Кушта шудани як сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар шароити машкук

  • 27 Декабр, 2013
Сарбозони марзбон
Image caption Мақомҳои низомии Тоҷикистон пайваста мегӯянд, ки мавориди лату кӯби тозасарбозон дар артиш маҳв шудааст

Як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба ҳангоми хидмати низомӣ дар вазъияти мубҳаму машкуке кушта шудааст.

Ҷасади Ҳофиз Темуров, сокини 22-солаи ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон, рӯзи якшанбеи 22 декабр дар ин ноҳия ба хок супурда шуд.

Пайвандони ӯ мегӯянд, ки ба онҳо рӯзи шанбе намояндагони кумисериёи низомӣ ҷасади Ҳофизро таҳвил дода ва гуфтаанд, ки ӯ худкушӣ кардааст. Вале хешовандони Ҳофиз, ки ҷасади вайро дидаанд, мегӯянд, ки дар бадани ӯ нишонаҳое аз лату кӯбро мушоҳида кардаанд.

Фармондеҳи ягони (қисми) низомии шумораи 2604-и вобаста ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ таъйид кард, ки бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ, Ҳофиз Темуров худкушӣ кардааст.

Аммо Бахтовар Бахтиёров, доӣ (тағо)-и сарбози кушташуда мегӯяд, ки вай ҳудуди 22 сол дар арсаи низомӣ фаъъолият дошта ва захми гулӯлаеро, ки аз дур бар андоми инсон исобат мекунад, хуб мешиносад.

Вай афзуд: "Захми тире, ки дар бадани Ҳофиз дида мешуд, аз фосилаи дур ба бадани вай зада шудааст ва ба захми тире, ки аз наздик паронда мешавад, монанд нест. Аслан Ҳофиз ҷавоне буд, ки зиндагиро дӯст медошт ва ҳеҷ гоҳ даст ба худкушӣ намезад."

Оқои Бахтиёров афзуд, ки ҳоло волидони Ҳофиз ва пайвандони назики ӯ ба сӯги ӯ нишастаанд ва баъд аз муддате барои бурдани шикоят ба додгоҳ дар бораи ин воқеъа бо ҳам машварат хоҳанд кард.

Вай мегӯяд, ки ҳамчунин дар чашми чапи Ҳофиз ва димоғи ӯ нишонаҳое аз лату кӯб ба назар мерасид.

Давлатмоҳ Бахтиёрова, модарбузурги Ҳофиз, мегӯяд, ки вазъи саломатии модари вай аз шунидани хабари марги фарзандаш вахим шудааст. Ӯ афзуд, ки онҳо Ҳофизро охирин бор дар моҳи октябри соли равон, ҳангоме ки даврони мураххасии худро дар Мурғоб мегузаронд, дида буданд.

Хонуми Бахтиёрова гуфт: "Он замон Ҳофиз шикоят кард, ки дар қисми низомӣ бо бархе аз сарбозон, аз ҷумла бо вай, рафтори хушунатомез мекунанд ва Ҳофиз аз он бим дошт, ки баъд аз бозгашт ба қисми низомӣ азияти озораш идома хоҳад ёфт."

Модарбузурги Ҳофиз Темуров низ бар ин бовар аст, ки навааш ҳеҷ гоҳ даст ба худкушӣ намезад.

Аммо сарҳанг Наврӯз Шералиев, фармондеҳи ягони низомии шумораи 2604, мегӯяд таҳқиқот муъайян кардааст, ки Ҳофиз Темуров даст ба худкушӣ задааст. Бо ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, таҳқиқи марги ин сарбоз ҳамчунон идома дорад.

Сарҳанг Шералиев рӯзи ҷумъаи 27 декабр ба Би-би-сӣ гуфт: "Аз рӯйи телефуни ҳамроҳаш маълум шуд, ки Ҳофиз бо духтаре дар шаҳри Хоруғ ҳамеша дар тамос буд ва аз номаҳои телефунӣ ба забони помирӣ навиштааст, ки агар ту бо ман гап назанӣ, ман худро ягон фалокат мекунам."

"Хайр насибу тақдираш ҳамин хел будааст, бо сабабе ки бо арӯсшавандааш гапаш гурехтааст, яъне масоили байни худашон, собит кардааст, ки ман туро дӯст медораму барои ту шуда худро мекушам."

Оқои Шералиев мегӯяд, ки дар тӯли 20 соли фаъъолияташ дар ин ягони низомӣ ягон мавриди даст задани сарбозон ба худкушӣ иттифоқ науфтодааст. Вай ҳамчунин ҷо доштани мавориди хушунат ба сарбозон дар ин ягони низомиро такзиб кард.

Бори аввал нест, ки хабари "худкушии" сарбозон дар артиши Тоҷикистон мунташир мешавад. Дар солҳои гузашта низ гузоришҳое дар бораи худкушӣ ё қатли сарбозон пахш шудааст.

Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки иллати бисёре аз мавориди худкушӣ ё қатли сарбозон эъмоли шиканҷа ва лату кӯби сарбозони ҷавонтар аз сӯйи бузургтарҳо ва набуди назорати ҷиддӣ бар шеваи зиндагӣ ва фаъъолияти сарбозии онҳо аз сӯйи фармондеҳон аст.

Иллати аслии саркашии бисёре аз ҷавонон аз рафтан ба хидмати сарбозӣ низ, ки дар Тоҷикистон амре иҷборӣ маҳсуб мешавад, вуҷуди мавориди густардаи хушунат ва меҳтарсолорӣ (дедовшина), вазъи бади тағзияи сарбозон ва ибтилои онҳо ба бемориҳои мухталиф хонда мешавад.

Бархе аз ҷавонон мегӯянд, ки ба далели вазъи бади зиндагии сарбозон дар артиш ва вуҷуди мавориди озор ва лату кӯби тозасарбозон аз сӯйи сарбозони бузургтар аз анҷоми хидмати сарбозӣ худдорӣ мекунанд.

Аммо мақомҳои вазорати дифоъ пайваста мегӯянд, ки мавориди лату кӯби тозасарбозон дар артиш маҳв шуда ва зиндагии сарбозон дар ягонҳои низомӣ дар солҳои ахир беҳбуд ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, ислоҳи низоми хидмати сарбозӣ ва роҳандозии хидмати қарордодӣ аз ҷумлаи вазоифест, ки дар барномаи интихоботии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, барои раёсати ояндаи ҳафтсолааш, дар назар гирифта шуда буд. Аммо маълум нест, ки ин тарҳ кай роҳандозӣ хоҳад шуд.

Матолиби муртабит