Чандин захмӣ дар задухӯрди байни сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Image copyrightBBC World ServiceМақомҳои марзбонии Қирғизистон вазъият дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистонро муътадил арзёбӣ кардаанд.
Дар баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи панҷшанбеи 8 май мунташир шуд, омадааст, ки гузаргоҳҳои марзӣ боз буда ва рафтуомад дар роҳи утумубилрави масири Ботканд-Исфана аз сар гирифта шудааст.
Ҳамзамон, мақомҳои марзбонии Қирғизистон дар вуқӯъи задухурде миёни қирғизҳою тоҷикон дар яке аз манотиқи марзӣ атбоъи Тоҷикистонро муқассир хондаанд.
Дар ин баёния омадааст: "Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, як сокини Тоҷикистон ба сӯйи худрави як сокини Қирғизистон, ки дар роҳи Ботканд-Исфана ҳаракат мекард, санг партоб карда ва дар пайи он миёни сокинони манотиқи марзии ду кишвар зарухурде рух додааст."
Гуфта мешавад, ин ҳодиса соъати 7-у 20 дақиқаи шаби гузашта шурӯъ шуда ва дар ин даргирӣ аз ҳар ду ҷониб беш аз 1500 нафар ширкат кардаанд. Танҳо дар соъати 3-и субҳи имрӯз бо талошҳои муштараки марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрдҳо қатъ шудааст.
Ҷониби Қирғизистон аз ба оташ кашидани ду пумпи бензин, як фурӯшгоҳ ва ду комюн ё мошини боркаши сокинони ин кишвар аз сӯйи атбоъи тоҷик дар марз хабар додааст.
Бар асари задухӯрд нуҳ сокини Қирғизистон бо ҷароҳоти мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазъи ду нафар вахим арзёбӣ шудааст. Манобеъи маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон ҳам аз бистарӣ шудани шаш сокини ноҳияи Исфараи ин кишвар дар бемористон хабар додаанд.
Лоиқҷон Маҳкамов, раиси ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфара, гуфт, ки як сокини ин русто низ ба зарби санг аз ноҳияи сараш ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон сокинони Қирғизистонро дар бурузи ин ҳодиса муқассир хонда ва гуфтаанд, ки амали авбошонаи се табаъаи қирғизи сархуш мунҷар ба задухурди гурӯҳӣ миёни сокинони ин ду кишвар шудааст.
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикстону Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи чунин ҳаводис дар манотиқи марзӣ тадобири муштараке андешидаанд.
Дар пайи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштарак панҷ марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд ва равобити ин ду кишвар ба сардӣ гароид.
Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро баста буд.
Пас аз музокироти пайгиронаи ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳи иртиботӣ дар масири Исфара-Ворух боз шуда буд.
