Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон: маҳрумият аз шуғл ва таҳсил

  • 20 Июн, 2014
Паноҳандагони АфғонImage copyrightBBC World Service
Image caption Аксари паноҳандагони афғон дар шаҳри Ваҳдатро занон ва кӯдакону навҷавонон ташкил медиҳанд

Аксари паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон аз дастрасии нокофӣ ба хадамоти беҳдоштӣ ва омӯзишу парвариш, вазъи бади беҳдорӣ ва набуди ҷойи кор барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои рӯзгорашон шикоят мекунанд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Тоҷикистон чаҳор ҳазору 500 нафар аз паноҳандагони афғон, ки дар солҳои мухталиф ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, ба сар мебаранд.

Бим аз ноамнӣ

Ҳудуди ду ҳазор нафар аз ин паноҳандагон дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар 30-килуметрии шарқу ҷануби Душанбе, зиндагӣ мекунанд.

Нафисаи 45-сола сокини шаҳри Кобул аст, ки беш аз як сол қабл ба Тоҷикистон бо ҳафт фарзанд ва ҳамсараш паноҳ бурдааст. Ӯ мегӯяд, ки барои пазироӣ аз давлати ин кишвар сипосгузор аст.

Аммо Нафиса мегӯяд, ки зиндагии як соли вай ва аъзои хонаводаи онҳо дар Тоҷикистон бо мушкилот гузаштааст. Вай афзуд: “Барои мо муҳим аст, ки фарзандони мо дар мактаб таҳсил кунанд. Вале тамоми фарзандони ман дар ин ҷо таҳсил намекунанд ва хонанишинӣ мекунанд.”

Нафиса мегӯяд, ки худаш дар Афғонистон аз исобати рокет пойи худро аз даст дод ва ҳоло маълул аст ва ӯ гуфт, ки хонаводааш аз шаҳри Кобул бо мулоҳизоти амниятӣ фирор кардаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Сиёвашӣ мегӯяд, ки ҳудуди се моҳ қабл аз Афғонистон бо мулоҳизоти амниятӣ ба Тоҷикистон паноҳанда шуд

Ҳангоме ки бо Нафиса дар Боғи тафреҳии шаҳри Ваҳдат суҳбат мекардем, шуморе аз занон ва духтарон аз ҷумлаи паноҳандагон ба ҳарфҳои мо гӯш медоданд. Иддае аз онҳо гиря мекарданд ва мегуфтанд, ки аз фирор ба кишвари дигаре аз Афғонистон бисёре аз мушкилоти онҳо осон нашудааст.

Бештари онҳо мегуянд, ки умед доранд Созмони Милал онҳоро ба кишварҳои севум, ки имкони таҳсил ва зиндагӣ дар онҷоҳо беҳтар аст, кӯч диҳад.

Як зани дигар, ки худро Назрбибӣ валади Маҳмадюусуф муъаррифӣ кард, мегӯяд, ки аз вилояти Бағлон ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст. Назрбибӣ гуфт, ки чаҳор фарзанд дорад ва аз шавҳараш талоқ гирифтааст

Хонуми Маҳмадюусуф гуфт, ки аз бими таҳдиди яке аз мардҳо дар Бағлон ба ҷони фарзандонаш аз он вилоят фирор кардааст. Ӯ мегӯяд, ки вай ва шумори бештаре аз паноҳандагон мушкили дастрасӣ ба хадамоти пизишкӣ доранд.

Ҳарчанд Назрбибӣ мегӯяд, ки дар ин замина намояндагии СММ дар умури паноҳандагон ба онҳо барои дарёфти хадамоти пизишкӣ ва доруворӣ кумакҳое ироа додааст.

Вай афзуд: “Бачаҳои ман дар мактаб намехонанд ва дар бозор ба корҳое аз қабили омода кардани набот ва канд машғул ҳастанд. Аммо ман бисёр мехоҳам, ки фарзандонам бесавод намонанд. Вале барои таҳсили онҳо сармояи зиёде лозим аст, ки ман онро надорам.”

Вай мегӯяд, ки сармояи аслие, ки кӯдакони вай аз роҳи кори сиёҳ меёбанд, барои пардохти пули манзили кироя ва маводди ғизоӣ масраф мешавад.

Омодагии СММ

Image copyrightBBC World Service
Image caption Бештари паноҳандагони афғон аз ҷумлаи занон бо кӯдаконашон ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд

Рӯзи ҷумъаи 20 июн дар боғи марказии тафреҳии шаҳри Ваҳдат масъулони намояндагии Кумисериёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байнаилмиаллии паноҳандагон барои онҳо маросиме, ки барномаи фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба ҳамроҳ дошт, доир карданд.

Ҳамзамон созмонҳои мухталифи ғайридавлатӣ, ки дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон фаъъолият доранд, дар манотиқи дигари ин кишвар, ки дар он шуморе аз паноҳандагон ба сар мебаранд, барномаҳоеро пиёда карданд.

