Дуктур Ладиб: 'Вазъ дар Бадахшони Афғонистон муътадил аст'

Дуктур Шоҳвалӣ Ладиб, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, мегӯяд, ки вазъият дар ин вилоят дар муқоиса бо вилоёти дигари Афғонистон нисбатан муътадил аст.
Дар ҳоле ки соли гузашта иддае аз мақомоти тоҷик аз таҷаммуъи афроди мусаллаҳ дар навоҳии наздик ба марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар вилояти Бадахшон хабар доданд, оқои Ладиб мегӯяд, ки тайи чанд соли ахир таҷаммуъи пайкорҷӯён дар навоҳии марзӣ дар Бадахшон мушоҳида нашудааст.
Оқои Ладиб чанде қабл барои ширкат дар ҳамоише ба Тоҷикистон омад ва ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо ӯ мусоҳибае анҷом додааст:
Шоҳвалӣ Ладиб: Албатта, мо таҷаммуъи гурӯҳии афроди мусаллаҳ дар марзҳо надорем. Дар як вулусволӣ, ки Вардуҷ ном дорад, таҷаммуъи гурӯҳи Толибон мушоҳида мешавад ва назар ба манобеъи кашфӣ ва иттилоъоте, ки мо дорем, баъзе афрод аз Узбакистону Тоҷикистон ҳам онҷо ҳастанд.
Аммо ин вулусволӣ аз марзҳо дур аст. Ва дар қисмати вулусволии Роғистон ҳам назар ба баъзе иттилоъоте, ки мо дорем, байни ҳафт-ҳашт нафар аз атбоъи хориҷӣ вуҷуд доранд.
Гоҳо ҳам шуда, ки мо баъзе афродро, албатта ба шакли ангушшумор, аз тариқи раёсати амнияти миллӣ дастгир кардем, ки инҳо ё аз Узбакистон ва ё аз Тоҷикистон буданд.
Аммо гурӯҳи мусаллаҳи муназзаме, ки аз Узбакистон ё Тоҷикистон буда ё аз дигар кишварҳо бошанд, дар Бадахшон вуҷуд надоранд. Агар бошанд ҳам, гоҳу ногоҳ ба шакли инфиродӣ зоҳир мешаванд.
Тобистони соли 2012 давлати Тоҷикистон як амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ доир кард ва мақомоти интизомию амниятӣ аз таҷаммуъи афроди мусаллаҳ дар он сӯйи марз хабар доданд.
Ба назари Шумо, ин иттилоъ то чи андоза сиҳҳат дорад? Яъне он замон таҷаммуъи афроди зиёди мусаллаҳ дар навоҳии марзии вилояти Бадахшон вуҷуд дошт ё хайр?
На хайр! Вулусволиҳое, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, Ишкошим, Вахон, Шуғнон ва Дарвоз бо шумули панҷ вулусволӣ ҳастанд, ки дар ин ҷо то ҳол ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳе таҷаммуъ накардааст.
Ин таҷаммуъ порсол низ набуд?
Дар гузашта ва ҳол ин таҷаммуъ вуҷуд надошт ва мушкиле, ки дар Хоруғ ба вуқӯъ пайваст, он мушкиле буд, ки байни худашон ба вуҷуд омад ва аз тарафи давлати Тоҷикистон ин мушкил рафъ шуд.
Яъне аз вилояти Бадахшони Афғонистон амнияти Тоҷикистонро ҳеҷ хатаре таҳдид намекард?
На хайр! Дар он замон ҳеҷ таҳдиде вуҷуд надошт ва ҳатто мо омода шудем, ки барои ҳалли ин мушкил ба Тоҷикистон кумак кунем.
Вазъият бо қочоқи маводди мухаддир дар Бадахшони Афғонистон чи тавр аст?
