'Масоиби' ду духтари ҳамҷинсгарои эронӣ дар Туркия

  • 11 Декабр, 2013

Соъоти қарорамон бо ду духтари ҳамҷинсгарои эронӣ, ки дар Туркия ба унвони паноҳҷӯ зиндагӣ мекарданд,7-и аср буд, асри як рӯзи нимазимистонӣ. Медонистам исми якеашон Нозанин аст. Ёдам буд солҳои дабиристон ҳамклосе ба исми Нозанин доштам. Бачаҳо Ризо садояш мекарданд, мегуфтанд мехоҳад ҷарроҳӣ кунад ва писар шавад. Солҳо буд хабаре аз ӯ надоштам, ҷустуҷӯ ҳам кардам, аммо бефоида буд.

Дар ҳамин фикрҳо будам, ки дар боз шуд ва ду духтари ҷавон ба истиқболам омаданд. "Салом, Ҳелиё ҳастам, Нозанин ҳастам." Чашм дар чашм шудем, ҳис кардам мешиносамаш, носазоие нисфаву нима нисори рӯзгор кардам, ба Истонбул, ба муҳоҷират, ба 15 соле, ки гузашта. Ҳар ду шуке шуда будем, хеле зуд дафтари хотирот варақ хӯрд, олбумҳои фейсбукиро дидем, номҳо радиф шуданд ва қиссаҳои талху ширинро ривоят кардем, монанди қиссаи зиндагии Нозанин ва Ҳелиё.

- Кай аз Эрон хориҷ шудӣ?

Нозанин: 15 моҳ пеш.

- Қонунӣ хориҷ шудӣ?

Нозанин: Оре, бо ҳам қонунӣ хориҷ шудем.

- Чи шуд тасмим гирифтӣ биёӣ берун?

Нозанин: Ману Ҳелиё бештар аз 11 сол ҳаст, ки ҳамдигарро мешиносем. 5 сол шуд робитаамон ҷиддӣ шуда ва портнер ҳастем. Дар Эрон ҳазору як мушкил доштем, ҳам ҷомеъа пазирои чунин робитае набуд, ҳам давлат мушкил дошт. Хонаводаҳо ҳам ҳамин тавр. Мо дар Эрон ду сол бо ҳам зиндагӣ мекардем. Мушкилоти ҷомеъаи мардсолорро ҳам изофа кунед. Ба ҳамин хотир аз вақте робитаамон ҷиддӣ шуд, тасмим ба хуруҷ аз кишвар гирифтем. Ҳазору як роҳро баррасӣ кардем. Таҳсилӣ, кор, қочоқ ва дар ниҳоят ба паноҳандагӣ расидем.

Масалан хеле талош кардем аз тариқи кор ба Конодо биравем. Ман ҳисобдорӣ хондаам ва Ҳелиё равоншиносӣ. Се сол ҳам забони фаронсавӣ хондем, хеле мароҳилро пушти сар гузоштем. Бояд мерафтем Сурия барои мусоҳиба, ки шонси мо ҷанг шуд, сафорати Конодо таътил ва дар натиҷа парвандаҳо билотаклиф монд. Баъд аз ду сол гуфтанд аз тариқи Истонбул иқдом кунед, ки боз ҳам кашдор шуд ва вакиламон гуфт мушаххас нест ҳал бишавад. Ҳатто пайгири иқомати Думиникан ҳам шудем. Ҳар рӯз дунболи ин чизо будем, вале ба натиҷа нарасид. Дар ниҳоят Ҳелиё пешниҳод дод паноҳанда шавем. Воқеъан фикрашро намекардем ва дунболаш ҳам набудем.

Ҳелиё: Дунболи таҳсил будем, аммо ба хатари сахтии пазириш ва баҳси молӣ натавонистем иқдом кунем. Ман худам дар бораи вазъияти паноҳандагон ҳисси баде доштам ва беҳеш (ба он) фикр намекардам, вале дарвоқеъ роҳи дигаре надоштам. Алъон ҳам ҳамон ҳисси бадро дорам, вале омадаам дигар.

- Нозанин, гуфтӣ хонаводаҳо аз ин робита хабар надоранд?

