ДҲБ: Ҳуқуқи паноҳандагони афғон дар Эрон нақз мешавад

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (ДҲБ), ки мақари он дар Ню-Йурк аст, дар тозатарин гузориши худ дар бораи вазъияти паноҳандагон ва муҳоҷирини афғон дар Эрон навишта, ки ҳуқуқи ин афрод тавассути давлати Эрон нақз мешавад.
Бар асоси эъломи идораи кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Эрон дар соли 2012 ҳудуди 1,4 то 2 миллиюни афғон дар Эрон зиндагӣ мекунанд ва машғули кор ҳастанд, ки ба унвони паноҳанда дар ин кишвар сабт нашудаанд ва кулли паноҳандагони афғон дар ин кишвар ба ,.4 миллиюн то 3 миллиюн нафар мерасад.
Ин гузориш афзудааст, ки дар солҳои ахир шароит барои муҳоҷирини афғон дар Эрон душвортар шуда, фишор алайҳи тамоми афғонҳои муқими Эрон афзоиш ёфта, ки метавон ба мавонеъи бузург ҳамонанди адами дарёфти кумакҳои башардӯстона, боздошти худсаронаи муҳоҷирин ва ин ки муҳоҷирини афғон дар баробари корфармоёни хусусӣ аз худ қудрати дифоъ надоранд, ишора кард.
Ин нахустин боре аст, ки як ниҳоди муҳими байналмилалӣ давлати Эронро муттаҳам ба нақзи ҳуқуқи башари паноҳандагони афғон дар ин кишвар мекунад.
Ин гузориш бар асоси мусоҳиба бо 90 нафар афғонҳо тадвин шуда, ки зиндагӣ дар Эронро таҷриба карда ва Дидабони ҳуқуқи башар бар асоси ин мусоҳибаҳо Эронро ба далели надоштани як низоми паноҳҷӯии коромад ба нақзи ҳуқуқи ин афрод, боздоштҳои худсарона ва набуди масуният барои паноҳҷӯёни тозаворид муттаҳам кардааст.
Дидабони Ҳуқуқи Башар афзуда, ки ҳукумати Эрон бо таваҷҷуҳ ба қонуни ин кишвар ва ҳуқуқи байналмилал хилофи таъаҳҳудоти худ нисбат ба паноҳандагони муҳоҷир амал мекунад.
Ин гузориш ба нақл аз Наими сисола, ки ҳамроҳ бо 500 афғони дигар ба сурати ғайриқонунӣ ба Эрон сафар мекарданд, нақли қавл кардааст: "Пас аз убур аз марз дар ҳоли истироҳат будем, ки мутаваҷҷеҳ шудем сарбозони эронӣ моро муҳосира кардаанд ва баъд моро дар дохили як комюни бузурги сарпӯшида, ки мунафаззе барои ҳаво надошт, савор карданд. Наздик буд аз камбуди оксижан хафа шавем. Сарбозони эронӣ ба мо гуфтанд, ки шумо бояд бимиред ва ҳар чӣ илтимос кардем дари комюнро боз накарданд."
Эҳсосоти зиддихориҷӣ дар Эрон
Гузориши Дидабони Ҳуқуқи Башар афзуда, ки сиёсатҳои давлати Эрон бад-ин маънӣ аст, ки кӯдакони бидуни мадраки афғон дар Эрон иҷозаи рафтан ба мактаб надоранд ва муҳоҷироне ҳам, ки ба ҳайси паноҳанда қабул шудаанд, танҳо ба "корҳои дастии хатарнок бо ҳуқуқи пойин" дастрасӣ доранд.
Ин созмон дар мавриди боло рафтани эҳсосоти зиддихориҷӣ дар Эрон ҳушдор додааст ва навишта, ки ин мавзуъ афғонҳо дар ин кишварро дар маърази хушунатҳои физикӣ қарор додааст.
