Раиси кумиссиюни интихобот: Иддаъоҳо алайҳи раиси дорулиншоро рад мекунам
Image copyrightAPЮсуфи Нуристонӣ, раиси кумиссиюни мустақили интихобот, иттиҳомҳо алайҳи Зиёулҳаққи Амирхил, раиси дабирхонаи ин кумиссиюнро бебунёд хонд.
Оқои Нуристонӣ гуфт ин масъала аз сӯйи як ҳайъати ҳақиқатёб баррасӣ шавад.
Оқои Нуристонӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул ба хабарнигорон гуфт: "Мо кадом санаде бисёр муваҷҷаҳ барои бартарафӣ (Зиёулҳаққи Амирхил) надорем, барои ҳамин ин масъаларо дар ҳамин ҷо мутаваққиф мекунем, агар дуктур соҳиб (Абдуллоҳи Абдуллоҳ) ё каси дигаре кадом санаде муваҷҷаҳ барои таҳаллуфи оқои Амирхил, раиси дорулиншо, дошта бошад, метавонанд онро ба кумиссиюн ироа кунанд."
Ин мвзӯъ дар ҳоле ба баҳси доғи интихоботии Афғонистон табдил шуд, ки баъд аз зуҳри рӯзи интихобот женерол Зоҳири Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул, монеъи интиқоли ду маҳмулаи кумиссиюни интихобот ба яке аз марокизи раъйгирӣ дар вулусволии Сарубӣ, дар шарқи Кобул, шуд ва гуфт, ки оқои Амирхил бо интиқоли ин маҳмулаҳо саъй дошта ба нафъи яке аз номзадон тақаллуб кунад.
Рӯзи гузашта ҳам Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, хоҳони таълиқи кори оқои Амирхил, раиси дабирхонаи кумиссиюни мустақили интихобот шуд.
Ӯ гуфт, ки оқои Амирхил фарди қобили эътимоде нест ва мавзӯъи ҷанҷолии иттиҳомот алайҳи оқои Амирхил аз сӯйи пулиси Кобул бояд фавран таҳқиқ шавад.
Кумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботии Афғонистон ҳам гуфта, ки мунтазиранд ҳайъате ҳақиқатёб қазияи оқои Амирхил ва фармондеҳи пулиси Кобулро баррасӣ кунанд ва дар сурате, ки ин масъала як тахаллуфи интихоботӣ собит шуд, ин кумиссиюн вориди майдон хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, оқои Нуристонӣ, раиси кумиссиюни интихобот, таъкид кард: "Хуб бифаҳмед, ки ман инро комилан аз реша рад мекунам." Раиси кумиссиюни интихобот афзуд, ки ҳайъати амалиётии кумиссиюни интихобот ба дабирхонаи ин кумиссиюн салоҳият дода буд, ки дар сурати тамом шудани мавод вориди амал шаванд.
Раиси кумиссиюни интихобот мегӯяд, ки кумиссиюни интихобот аз пулис хоста буд, ки маҳмулаҳои ҳассосро то марокизе, ки мавод кам оварда буданд, ҳамроҳӣ кунад, аммо ҳангоми интиқоли мавод хабаре аз нерӯҳои пулис набуд.
Оқои Нуристонӣ мегӯяд, ки мардум дар вулусволии Сарубӣ ба далели камбуди баргаҳои раъйдиҳӣ тазоҳурот карда буданд ва ниёз буд, ки ин масъала ҳал мешуд.