Нозанин: Хонаводаи ман ба ҷуз бародарам чизе дар бораи ин робита намедонанд. Ман вақти хуруҷ гуфтам барои идомаи корам мехоҳам биравам Туркия ва пайгири рафтан аз тариқи кор ба Конодо шавам. Алъон ҳам рафту омад дорем, вале ҳанӯз барояшон тавзеҳ надодам.

Ҳелиё: Фақат модарам мутаваҷеҳ шуда, бо ҳам дар борааш суҳбат накардаем, вале дар кул мавзӯъи паноҳандагиро ҳам ба назарам фаҳмидааст.

- Ҳелиё гуфт алъон ҳам ҳисси баде дорад дар бораи вазъияти паноҳандагон. Мо шунидем, ки маъмулан вазъияти паноҳандагоне бо парвандаҳои мушобеҳи шумо хуб аст?

Нозанин: Исми мо ҳаст "Гулден кейс", вале воқеъан фарқе бо дигарон надорем. Бисёре аз бачаҳои лезбиян, гей ва трансекшуол воқеъан ҳамон шароитеро доранд, ки дигарон доранд. Ҳатто замонҳои тӯлонӣ мунтазири баррасии парванда будаанд, монанди се сол. Алъон мо худамон дорем вориди 16 моҳ мешавем, вале ҳанӯз роҳи зиёде дорем то ниҳоӣ шудан ва рафтан ба кишвари солис.

Ҳелиё: Ин ки ба мо мегӯянд "гулден кейс", фақат ба хотири ин аст, ки пазириши мо дар кишвари солис, тазмин шудааст. Муддати замони пазириш ва ё хадамоте, ки медиҳанд, фарқе бо дигарон надорад. Мо ҳеҷ гуна кумаки молӣ ва машваратҳои ҳуқуқӣ ҳам нагирифтаем.

- Мувофиқ ҳастед баргардед Эрон, чи шароите дар Эрон доштед?

Нозанин: Масъалаи аслии мо ҷомеъа ва тарс аз бархӯрди давлат буд. Наметавонистам иброз кунам. Ҳоло иброз кардан ҳеч, аз либос пӯшидан, мудели мӯҳо ва рафтори зоҳирӣ бархе ин тафовутҳоро мутаваҷҷеҳ мешуданд ва рафтори дигаре доштанд. Ҳоло агар рафтори хосе доштем, ки дигар ҳеҷ. Як бор дар поркинги рестурон Ҳелиё манро бӯсид, кор ба калонтарӣ кашида шуд, мехостанд боздоштамон кунанд ва бо кулли бадбахтӣ ва подармиёнии соҳиби рестурон халос шудем.

Ҳелиё: Ман илова бар баҳсҳои иҷтимоъӣ, баҳси сиёсӣ ҳам доштам. Кори ташкилотӣ намекардам, вале мухолиф будам бо шеваи ҳукумати кунунӣ. Ҳатто эҳсоси хубе нисбат ба Ҷунбиши сабз ҳам надоштам, фикр мекунам онҳо ҳам дар ниҳоят ба дунболи бақои Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд. Ин зовияи диде, ки доштам, ҳам дар хуруҷам аз кишвар муассир буд.

- Дар Эрон, ки будед, бо лезбиянҳо ҳам дар робита будед?

Нозанин: Бале, даври ҳам ҷамъ мешудем, вале баҳсҳои маъмулӣ буд. Дар ҷомеъае, ки муҷозоти ин кор эъдом аст, воқеъан коре намешавад аз пеш бурд. Мо дӯсте доштем, ки ба хотири масоъили сиёсӣ боздошт шуд, баъд бозҷӯ мутаваҷеҳ шуда буд, ки ҳамҷинсгаро аст ва куллӣ масоъил пеш омада буд. Ин рафторҳо ва бархӯрдҳо сабаб мешуд, ки ҷамъ шуданҳои мо хеле боэҳтиёт бошад. Дар ин рафту омад ман воқеъан Ҳелиёро танҳо фарде дидам, ки ҳеҷ гоҳ гароиши ҷинсии худашро инкор накард. На ин ки якрост биравад бигӯяд модар салом, ман лезбиян ҳастам, вале агар баҳсаш пеш меомад, инкор намекард. Худам аз иброзаш метарсидам. Албатта Ҳелиё аз ман ҳафт сол бузургтар аст, вале ман воқеъан ҳарф намезадам дар борааш. Аз 10-солагӣ медонистам ин ҳисро дорам, вале чизе намегуфтам. Маълум набуд, ки агар Ҳелиё набуд, кай дар борааш ҳарф мезадам.

