравҳои гаштии низомӣ фиристанд.
Русия ва Қазоқистон низ феҳристи кумакҳои фаннӣ ва низомиро барои марзбонони тоҷик таҳия карда ва пас аз мувофиқати сарони ин кишварҳо ин кумакҳо ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ба манзури мусоъидат ба таҳкими марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳамзамон марзҳои ҷанубии Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд маҳсуб мешавад, аз ҷумлаи намояндагони кишварҳои узви СПАД гурӯҳи корӣ таъсис шудааст.
Дар назар аст, кишварҳои узви ин созмон дар бунёди зербиноҳо дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла, эҳдоси посгоҳҳою гузаргоҳҳои марзӣ ва симхорҳо кумак кунанд.
Давлати Тоҷикистон низ дар ин замина корҳои зиёдеро анҷом дода, аммо барои таҳкими бештари ин марз ба кумакҳои фаннӣ ва низомӣ ниёз дорад.
Ба гуфтаи дабири кулли СПАД, имкон дорад хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ дар чигунагии вазъияти амниятӣ дар ин кишвар асар гузошта ва мавориди убури ғайриқонунӣ ва қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон афзоиш ёбад.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, баъид аст, ки нерӯҳои низомӣ ё гурӯҳҳои бузурги терруристӣ аз ҳудуди Афғонистон барои вуруд ба хоки Тоҷикистон талош кунанд.
