Созмони Милал: Теъдоди паноҳандагон ва оворагон дар соли 2013 аз панҷоҳ милюн гузашт
Image copyrightAPОжонси паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд дар соли гузаштаи мелодӣ беш аз 50 милюн нафар ба хотири ҷанг ё шиканҷа ва озору азият дар табақабандии паноҳандагон қарор гирифтанд ё дар дохили кишварҳояшон овора шудаанд.
Аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, ин бештарин мизони рушди оворагон дар сатҳи ҷаҳон аст. Ин рақам ҳамчунин шаш милюн нафар бештар аз соли қабл аз он аст.
Аз ин теъдод, ҳудуди ҳафтаҳ милюн нафар аз кишварҳои худ фирор кардаанд ва беш аз сиву се милюн нафар дар дохили кишварҳояшон овора шудаанд.
Бисёре аз оворагон солҳо дар урдугоҳҳои паноҳҷӯён зиндагӣ мекунанд.
Ҷанг дар Сурия иллати аслии афзоиши теъдоди оворагон аст, аммо дар ду кишвари Судони Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Офриқои Марказӣ низ муноқишоте тоза дар ҷараён аст.
Ожонси паноҳандагони Созмони Милал мегӯяд афзоиши бесобиқаи теъдоди паноҳандагон ҳазинаи бисёр сангине аст, ки барои шикаст дар ҷилавгирӣ аз набардҳо ва муноқишот бояд пардохт.
Ин ожонс ҳамчунин гуфтааст, ки кишварҳои сарватманд бояд теъдоди бештаре аз паноҳандагонро пазиро шаванд.
Оворагони сурӣ
Дар ҳамин ҳол, Онтунию Гутерос, раиси ожонси паноҳандагони Созмони Милал аз Лубнон хостааст ҳамчунон афродеро, ки мехоҳанд аз Сурия вориди Лубнон шаванд, бипазирад.
Рӯзи панҷшанбе як вазири лубнонӣ гуфт давлати ӯ танҳо ба паноҳҷӯёни аҳли манотиқи наздики марзи ду кишвар, ки набард дар онҳо ҷараён дорад, иҷозаи вуруд медиҳад.
Лубнон дар ҳоли ҳозир мизбони беш аз як милюн паноҳҷӯи сурӣ аст.
Оқои Гутерос ба Би-би-сӣ гуфт музокира бо Лубнон дар ҷараён аст, аммо афзуд зодгоҳи одамҳо набояд мелоки пазириши паноҳҷӯйии онҳо бошад.
Вай гуфт агар ба ин шакл монеъи вуруди афрод шавем, ин хатар вуҷуд дорад, ки як мавқеъияти ногувор ба як фоҷиъа табдил шавад.
.