Ҳелиё: Ман аз дабиристон дар бораи гароиши ҷинсиам суҳбат кардам. Риштаи таҳсилиам дар дабиристону донишгоҳ кумак кард, ки роҳаттар битавонам дар борааш ҳарф бизанам, дӯстони дигаре ҳам доштам.

- Дабиристонат мешавад ҳудуди 17 сол пеш. Масалан 17 сол пеш шояд матраҳ мекардӣ, шояд хеле вокунишҳои манфӣ доштӣ, соли 1390, ки аз Эрон хориҷ шудӣ, шояд ин вокунишҳои манфӣ камтар шуда буд. Ин тағйири нигоҳро ҳис мекардӣ?

Ҳелиё: На, нигоҳи ҷомеъа дар ин 17 сол иваз нашуда буд. Нуктаи муҳим барои мо дида ва шунида шудани дунёи ҳамҷинсгароӣ аст. Дар рӯзгоре, ки башиддат бахусус дар ҷомеъаи ҳумуфуби Эрон бо он рӯбарӯ ҳастем, камранг будани мо латмаи бузурге аст ба насли баъд аз мо.

- Нигоҳи ҷомеъа ё нигоҳи давлат?

Ҳелиё: Ҳар ду, бубинед мушкилоти ҳамҷинсгароён дар Эрон бисёр зиёд аст. Рӯз ба рӯз ҳам вахимтар мешавад ва ба ақидаи ман навъе наслкушӣ дар ҳоли шаклгирӣ ҳаст. Таъкиди Ҷумҳурии Исломӣ дар мамнӯъияти ҳамҷинсгароӣ ва муҷозоти бисёр сахтгирона ва аз тарафе ироаи муҷаввизҳои сареъ ба афрод, бавижа ҳамҷинсгароён барои тағйири ҷинсият бо ҳадафи дида нашудани афроди ҳамҷинсгаро дар сатҳи ҷомеъа сурат мегирад. Худашон мегӯянд ин корҳоро дар ростои аҳаммият додан ба трансекшуолҳо ва мушкилоти онҳо анҷом медиҳанд, вале ҳадаф ҳазфи ҳамҷинсгароён ва камранг кардани ҳузури онҳост.

Нозанин: Ба назарам нигоҳи ҷомеъа то 20 соли дигар ҳам иваз намешавад. Аслан дар бораи худам ҳарф мезанам. Ман бо вожаи лезбиян мушкил доштам. Аслан бадам меомад, ки ба касе бигӯянд лезбиян. Фикр мекардам ин вожа як фуҳш аст. Даргири як таъорузи дигар ҳам будам. Фикр мекардам мард ҳастам.

Ба ин фикр уфтодӣ, ки масалан ҷарроҳӣ кунӣ ва тағйири ҷинсият бидиҳӣ?

Нозанин: На, метарсидам. На аҳли робита бо писарҳо будам ва на ҷуръат доштам, ки масалан тағйири ҷинсият бидиҳам. Яке аз далоили амалӣ нашудани ин тасмим, албатта ҳузури Ҳелиё буд. Албатта инро бигӯям, ки аз вақте ба Туркия омадам, мутаваҷҷеҳ шудам аслан зан будан ё лезбиян будан яъне чӣ, фаҳмидам ин монеъи зеҳнӣ , ба хотири маҳдудиятҳои иҷтимоъӣ будааст. Нуқтаи авҷаш ҳам ширкат дар як коргоҳи серӯза бо ҷамъе аз лезбиянҳо буд, ки дарки тозае ба ман дод. Ҳуввияти худамро ламс кардам, албатта ин ҳиси бадро ҳам доштам, ки 26 соли зиндагиамро аз даст додам.

