Порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи паноҳандагонро ислоҳ кард

  • 25 Феврал, 2014
ПорлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи паноҳандагонро ислоҳ кард

Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи гурезаҳо”-ро бар асоси меъёри асноди байналмилалӣ ва Кунвонсиюни мақоми паноҳандагон ислоҳ кард.

Искандар Раҷабов, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 25 феврал дар иҷлоси порлумон тарҳи ислоҳи ин санадро муъаррифӣ мекард, гуфт, ҳамакнун дар чорчӯби ин санад Вазорати умури дохила барои паноҳандагон ва хонаводаҳои онҳо марокизи будубоши муваққатӣ эҳдос хоҳад кард.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Раҷабов, ба паноҳадагони хориҷӣ барои ҳаракат дар дохили Тоҷикистон санади сафар ё нақшаи роҳ дода шуда, масоили марбут ба радди дархости паноҳандагӣ низ дар чорчӯби Кунвонсиюни мақоми паноҳандагон ҳал хоҳад шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон, тасвиби тарҳи ислоҳи Қонун “Дар бораи гурезаҳо”-ро дар шароити феълӣ, ки “вазъияти минтақа ҳассос арзёбӣ мешавад”, муҳим хонд.

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, мумкин аст хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ дар вазъи амниятӣ дар ин кишвар асароти номатлуб гузошта ва паноҳандагони зиёде аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сарозер шаванд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, ки дар зарфи 20 соли ахир ин кишвар мизбони паноҳандагони зиёде аз Афғонистон буда, феълан 2 ҳазор хонаводаи паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Зимнан, Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1994 Кунвонсиюни мақоми паноҳандагон ва баъдан Прутукули соли 1967 дар мавриди мақоми паноҳандагонро тасвиб кардааст.