Ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон 'замонбар аст'

  • 14 Май, 2014
МарзImage copyrightBBC World Service
Image caption Ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ ҳанӯз ба тавофуқе нарасидаанд

Ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон барои фаъъолияти муштарак ба хотири ҷилавгирӣ аз ихтилофоти марзӣ ҳанӯз ба ҳеч тавофуқ даст наёфтаанд.

Дар ин бора манобеъи сафорати Қирғизистон дар Душанбе хабар доданд.

Абдураҳмон Маматалиев ва Муродалӣ Алимардон, муъовинони нахуствазирони Қирғизистону Тоҷикистон, дар ҷаласаи дурӯза барои баррасии масоили марзӣ риёсати ҳайъатҳои ин ду кишварро ба уҳда доштанд.

Дар ҷараёни дидори дурӯзаи ин ҳайъатҳо, ки асри сешанбеи 13 май поён ёфт, масоили таъйини хутути марзи муштарак, бунёди роҳи утумубилрав дар манотиқи марзӣ ва расидагӣ ба ҳодисаи задухӯрд миёни сокинони ду кишвар дар манотиқи марзӣ дар рӯзи 7 майи соли ҷорӣ низ баррасӣ гардид.

Ба гуфтаи манобеъи сафорати Қирғизистон дар Душанбе, ҷонибҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳалли масоили марзӣ "замонбар аст ва корҳои зиёде дар ин замина бавижа аз сӯйи нақшабардорон бояд анҷом шавад."

"То замони анҷоми ин корҳо, ҷонибҳо ваъда кардаанд, ки дар миёни мардуми маҳаллӣ дар манотиқи марзиии байни ду кишвар корҳои огоҳсозиро тақвият кунанд ва мардумро ба оромиш ва мудоро ташвиқ кунанд."

Интизор меравад музокироти марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар даврҳои баъдӣ, ки эҳтимолан дар моҳи июн низ доир хоҳад шуд, идома ёбад.

Шоми гузашта дар дидори Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Абдураҳмон Маматалиев, муъовини нахуствазири Қирғизистон низ масоили марбут ба таҳкими марзи муштарак ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ихтилофоти эҳтимолӣ матраҳ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин дидор тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус, дар бахшҳои энержӣ ва ҳамлу нақл, иҷрои тарҳи бунёди хатти интиқоли барқи мавсум ба “CASA-1000” ва эҳдоси роҳҳои оҳан баррасӣ шудааст.

Зимнан, рӯзи 7 майи соли ҷорӣ дар минтақаи Жака Оруқи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон миёни сокинони ин ду кишвар задухӯрде рух дода буд. Бар асари ин ҳодиса дастикам нуҳ сокини Қирғизистон ва шаш сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористон бистарӣ шуданд.

Мақомоти Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон аз ба оташ кашидани ду пумпи бензин, як фурӯшгоҳ ва ду комюн ё мошини борбари “Камаз”-и мутаъаллиқ ба сокинони ин кишвар аз сӯйи муътаризони тоҷик хабар додаанд.

Дар соли ҷорӣ дар манотиқи марзии байни вилоёти Ботканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон мухолифатҳое рух дода ва ин ҳаводис боъиси тира шудани равобити ин ду кишвар шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дод, ки бар асари он панҷ марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик захмӣ шуда буданд.

Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам кардаанд ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистон баст. Танҳо пас аз се моҳ гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳи иртиботӣ дар масири Исфара-Ворух, ки аз ҳудуди Қирғизистон убур мекунад, боз шуда буд.

Матолиби муртабит