Абдуллоҳ: Шумориши оро фавран мутаваққиф шавад

  • 18 Июн, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки эътимод ба кумиссиюни интихобот комилан аз байн рафтааст

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ба далели ин ки кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба хостаҳои тими онҳо посухи муносибе ироа накардааст, ин тим тамоми равобити худ бо кумиссиюни интихоботро ба ҳолати таълиқ дармеовард.

Ӯ ҳамчунин хостори таваққуфи фаврии раванди шумориши орои даври дувуми интихоботи Афғонистон шуд ва аз тамоми нозирони тими интихоботӣ хост, ки вазоифи худро тарк кунанд ва дигар бо дафотири кумиссиюни интихобот ҳамкорӣ накунанд.

Оқои Абдуллоҳ, ки дар нишасти хабарӣ зинда суҳбат мекард, гуфт: "Ба хотире ки хостҳои мо аз сӯйи ниҳодҳои интихоботӣ бароварда нашуд, мо эътмоди худ ба кумиссиюни интихоботро аз даст додем ва дигар ба ин ниҳодҳо эътимод намекунем. Барои ҳамин аз нозирони худ хостаем, ки кумиссиюни интихоботро тарк кунанд."

Ӯ гуфт, ки давлати Афғонистон ҳам аз оғози раванди интихобот бетараф набуда ва ба сурати "созмонёфта" ба нафъи номзади хосе тақаллуб кардааст.

Оқои Абдуллоҳ гуфт: "Тақаллуби васеъ, бешармона ва созмонёфта дар интихобот моро маҷбур кард, ки ин тасмимро бигирем ва ин тасмим ҳам ба хотири ояндаи Афғонистон, мардуми Афғонистон ва ба хотири ниҳодина кардани мардумсолорӣ иттихоз шудааст."

Оқои Абдуллоҳ ду рӯз пеш аз кумиссиюни интихобот хоста буд, то вазифаи Зиёулҳақ Амархил, раиси дабирхонаи ин кумиссиюнро ба таълиқ даровард.

Женерол Зоҳири Зоҳир , фармондеҳи пулиси Кобул, дар рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, оқои Амархилро муттаҳам кард, ки қасд дошта теъдоди зиёде аз баргаҳои раъйдиҳиро бидуни иттилоъи мақомҳои амниятӣ ба яке аз вулусволиҳои вилояти Кобул интиқол диҳад.

Пас аз ин ҳодиса оқои Амархил аз сӯйи тими интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ ба тақаллуб ба нафъи номзади рақиб муттаҳам шуд ва ин тим хостори барканорӣ ва ё таълиқи вазифаи ӯ дар кумиссиюни интихобот шуд.

Аз сӯйи дигар, оқои Абдуллоҳ дар кунфронси имрӯзи худ таъкид кард, ки рақами 7 милюн ширкаткунанда дар интихоботи даври дувум, ки аз сӯйи куиссиюн эълом шуда, воқеъӣ нест ва кумиссиюни интихобот дар ин робита тавзеҳ диҳад ва санад ироа кунад.

Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки "Мардуми Афғонистон ва ҳамаи дунё медонанд, ки чунин оморе воқеъият надорад."

Ӯ ҳамчунин аз кумиссиюни интихобот хост, то дар мавриди чанд вилояти хос, ки омори ширкат дар интихобот дар онҳо нисбат ба даври аввал тафовути бисёр зиёде дорад, тавзеҳ бидиҳад.

Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки дар бархе аз ин вилоёт сандуқҳо аз шаби қабл аз рӯзи интихобот пур шудааст ва иддаъо кард, ки "ҳазорон нафар" шоҳиди ин масъала будаанд.

Оқои Абдуллоҳ афзуд, ки кумиссиюни интихобот дар баробари ин гузоришҳо вокуниши дурусте нишон надода ва омори "воҳӣ" ироа кардааст.

Оқои Абдуллоҳ таъкид кард, ки даст задан ба тақаллубе бо ин ҳаҷм бидуни табонӣ бо кумиссиюн имконпазир набудааст.

Image copyrightfacebook
Image caption Аҳмадзиё Масъуд дар даври дувуми интихобот аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳимоят кардааст

Ӯ ҳамчунин кумиссиюни интихоботро муттаҳам кард, ки ба ҷои 500 корманди интихоботӣ, ки ба далели тақаллуб дар даври аввал аз кор барканор шуда буданд, кормандонеро истихдом карданд, ки аз тими рақиб ба раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳимоят мекунанд.