Албатта, мо соли гузашта, дар маҷмӯъ, дар дохили қаламрави вилоят беш аз 300 тун маводди мухаддирро мунҳариқ сохтем (сӯзондем). Аммо ман худам ба унвони раҳбари ин минтақа ёд надорам, ки дар марзи муштарак кадом маҳмулае аз маводди мухаддир боздошт шуда бошад.
Лутфан, бигӯед, ки интиқоли маводди мухаддир дар Афғонистон бештар аз кадоме аз навоҳии шимоли он кишвар ба Тоҷикистон мушоҳида мешавад?
Назар ба арзёбие, ки мо дорем, зиёдтар трофики маводди мухаддир дар марзҳои Покистон ва Эрон ба мушоҳида мерасад. Вале дар шимол то ҳол қисмати мушаххасе аз марз, ки дар он бештар маводди мухаддир қочоқ мешавад, маълум нест.
Аммо қочоқбарон аз соҳоти мухталифи кӯҳистонӣ, хусусан манотиқе, ки дар он сараки (роҳи) мошинрав вуҷуд надорад ва роҳҳои саъбулъубур, ҷангалзор ва кӯҳҳои душворгузар аст, дар он манотиқ қочоқ сурат мегирад, вале ба шакли густурда нест.
Ҳарчанд марзбонони тоҷик аз мавориди қочоқи маводди мухаддир дар манотиқи марзии наздик ба вилояти Хатлон бештар хабар медиҳанд, вале бархе мегӯянд, ки аз тариқи марзҳои Бадахшон низ қочоқи ин мавод зиёд сурат мегирад? Назари Шумо дар ин бора чист?
Соли гузашта гурӯҳе аз қочоқбарон дар вилояти Бадахшон, ки беш аз 30 нафар буданд, ва аз ҷумла бархе аз онҳо қочоқбарони бузург буданд, боздошт шуданд. Ва вилояти Хатлони Тоҷикистон бо вилоёти Қундуз ва Тахори Афғонистон марзи муштараки бузург доранд.
Ва мо бо вилояти Хатлон танҳо ду вулусволӣ, яъне Хоҳон ва Шаҳри Бузургро дорем, ки бо Хатлон ҳаммарз ҳастанд. Дар ин вулусволӣ ҳам баъзе нуқоти душворгузар ҳаст, ки мо бидуни нерӯи ҳавоӣ наметавонем назорат кунем. Гоҳу ногоҳ қочоқбарони маводди мухаддир аз ин самт ҳам рафту омад доранд.
Шумо омори дақиқе дар бораи боздошти қочоқбарон дар ихтиёре доред?
На, мо ин оморро надорем.
Бар асоси иттилоъи Созмони Милали Муттаҳид, дар соли ҷорӣ кишти хашхош дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Оё дар вилояти Бадахшон низ афзоиши кишти хашхош мушоҳида мешавад?
Дар Бадахшон дар ҳудуди чаҳор ҳазор замин кишт шуда буд ва мо се ҳазори онро тахриб кардем. Дар сатҳи Афғонистон аз лиҳози тахриби хашхош мо дар ҷойгоҳи аввал ҳастем.
Як ҳазор аз замини хашхоши боқимондаро мо дар соли оянда нобуд хоҳем кард ва кӯшиш мекунем, ки соли оянда тарёкро ба сифр расонем. Бештарин кишти тарёк, ки 95 дарсад хонда мешавад, дар ҷануби Афғонистон мушоҳида мешавда.
Шумори сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон чанд аст?
Вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз як милюну 500 ҳазор нафар нуфус ва 28 воҳиди идорӣ бо шумули 11 ноҳия дорад. Масоҳати ин вилоят беш аз 47 килуметри мурабаъ аст ва аз ҷумлаи бузургтарин ва яке аз манотиқи муҳимму истротежики Афғонистон ба шумор меояд.
Мушкилоти аслии иҷтимоъӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон чист?
Яке аз мушкилоти асосии мо набуди роҳҳост ва дар ин замина тайи даҳ соли ахир фаъъолиятҳое анҷом шудааст.
Сипос барои суҳбат!
