Дидори масъулони ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон

  • 5 Май, 2014

Масъулони ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон масоили марбут ба таъйини хутути марз, бунёди роҳҳои утумубилрави тронзитӣ ва ҳамкориҳо дар бахши энержиро баррасӣ кардаанд.

Дидори Ҷоомарт Оторбоев, нахуствазири Қирғизистон ва Давлаталӣ Саидов, муъовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи шанби 3 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон анҷом шудааст.

Ҷонибҳо ба ҳалли марҳила ба марҳилаи масоили марзӣ ва баргузории тадобири мухталиф, аз ҷумла, тадобири фарҳангию башардӯстона дар марзи муштараки ин ду кишвар таъкид кардаанд.

Хабаргузориҳои Қирғизистон аз қавли Ҷоомарт Оторбоев гуфтаанд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамсон будани имконоти иқтисодӣ ва мушкилоти муштарак мардумони қирғизу тоҷик бояд бо ҳам равобити ҳасана дошта ва аз имконоти мавҷуда барои тавсеъаи ҳамкориҳо истифода кунанд.

Давлаталӣ Саидов низ ба рушди бештари ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ишора карда ва гуфтааст, дар ин замина бояд тарҳҳои муштараки минтақавиро ба маърази иҷро гузошта шавад.

Зимнан, дар пайи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуда ва равобити миёни ин ду кишвар ба сардӣ гароид.

Ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистон баст.