Аммо оқои Абдуллоҳ нагуфт, ки агар ҳамчунон хостаҳои тими интихоботиаш мавриди қабули давлати Афғонистон ва кумиссиюни мустақили интихоботи ин кишвар қарор нагирад, вокуниши баъдии онҳо чи хоҳад буд.

"Кишварро ба буҳрон накашед"

Аз сӯйи дигар Аҳмадзиё Масъуд, муъовини аввали Залмайи Расул, номзади даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки ба гурӯҳи интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай пайваста, гуфтааст, ки "бурду бохт дар интихобот як амри маъмул аст ва гурӯҳи бозанда набояд кишварро ба буҳрон бикашад."

Оқои Масъуд, ки дар ҷамъи бузургон ва фармондеҳони ҷиҳодии вилоятҳои Панҷшер, Кописо ва Парвон суҳбат мекард, эълом кард, ки "пирӯзии қисмии" тими худро ба мардум табрик мегӯяд ва умедвор аст ҳар ду тим ба натиҷаи интихобот эҳтиром бигузоранд.

Ӯ афзуд: "Милюнҳо афғон дар интихобот ширкат карданд ва агар худое нахоста эҳтиром қоил нашавем ва боз ба тарафи хушунат биравем ва қудрати сиёсиро аз тариқи зӯр ва равишҳои дигар ба даст биёварем, муртакиби хиёнати миллӣ мешавем ва кишварро аз тараққӣ ақиб мемонем."

Оқои Масъуд ҳамчунин гуфт, ки "агар тиме дар интихобот пирӯз нашуд, набояд хостаҳои худро ба ҳар тартибе бар миллат татбиқ кунад."

Ӯ таъкид кард, ки сиёсатмадорон набояд бо таҳрики эҳсосоти динӣ, ҷиҳодӣ ва қавмӣ кишварро ба сӯйи бесуботӣ бибаранд.

Оқои Масъуд аз бузургони ҷиҳодӣ хост, ки ба касе иҷоза надиҳанд, ки кишварро ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ ба бесуботӣ бикашад. Ӯ гуфт: "тавре набошад, ки чизе ки хушамон меояд, қабул кунем ва чизе ки хилофи таваққуъи мо аст, сару садо бикашем ва мушкилот халқ кунем. Ин дуруст нест."

"Тақаллуби муҳандисишуда"

Image caption Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 14 июн баргузор шуд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз муътаризон бо таҷаммуъ дар маркази Кобул, пойтахти Афғонистон, хостори таъмини шаффофият дар интихоботи даври дувуми раёсати ҷумҳурӣ шуданд.

Ин муътаризон, ки аз фаъъолони маданӣ ва донишҷӯён буда ва теъдодашон ба сад нафар мерасид, гуфтанд, ки "бархӯрди ғайримашрӯъ ва истифода аз тақаллуб дар интихобот" ҷомеъаро ба буҳрон мекашад.

Дар қатъномаи ин муътаризон, ки ба хабарнигорон дода шуда, омадааст, ки кумиссиюнҳои баргузории интихобот ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, барои мудирияти интихобот ва татбиқи қонун масъулияти хатире дар пеш доранд ва бояд ҷилави ончи ки ин муътаризон "тақаллуби муҳандисишуда" хондаандро бигиранд.

Назорати дақиқ ва ҳисобшуда аз орои мардум ҷудо кардани орои тақаллубӣ ва сохтагӣ аз орои пок, ҳимоят аз Қонуни асосӣ, даъват аз ниҳодҳои ҷаҳонӣ барои назорат аз шаффофияти интихобот ба додгоҳ кашондани афроди мутақаллиб ва ҳимоят аз машрӯъияти сиёсӣ" ҷузъи хостаҳои аслии ин муътаризон аст.

Ин нахустин таҷаммуъи маданӣ баъд аз баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст. Муътаризон ҳушдор додаанд, ки агар интиқоли қудрат бр асоси "орои пок" сурат нагирад, ба таниши мунтаҷ хоҳад шуд ва кишвар рӯ ба буҳрон хоҳад рафт.

Аз сӯйи дигар, Созмони Милали Муттаҳид аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳаводоронашон хоста, ки аз ҳар навъ пешдоварӣ дар мавриди натоиҷи интихобот худдорӣ кунанд.

Рӯзи гузашта низ Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар гуфтгӯе бо Би-би-сӣ гуфт, ки мутмаъин аст, ки ҳар ду номзади даври дувум натоиҷи интихоботро хоҳанд пазируфт.

Матолиби муртабит