- Хеле аз паноҳандагон аз вазъияти Туркия меноланд, вале ту гуфтӣ, ки шароит ин ҷо хеле бароят беҳтар шуд?

Нозанин: На, фақат марбут ба баҳси зеҳнии худам буд. Алон аз назари кор хеле мушкил дорем, аз назари молӣ ҳам мушкилотамон бештар аст. Бояд дар як шаҳри дигар кор кунем, дар шаҳри дигаре кори марбут ба паноҳандагиро анҷом бидиҳем. Албатта шаҳрҳое, ки эрониҳо , теъдодаш кам аст, мушкилоти мо камтар ҳастанд. Вале худи туркҳо ҳам кам мушкил эҷод намекунанд.

- Ҳамаи ҳамҷинсгароҳо ин ҷо чунин мушкилоте доранд?

Нозанин: Ин ҷо кейси воқеии хеле кам дорем, вале мушкилот барои ҳама аст. Мо бархурди бади туркҳоро дидаем, ҳоло дар мавриди лезбиянҳо камтар мутаваҷҷеҳ мешаванд, вале дар мавриди гейҳо хеле бад аст. Мавориде доштаем, ки гейҳоро бо санг мавриди ҳамла қарор додаанд.

- Кейсҳои ҷаълии бештар дар мавриди гурӯҳҳои мазҳабӣ буданд. Дар ҷомеъаи шумо ҳам ангор зиёд аст?

Нозанин: Бале, хеле. Масалан мавриде дорем, ки писаре бо дӯстдухтараш зиндагӣ мекунад, вале эълом карда, ки гей ҳаст ва корҳояш анҷом шуда.

Ҳелиё: Куллан шароит бадтар шуда, ба хотири ин масоил. Дар муҳитҳои корӣ ҳам мушкил дорем. Масалан агари корфармо мутаваҷҷеҳ шавад, ки фард гей ҳаст ё ин ки транс ҳаст, бархурдҳои таҳқиромез дошта.

- Билохира шумо як паноҳҷӯ ҳастед, бархе маворид масалан надоштани кор, хеле ҳам ғайритабиъӣ нест?

Нозанин: Ба назарам муҳимтарин мушкиле, ки вуҷуд дорад, иттилоъоти ғалате ҳаст, ки ба мо медиҳанд. Мо қаблан як тасвири дигаре доштем, вале ин ҷо воқеъан шароит фарқ мекунад ва истондордҳои зиндагиро зери хати фақр мебарад. Шояд агар ба 15 моҳ пеш бармегаштам ва ин иттилоъотро доштам, аз ин масир намеомадам. Қочоқ мерафтам, вале ин гузинаро интихоб намекардам, ба хусус аз масири Туркия.

Ҳелиё: Масалан мегӯянд бо моҳиёнаи 1000 лир мешавад зиндагӣ кард, вале дар амал 2000 лир мешавад. Ин танҳо бахши молӣ аст. Аз назари иҷтимоӣ хеле бадтар аст. Ба хотири ҳамин масоил чанд нафарро мунсариф кардам, ки аз масири Туркия наоянд.

- Алон шумо кор мекунед?

Нозанин: Фақат ман дар як корхонаи плостиксозӣ кори мекунам, моҳе 720 лир ҳуқуқ мегирам, тоза корамро шурӯъ кардам. Ҳоло бояд моҳе 400 лир бобати саҳми иҷора, барқ ва об худам ва Ҳелиё бипардозем. Ба мо нисфи ҳуқуқи як коргари туркро медиҳанд, тоза агар бидиҳанд. Як бор дастам рафт зери дастгоҳи пресс, ин ҷо хадамоти беҳдоштӣ намедиҳанд ва ин мавоқеъ, кор хеле сахт мешавад. Тоза вазъи мо беҳтар аст, хадамоти беҳдоштӣ ҳатто ба афроде, ки мушкили асосӣ доранд , ҳам намедиҳанд. Масалан як фарди гей ҳаст, ки ҳепотит дорад, ҳатто мегӯяд СПИД ҳам дорад, вале ӯ ҳам хадамоти беҳдоштӣ дарёфт намекунад. Аз назари иҷтимоъӣ , вазъияти мо шабеҳи коргарони афғонӣ ҳаст дар Эрон, тоза онҳо беҳтар ҳастанд , чун забони моро тақрибан балад ҳастанд.