Ин созмон афзуда, ки дар баррасиҳо ҳиҷ мадракеро дол бар вуҷуди як хатти машйи созмонёфта аз суи мақомоти Эрон барои ихроҷи паноҳандагон дарёфт накардааст, вале маҳдудиятҳои сангин ва фазоянда дар дохили Эрон барои паноҳҷӯён ин хатарро барои муҳоҷирини афғон эҷод мекунад, ки ононе ки воқеъан бо баргашт ба Афғонистон ҷонашон дар хатар аст, бо осебҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шаванд.
Ин гузориш афзуда, ки дар нуқтаи сифри бандари марзӣ, Исломқалъа дар вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон, аксари мардон, занон ва кӯдаконе, ки бо онон мусоҳиба шуда, бештар афроде будаанд, ки батозагӣ аз Эрон ихроҷ шуданд. Бархе аз мусоҳибашавандагон ағлаб мардоне буданд, ки пас аз вуруд ба Эрон ба сурати қочоқӣ дар Эрон зиндагӣ мекарданд ва бидуни доштани иҷозаи расмӣ кор мекарданд.
Дидабони Ҳуқуқи Башар афзудааст, ки бисёре аз ин афрод шикоят мекарданд, ки дар ҳангоми дастгирӣ ва ихроҷ тавассути масъулини эронӣ мавриди озору азиятҳои гуногун қарор гирифтаанд
Ин гузориш афзуда, ки теъдоде аз мусоҳибашавандагон вазъияти рӯҳии комилан буҳронӣ доштанд ва ин созмон бо падар ва модаре суҳбат карда, ки ононро дар масири ихроҷ аз Эрон аз фарзандонашон ҷудо карда буданд ва намедонистанд, ки фарзандони худро дубора чӣ гуна пайдо кунанд.
Ин гузориш афзудааст, ки муҳоҷирини афғон дар Эрон аз назари даромади аввалияи зиндагӣ дар вазъияти беҳтаре нисбат ба бисёре дар Афғонистон қарор доранд ва фарзандони онон низ қодир ба таҳсил дар ин кишвар ҳастанд, агарчӣ дар баъзе маворид онон дар заминаи омӯзиши фарзандони худ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд.
Ин гузориш афзуда, ки занон дар Эрон нисбатан аз вазъияти хубе бархурдоранд, дастрасӣ ба омӯзиш ва имкони дархости талоқро низ доранд.
Яке аз мақомоти расмии давлати Афғонистон ба гузоришгарони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки мардум дар бораи қатлҳои номусӣ дар Афғонистон гузоришҳоеро дарёфт мекунанд ва дар натиҷа намехоҳанд, ки ба Афғонистон баргарданд.
Ин ниҳоди ҳуқуқибашарӣ афзудааст, ки давлати Эрон бо тангтар кардани арсаи зиндагӣ бар муҳоҷирини афғон талош дорад, то ононро водор ба бозгашт ба Афғонистон кунад.
Ин гузориш ба давлати Эрон тавсия карда, паноҳандагон ва паноҳҷӯёни сабтиномшудаи афғонро бо зӯр ба Афғонистон боз нагардонад ва раванди дархости паноҳандагиро барои афғонҳо масдуд накунад.
Ин гузориш таъкид кард, ки бояд ба ҳар афғон, ки бо ихроҷ аз Эрон мувоҷеҳ аст, фурсате дода шавад, то қозӣ ба парвандаи ӯ расидагӣ кунад.
Дидабони Ҳуқуқи Башар таъкид карда, ки акнун барои атбоъи Афғонистон манотиқи мамнуъа эълом шуда, ки бояд лағв шавад ва афғонҳо бояд бидуни ҳиҷ гуна табъиз озодии тараддуд дошта бошанд. Ин гузориш навишта, ки нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти дигар бояд бо афғонҳо бархурди шоистаи инсонӣ ва мутобиқ ба қавонини дохилӣ ва байналмилалӣ дошта бошанд.
