Даргирӣ дар марзи Рӯшон як кушта бар ҷо ниҳод

  • 12 Декабр, 2013

Марзбонони тоҷик дар минтақаи Бадахшон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гурӯҳе аз қочоқбарони маводди мухаддирро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилоъи Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, соъати 9.30-и рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр нерӯҳои марзбонӣ ба ҳангоми гаштзанӣ дар марз дар наздики рустои Пастхуфи ноҳияи Рӯшон бо як гурӯҳи сенафарии қочоқбарони маводди мухаддирро рӯбарӯ шудаанд.

Оқои Раҳматуллоев гуфт, як тан аз ин афрод, ки аз қочоқбарони афғон маводди мухаддир дарёфт мекарданд, бо марзбонон вориди даргирӣ шуда ва хостаааст аз маҳалли ҳодиса фарор кунад.

Дар натиҷа марзбонон ба сӯйи ӯ, ки исмаш Кошиф Шерғозиев, сокини 42-солаи рустои Пастхуф будааст, тир андохта ва ба зарби гулӯла ӯро аз пой даровардаанд.

Ду узви дигари гурӯҳи ба гуфтаи манобеъи умури марзбонӣ қочоқбар боздошт шудаанд.

Тибқи иттилоъи ин манобеъ, дар маҳалли ҳодиса 9 адад бутрии вудко, 6 адад бутрии плостикӣ ва 40 грам ҳеруин кашф ва мусодира шудаааст.

Дар ҳоле ки манобеъи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бораи муқовимати яке аз қочоқбарон бо марзбонон хабар додааст, аммо дар маҳалли ҳодиса силоҳе пайдо нашудааст.