Гузориши АБ аз 'буҳрони дармонии' оворагони сурӣ дар Лубнон

  • 21 Май, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Кӯдаки оворае дар шарқи дараи Бақоъ дар марзи Сурия ва Лубнон

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд бо камбуди ҳимояти байналмилалӣ, хеле аз шаҳрвандони Сурия овораи Лубнон шудаанд, аз дастрасӣ ба хадамоти дармонии ҳаётӣ маҳрум шудаанд.

Гузориши тозаи ин созмон мегӯяд бархе аз ин оворагон ночор шудаанд ба Сурия бозгарданд, то ба дармонҳои зарурии худ бирасанд.

Дар се соле, ки аз даргириҳо дар Сурия мегузарад, беш аз як милюн сурӣ ба Лубнон гурехтаанд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд акнун ду милюну ҳафтсад ҳазор шаҳрванди Сурия расман ба унвони овора сабт шудаанд.

Шумори фаровоне аз ин идда ҳам ба Туркия, Урдун, Ироқ, Миср ва дигар кишварҳо рафтаанд, вале ин мизон дар Лубнон беш аз бақия аст.

Моҳи марти гузашта вазири умури хориҷаи Лубнон гуфт буҳрони ҳузури ин овораҳо "вуҷуди" кишварашро таҳдид мекунад.

Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеъаи байналмилал хостааст дар соли ҷории мелодӣ 4.2 милёрд дулор барои оворагони сурӣ кумак кунанд, вале мегӯяд то кунун танҳо як чаҳорум аз ин маблағро дарёфт кардааст.

Гузориши созмони Афви Байналмилал, ки бо унвони "Гузинаҳои дарднок" мунташир шуда, мегӯяд камбудҳои умдае дар хадамоти дармонӣ барои оворагон вуҷуд дорад.

Ин гузориш мегӯяд дар бархе маворид бемористонҳо оворагонро роҳ надодаанд; аз ҷумла бемороне, ки ба дармони фаврӣ ниёз доштаанд.

Одре Гогрон, мудири умури ҷаҳонии созмони Афви Байналмилал, мегӯяд ранҷи оворагони сурӣ натиҷаи мустақими "кӯтоҳии шармовари ҷомеъаи байналмилал дар таъмини комили будҷаи барномаи имдодии Созмони Милал дар Лубнон" аст.

Ин гузориш ёдоварӣ кардааст, ки низоми саломат дар Лубнон умдатан хусусӣ ва пурҳазина аст ва ин боъис шуда хеле аз оворагон ба ёронаи ожонси паноҳандагони Созмони Милал муттакӣ бошанд.

Бо ин ҳол, ин ожонс б хотири камбуди будҷа ночор шудааст маҳдудиятҳое барои пардохти ҳазинаи хадамони дармонии оворагон қарор диҳад, аммо ҳатто ағлаби оворагоне, ки шомили ин кумакҳо мешаванд, бояд яку чаҳорум аз ҳазинаи дармонро худашон бипардозанд.

Афви Байналмилал хостори искони оворагони осебпазир дар кишварҳои дигар шудааст.

Матолиби муртабит