Натоиҷи ҳудуди 50 дарсади оро дар интихоботи Афғонистон эълом шуд

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон натоиҷи аввалияи шумориши наздик ба 50 дарсади орои шумурдашударо эълом кард, ки бар асоси он Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо касби 44,4 дарсад пештоз аст.
Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси ин кумиссиюн дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин оро шомили 49,67 дарсади натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии шонздаҳуми ҳамал/фарвардин (5 апрел) мешавад ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 33,2 дарсад дар радифи дувум қарор дорад.
Ҳамчунин Залмай Расул 10,4 дарсад, Абдурраб Расул Сайёф 7 дарсад, Қутбиддин Ҳилол 2,7 дарсад, Муҳаммадшафиқ Гулоқо 1,6 дарсад, Муҳаммаддовуд Султон 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсалон 0,2 дарсади ороро ба худ ихтисос додаанд.
Пеш аз ин рӯзи 24 ҳамал кумиссиюн даҳ дарсад аз натоиҷи интихоботи 26 вилоят аз 34 вилояти кишварро эълом карда буд, ки шомили беш аз панҷсад ҳазор раъй аз ҳудуди ҳафт миллиюн раъй мешуд.
Аз он ҷумла 41,9 дарсади оро ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ ихтисос ёфт, ки ӯро дар садр ва 37,6 дарсади дигари оро Ашрафғаниро бо фосилаи зиёд аз сойири номзадҳо дар ҷойгоҳи дувум қарор дод.
Залмай Расул танҳо 9,8 дарсади орои даҳдарсадиро гирифт ва панҷ номзади дигар Абдурраб Расул Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Муҳаммадшафиқ Гулоқо, Муҳаммаддовуд Султон ва Ҳидоят Амин Арсалон ба тартиб дар радифи панҷум то ҳаштум қарор гирифтанд.
Эъломи ин даҳ дарсади натоиҷи муқаддамотӣ бо истиқболи ду номзади пештоз қарор гирифт, аммо шаш номзади дигар аз он эъломи норизоӣ карданд. Дар ҳоле ки кумиссиюни интихобот аз номзадҳо хост, ки оромиши худро ҳифз кунанд ва мунтазири эъломи ҳамаи натоиҷ бошанд.
Мудирони кумиссиюни интихобот гуфтаанд ҳар бор ки натоиҷи қисмии интихобот эълом мешавад, мумкин аст дараҷабандии номзадҳо тағйир кунад ва ба ин далел ҳар навъи иддаъое дар мавриди вазъияти натоиҷ пешдоварӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон бо шумориш ва эъломи тадриҷии натоиҷи интихобот расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ, бозшуморӣ, бозрасӣ ва қарантина кардани орои "машкук" ҳам ҷараён дорад.
Кумиссиюни интихобот садҳо сандуқи ҳовии "орои машкук"ро бозшуморӣ ва бозрасӣ кардааст.
Дирӯз кумиссиюн аз бозшумории ҳудуди 500 сандуқ ва бозрасии беш аз 500 сандуқ аз ҳазор сандуқи дигар хабар дод.
Кумиссиюни шикоятҳои интихоботӣ гуфта, ки садҳо шикояти муҳимме дарёфт карда, ки исботи онҳо метавонад бар вазъияти натоиҷи интихобот асар бигзорад.
Бо ин ҳол пешбинии натоиҷи интихобот бисёр душвор аст - ҳарчанд бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ дар ин интихобот пештозанд ва онҳо гуфтаанд, ки агар ин интихобот барандаи қатъӣ надошта бошад, барои рафтан ба даври дувуми интихобот омодагӣ доранд.
Охирин бахши натоиҷи аввалияи интихобот рӯзи чаҳоруми савр/урдубиҳишт ва натоиҷи ниҳоии он бист рӯз пас аз он эълом мешавад.
Юсуфи Нуристонӣ, раиси кумиссиюни интихобот таъкид кард, ки натоиҷи шумориши комили ороро мутобиқи ҷадвали замонии кумиссиюн дар чаҳоруми урдибиҳишт (24 апрел) эълом кунад.
Бар асоси тақвими интихобот агар ҳеҷ як аз номзадҳо натавонад 50 дарсад ба иловаи як раъй ба даст оварад, даври дувуми интихоботи рӯзи ҳафтуми ҷавзо/хурдод баргузор (28 май) хоҳад шуд.