Кевин Аллен, раиси ин намояндагӣ, ки дар маросими имрӯз суханронӣ кард, ба Би-би-сӣ гуфт, ки умевор аст, ки дар оянда дар Афғонистон сулҳу саботи комил ва иқтисоди босабот барқарор шавад ва паноҳандагон тавонанд ба ватан бозгарданд.

Оқои Аллен афзуд: “Вале мо низ тасдиқ мекунем, ки дар ҳоли ҳозир вазъият дар Афғонистон чандон хуб нест. Аз ин рӯ, созмони мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, аз ҷумла давлати Тоҷикистон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ омодагӣ барои эҳтимоли бад шудани вазъият ва сарозер шудани паноҳҷӯёнро дар назар гирифтаем.”

Image copyrightBBC World Service
Image caption Назрбибӣ гуфт, ки чаҳор фарзанд дорад ва аз шавҳараш талоқ гирифтааст

Аммо вай мегӯяд, ки пешбинии комили ин вазъият ғайримумкин аст, вале бахши аслии барномаҳои намояндагии Кумисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон, чун яке аз созмонҳои кумаккунанда дар вазъияти омодабош қарор гирифтан аст.

Мушкилоти таҳсили ҷавон

Дастрасӣ ба омӯзишу парвариш, аз ҷумла таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ, яке аз душвориҳои умдаи ҷавонони афғони паноҳанда дар Тоҷикистон аст. Иброҳими Сиёваши 18-сола, яке аз ҷавонони афғон, мегӯяд, ки ҳудуди се моҳи қабл аз Афғонистон бо мулоҳизоти амниятӣ ба Тоҷикистон паноҳанда шуд.

Вай афзуд: “Мо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ба вижа аз СММ дархост мекунем, ки саъйу талоше, ки барои рафъи эҳтиёҷоти мардуми Афғонистон мекунанд, дучанд шавад. Ба далели он ки мардуми Афғонистон дар шароите ки қарор доранд, наметавонад батанҳоӣ зиндагии иҷтимоъии хешро таъмин кунанд.”

Иброҳим мегӯяд, ки барои ҷавонони паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон ҷойи кори доимӣ ва имкони таҳсил дар донишгоҳҳо вуҷуд надорад ва аз ин рӯ бисёре аз ҷавонон водор мешаванд, ки танҳо бо корҳои ба истилоҳ сиёҳ зиндагии худро пеш баранд.

Ин дар ҳолест, ки иддае аз занони паноҳандаи афғон, ки фарзандони ноболиғ доранд, аз он шикоят мекунанд, ки кӯдакони онҳо ҳангоми кор дар бозорҳо аз сӯйи иддае аз кормандони пулис таҳқир мешаванд.

Аммо Фотима Табарова, муъовини раиси шаҳри Ваҳдат, дар ҷараёни суханронии худ дар маросими имрӯзӣ таъкид кард, ки ҳукумати маҳаллӣ тамоми шароитро барои паноҳандагони Афғонистон дар ин шаҳр фароҳам кардааст. Хонум Табарова, ҳамчунин таъкид кард, ки ин ҳама ба шарофати сиёсати “сулҳҷуёнаи Президент Раҳмон” аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Аллен гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо давлат ва шарикони худ дар Тоҷикистон, омодагӣ ба ҳар гуна вазъи изтирориро гирифтаанд

Иддае аз паноҳҷӯёни Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо ҳамчунин имкони интихоби озодонаи зиндагӣ дар мантақаи дилхоҳашон дар Тоҷикистонро надоранд. Аз ин рӯ бархе аз фарзандони ин паноҳҷӯён, ки таҳсил дар мактаби “Сомониён” дар шаҳри Душанберо интихоб кардаанд, водор мешаванд, ки барои ширкат дар дарсҳо ҳамарӯза аз Ваҳдат ба шаҳри Душанбе биёянд.

Тибқи санади 325, ки Тоҷикистон дар соли 2000 ба тасвиб расонд, давлати ин кишвар шаҳрҳо ва навоҳиеро, ки паноҳандагон дар он ҳаққи зиндагӣ надоштаанд, муъайян карда буд. Бар асоси ин санад, паноҳандагони афғон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии наздик ба марзи муштараки Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҳаққи зиндагиро надоштаанд.

Дар ҳоли ҳозир бештари паноҳандагони афғон дар шаҳри Ваҳдат ва иддае дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Аммо гуфта мешавад, ки ҳудуди як ҳазор аз сокиноин Афғонистон дар манотиқи дуртар аз хиёбонҳои марказии пойтахти Тоҷикистон низ ба сар мебаранд.

Паноҳандагони афғон дар ҳоле аз вазъи бади зиндагии иҷтимоъии худ шикоят мекунанд, ки дар Тоҷикистон низ беш аз сӣ дарсади сокинон дар сатҳи фақр ба сар мебаранд ва бо мушкилоти фаровони иҷтимоъӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Дар чунин шароит баъид ба назар мерасад, ки паноҳандаҳои афғон бо он мақоме, ки доранд, тавонанд зиндагии иҷтимоъии худро ба таври қобили мулоҳиза дар солҳои наздик беҳбуд бахшанд.

Матолиби муртабит