Эътирози Қирғизистон ба хушунат дар марз бо Тоҷикистон

  • 9 Май, 2014
Мулоқти ҷонибҳо дар сойти ВХҚImage copyrightBBC World Service
Image caption Рӯзи 8 май вазири хоирҷаи Қирғизистон сафрири Тоҷикистон дар он кишварро даъват кардааст

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар ёддоште расмӣ аз ҷониби Тоҷикистон тақозои ифшои ҳувияти афроди муттаҳам ба ҳаводиси ахир дар марзи муштараки ду кишварро кардааст.

Тибқи иттилоъи сойти расмии Вазорати хориҷаи Қирғизистон, дар ин санад аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин дархост шуда, ки хисороти воридаи молӣ ба сокинони қирғиз пардохта шавад.

Рӯзи панҷшанбеи 8 май Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон, сафири Тоҷикистон дар он кишварро ба вазорат даъват карда ва ёддошти расмии кишвараш дар робита ба ин ҳодисаро ба Олим Раҳимов супоридааст.

Дар ин хабар бештар аз ин иттилоъе пахш нашудааст, аммо мақомоти вазорати хориҷаи Қирғизистон ҳодисаи рӯзи 7 май дар марзи муштараки ду кишварро як “амалкарди ғайриқонунии сокинони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон” номида ва аз сар задани он шадидан интиқод кардаанд.

Воқеъаи даргирӣ миёни сокинони марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳудуди соъати 19:20 дақиқаи шаби 6 май шурӯъ шуда ва дар ин даргирӣ аз ҳар ду ҷониб беш аз 1500 нафар ширкат доштаанд. Танҳо дар соъати 3-и субҳи рӯзи 7 май бо талошҳои муштараки марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрдҳо миёни сокинони ду кишвар қатъ шудааст.

Ҷониби Қирғизистон аз ба оташ кашидани ду пумпи бензин, як фурӯшгоҳ ва ду комюни боркаши сокинони кишвараш аз сӯйи атбоъи тоҷик дар марз хабар додааст.

Ҳамчунин, бар асари задухӯрд нуҳ сокини Қирғизистон бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон шаш сокини ноҳияи Исфараи ин кишвар низ дар ҷараёни ин нооромӣ захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳарчанд ҷониби Қирғизистон сокинони Тоҷикистонро муқассир хонда, вале сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сар задани ин воқеъа сокинони Қирғизистон муқассиранд.

Тибқи иттилоъи хабаргузориҳои Қирғизистон, ин воқеъа дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алмосбек Отамбоев, ҳамтои қирғизи ӯ дар шаҳри Маскав, рӯзи 8 май матраҳ шудааст.

Тавре ки хабаргузории мавсум ба “24kg”-и Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбӯъотии риёсати ҷумҳурии Қирғизистон менависад, руасои ҷумҳурии ду кишвар дар ин мулоқот ба тавофуқ расидаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин воқеъот ба масоили марзӣ расидагии сареъ кунанд.

Аз сӯйи дигар, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар суханронии шодбошии худ дар робита бо таҷлил аз 69-солгарди пирӯзӣ бар фошисм дар майдони "Пирӯзӣ"-и шаҳри Бишкек аз авзоъ дар марзҳои бархе аз кишварҳои узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории “Аkipress”-и Қирғизистон, вале Президент Отамбоев гуфтааст, бовар дорад, ки кишварҳои ҳамсоя дӯстии бародаронаи мардумони минтақаро пос медоранд.

Оқои Отамбоев афзудааст: “Мо мебинем, ки чи тавр мехоҳанд миёни мардумони дӯсти Шӯравии собиқ низоъ андозанд. Мо мебинем, ки чи мушкилоте дар кишварҳои дигар ва дар марзи муштараки мо вуҷуд доранд.”

Оқои Отамбоев рӯзи қабл дар мулоқоти худ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, низ ба масъалаи марз таъкид карда ва гуфтааст,ки марзҳо набояд барои ҷудо кардани мардум бошад, балки ба марзҳои бародарон табдил шаванд.

Дар соли ҷорӣ ин нахустин бор нест, ки дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара нооромиҳое сар мезананд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар ин марз панҷ марзбони қирғиз ва ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд ва дар пайи он гузаргоҳҳои марзӣ миёни ин ду кишвар барои муддати тӯлонӣ баста шуда буданд.

Матолиби муртабит