Интишори изҳороти вазорати хориҷа дар бораи муноқиша дар марз бо Қирғизистон

Дар робита ба задухӯрди сокинон дар минтақаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон шоми 7 май вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изхороте гуфтааст дар ҳоли пайдо кардани роҳи ҳалл барои ин мавзуъ аст ва "ҷонибдори ҳалли он дар чаҳорчӯби қонун ва бо дарки ҳусни ҳамҷаворӣ ва тафоҳум" аст.
Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир барои рушани андохтан ба ҳодисаи субҳи 7 май дар марзи миёни ду кишвар сохторҳои марбута аз ҳар ду ҷониб фаъолиятҳои муштарк анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо бо истинод ба вазорати умури хориҷаи Қирғизистон гузориш додаанд, ки Эралӣ Абдилдаев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар шаҳри Бишкек рузи панҷшанбе 8 май Олимҷон Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро ба вазорати умури хориҷаи Қирғизистон эҳзор карда номаи еътирозии кишварашро ба ӯ супурдааст.
Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон ибрози нигаронии худро нисбат ба он чӣ рафтори ғайриқонунии шаҳрвандони манотиқии марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон" хонда шуда баён карда хостори боздошти муримини ин ҳаводис ҷуброни хисорот ба шаҳрвандони Қирғизистон шудааст.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса соъати 7-у 20 дақиқаи шаби гузашта шурӯъ шуда ва дар ин даргирӣ аз ҳар ду ҷониб беш аз 1500 нафар ширкат кардаанд. Танҳо дар соъати 3-и субҳи имрӯз бо талошҳои муштараки марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрдҳо қатъ шудааст.
Даргирӣ миёни сокинони ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон рух додааст.
Даргирии тоза дар манотиқи марзии ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғистон дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки қарор буд ҳайатҳои масъули ҳалли масоили марзии ду ҷониб ба торихи 11 май музокиротро аз сар бигиранд.
Адами ҳалли бисёре аз ихтилофоти марзии миёни ду кишвар, ки барояшон аз замоне узвияти ҳар ду кишвар дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ мерос монда, борҳо муҷиби даргирӣ миёни сокинони ду кишвари ҳамсоя шудааст.
Дар пайи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштарак панҷ марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд ва равобити ин ду кишвар ба сардӣ гароид.
Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро баста буд.
Пас аз музокироти пайгиронаи ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳи иртиботӣ дар масири Исфара-Ворух боз шуда буд.