Ҳелиё: Қаблан мерафтем як корхонаи болишсозӣ, ки моҳе 400 лир мегирифтем. Чашми ман уфунат кард. Алон ин корро ҳам наметавонам биравам. Ин шароит хелеҳоро даргири масоили рӯҳӣ мекунад, афсурдагӣ меоварад.

- Аз тариқи шабакаҳои эронӣ, ки пайгири масоили паноҳҷӯён ҳастанд, барои ёфтани кор иқдом накардед?

Ҳелиё: Ман пайгирӣ кардам. Мавориде ҳам ҳамкорӣ кардам, вале бидуни пардохти дастмузд будааст. Мо интизор доштем, ки ин тур бошад, суфоришдиҳандагон ҳам дар ҷараён буданд, ки мо чунин вазъияте дорем, вале хабари хосе набуд ва ба ҳамин хотир мо бе хаёлаш шудем. Мо хабар дорем бархе созмонҳои эронии фаъол ҳастанд ва кумакҳое ба бархе афрод мекунанд, ҳатто моҳиёна ҳам кумак мекунанд, вале ба афроде, ки давру бари худашон ҳастанд.

Нозанин: Мо аз ҳеҷ созмони эронӣ, ки дар масири кумак ба дигарбошҳои ҷинсӣ ҳастанд, кумаке дарёфт накардем. Фақат як созмон як бор кумаки андаке молӣ ба мо кард, ки ин созмон ҳам дар заминаи ҳамҷинсгароён фаъол набуд. Бақия созмонҳо ҳеҷ кумаке ба мо накарданд. Мураттаб ҳам мукотиба кардем, имейл задем, вале ҳеҷ иттифоқе науфтод.

- Аз афсурдагӣ гуфтед, гӯё мушкили шоеъе ҳаст ин ҷо?

Нозанин: Бале , мавориди мутаъаддиде ҳам доштаем, ки афсурдагии шадид, мунҷар ба худкушӣ шудааст. Интизоре, ки ин ҷо барои таъини таклиф мекашем, хеле сахт аст. Дӯстоне доштем, ки 30 моҳ инҷо буданд, бо хиффат зиндагӣ карданд, баъд ки таъини таклиф шуд ва қарор буд биравад Конодо, кишварашро дақиқаи 90 иваз карданд. Ангор масоиби паноҳандагӣ ҳама ҷо ҳамроҳи мост, ҳатто вақте биравем он ҷо. Ин ҷо алон муҳимтарин масаълае, ки метавон онро омили афсурдагӣ ва даргирии зеҳнӣ донист, замони интизор аст.

Ҳелиё: Муҳимтарин масаъла ба назари ман масоили молӣ аст. Нуктаи дигар ин ки агар касе дучори мушкил масалан мушкили дармонӣ шавад, ҳеҷ ҳимояте даркор нест.

- Ин мушкилоти иҷтимоӣ, ки гуфтед, ба таври табиъӣ сабаби мунзавӣ шудани афрод ҳам мешавад?

Ҳелиё: Ман ин ҷо хеле кам берун меравам ва саъй мекунам бо бақия бархурд надошта бошам, ба хусус эрониҳо. Чун нигарони бархе масоили дигар ва кунҷковиҳои бемаврид ва ё иртибототи зиёнбор ҳастам.

Нозанин: Табақаи зерини хонаи мо як суперморкет ҳаст. Ман туркӣ балад ҳастам. Ҳамеша вақте барои харид меравам, афроде ки он ҷо ҳастанд дар бораи ман суҳбат мекунанд. Мутаваҷҷеҳ мешавам чӣ мегӯянд, вале коре ҳам наметавонам бикунам. Феълан камтар берун меравам ва мунтазирам то прусаи паноҳандагӣ комил шавад ва биравем. Ҳарчанд медонам, Конодо ҳам биравем, масоиби паноҳандагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Матолиби муртабит