Дидори ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

  • 12 Май, 2014
МарзImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар соли ҷорӣ вазъи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон танишомез буд

Субҳи имрӯз дар бӯстонсаройи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидори ҳайъатҳои Қирғизистону Тоҷикистон оғоз шуд.

Абдураҳмон Маматалиев ва Муродалӣ Алимардон, муъовинони нахуствазирони Қирғизистону Тоҷикистон раёсати ҳайъатҳои ин ду кишварро ба ӯҳда доранд.

Бино ба иттилоъи манобеъи Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон, дар назар аст, дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба сохтмони роҳи утумубилрави Кӯк Тош-Оқсой-Тамдики Қирғизистон ва пардохти ғаромате, ки бар асари беназмиҳо дар рӯзи 7 майи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон иттифоқ афтода буд, матраҳ шавад.

Зимнан, дар рӯзи 7 май дар минтақаи Жака Оруқи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон миёни сокинони ин ду кишвар задухӯрд рух дода буд.

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон зимни як баёния дар вуқӯъи задухурд миёни қирғизҳою тоҷикон дар манотиқи марзӣ атбоъи Тоҷикистонро муқассир хонданд.

Дар ин баёния таъкид шуда буд: "Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, як сокини Тоҷикистон ба сӯйи худрави сокини Қирғизистон, ки дар роҳи Боткенд-Исфана убур мекард, санг партоб карда ва дар пайи он миёни сокинони манотиқи марзии ин ду кишвар зарухурд рух додааст."

Ҷониби Қирғизистон аз ба оташ кашидани 2 истгоҳи маводди сӯхт, як фурӯшгоҳ ва 2 комюн ё мошини боркаши тамғаи "Камаз"-и сокинони ин кишвар аз сӯйи тазоҳургарони тоҷик хабар дода ва хостори пардохти ғаромат шуда буд.

Бар асари задухӯрд 9 сокини Қирғизистон бо захмҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазъи ду захмӣ вахим арзёбӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон аз бистарӣ шудани 6 сокини ноҳияи Исфараи ин кишвар дар бемористон хабар додааст.

Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон низ миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дода ва бар асари он 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуда ва равобити миёни ин ду кишвар ба сардӣ гароид.

Ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро баст.

Танҳо пас аз 3 моҳ гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳи иртиботӣ дар масири Исфара-Ворух, ки аз ҳудуди Қирғизистон убур мекунад, боз шуда буд.

Матолиби муртабит