Пулис ва кумиссиюни интихоботи Афғонистон якдигарро ба тахаллуфи интихоботӣ муттаҳам карданд

  • 15 Июн, 2014
Image caption Раиси дабирхонаи кумиссиюни мустақили интихобот иттиҳомотро рад мекунад

Пулиси Кобул мегӯяд ду худраве ҳомили маводди интихоботиро, ки бидуни иттилоъи нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли интиқол ба маконе номаълум буданд, тавқиф кардааст.

Женерол Муҳаммадзоҳири Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул, мегӯяд, ки Зиёулхақ Амархил, раиси дабирхонаи кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, саъй доштааст бо баҳра гирифтан аз ин маводди интихоботӣ ба нафъи яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тақаллуб кунад.

Оқои Амархил ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки худравҳо дар ҳоли интиқоли маводди интихоботӣ ба яке аз маҳаллоти раъйдиҳӣ дар вулусволии Сарубӣ (аз тавобеъи Кобул) будаанд, вале пулис монеъ шудааст.

Ӯ ин иқдоми пулисро тахаллуф хонд.

Раъйгирӣ дар дувумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз субҳи рӯзи шанбеи 14 июн оғоз шуд. Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ду номзад дар ин интихобот ҳастанд ва ҳар ду дар кунфронси матбуъотии худ гуфтанд, ки гузоришҳое аз тахаллуф дарёфт ва ба кумиссиюни мустақили интихобот ироа кардаанд.

Умар Довудзай, вазири дохилаи Афғонистон, дар посух ба суоле дар бораи ин гузориш гуфт: "Ҳайъати муштараке муваззаф шудааст, то дар бораи сӯитафоҳуме, ки байни раиси дабирхонаи кумиссиюни интихобот ва фармондеҳи пулиси Кобул пеш омадааст, таҳқиқ кунад."

Фармондеҳи пулиси Кобул мегӯяд худравҳое, ки тавқиф шудаанд, ҳомили маводди интихоботӣ будаанд ва тибқи қонун, нерӯҳои амниятӣ бояд дар ҷараёни ҷобаҷоии онҳо қарор мегирифтанд, то битавонанд амнияти лозимро таъмин кунанд, аммо чунин иттифоқе наафтодааст. Ӯ мегӯяд, ки аз минтақаи Сарубӣ гузорише аз камбуди авроқи раъйдиҳӣ дарёфт нашудааст.

Ӯ изофа кардааст, ки Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар ҷараёни ин иттифоқ аст ва дастур дода, то маводди интихоботӣ ба кумиссиюни мустақили интихобот таҳвил шавад ва таҳқиқоти лозим анҷом шавад.

Женерол Зоҳир гуфтааст, ки касе аз вазъияти худравҳо ва ин ки роҳии куҷо буданд, хабар надоштааст.

Аммо раиси дабирхонаи кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, ки яке аз марокизи раъйдиҳии Сарубӣ эълом карда буд, ки бо камбуди баргаҳои раъй рӯбарӯст ва ин худравҳо ба онҷо мерафтанд.

Ӯ изофа кард: "Вазифа дорем камбудиҳои марокизи раъйдиҳиро таъмин кунем ва дар ҳоли анҷоми вазифа будем, ки пулис монеъ шуд.

Оқои Амархил ҳам хоҳони таҳқиқ ва баррасӣ дар бораи иддаъоҳои тахаллуф ва тақаллуб ва ҳатто мудохилаи шахси раиси ҷумҳурии Афғонистон барои расидагӣ ба ин иддаъоҳо шудааст.

Матолиби муртабит