Афви Байналмилал: Урдун монеъи вуруди садҳо паноҳҷӯи сурӣ шудааст

  • 31 Октябр, 2013
Image caption Беш аз ним милюн нафар паноҳҷӯйи сурӣ дар Урдун зиндагӣ мекунанд

Афви Байналмилал мегӯяд аз вуруди садҳо паноҳҷӯйи сурӣ, ки қасди фирор аз кишвар ва ворид шудан ба Урдунро доштанд, ҷилавгирӣ шудааст.

Бар асоси гузориши ин созмони ҳуқуқи башарӣ бахши умдаи ин афродро касоне ташкил медиҳанд, ки мадорики кофӣ надоштанд ва ҳамчунин мардони танҳое, ки хонаводаашон дар Урудун зиндагӣ намекарданд ва паноҳандагони ироқӣ ва фаластинӣ , ки дар Сурия зиндагӣ мекарданд, ҷилавгирӣ шудааст.

Ин афрод аз марзи миёни ду кишвар бозгардонда шуданд ва бо таваҷҷуҳ ба маҳдудиятҳои марзии Урдун ва даргириҳое дар шаҳрҳои марзӣ дар Сурия, бисёре аз оворагон маҷбур ба иқомат дар наздикии марз ва рустоҳои муҷовир шудаанд.

Бар асоси ин гузориш бештари ин афрод бо мушкилоти беҳдоштӣ ва гуруснагии шадиде рӯ ба рӯ ҳастанд.

Бо ин ҳол, мақомоти урдунӣ мегӯянд, ик марзҳои ин кишвар бар рӯйи паноҳҷӯёни сурӣ боз аст.

Бино бар ин гузориш, мавориди мушобеҳе низ дар марзҳои Сурия бо кишварҳои дигари ҳамсояаш мушоҳида шудааст.

Image caption Урдугоҳи Заътарӣ бо беш аз 150 ҳазор паноҳҷӯ, пурҷамъияттарин урдугоҳи паноҳҷӯёни сурӣ дар Урдун аст

Дар бахше аз гузориши 40-саҳфаии Афви Байналмилал дар хусуси паноҳҷӯёни сурӣ омадааст, ки хатари бозгардондан ба Сурия ҳатто онҳоеро, ки дар Урдун ба сар мебаранд, низ таҳдид мекунад.

Ба гузориши Афви Байналмилал дар пайи эътирозоти сокинони урдугоҳи Заътарӣ дар Урдун дар моҳи апрел даҳҳо нафар аз онон ба Сурия бозгардонда шуданд.

Урдугоҳи Заътарӣ бо беш аз 150 ҳазор паноҳҷӯ, пурҷамъияттарин урдугоҳи паноҳҷӯёни сурӣ дар Урдун аст, ки ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ вазъияти паноҳҷӯён ва шароити зиндагӣ дар ин урдугоҳ номуносиб аст.

Аз оғози даргириҳои маргбор дар Сурия дар зимистони соли 2011 беш аз сад нафар кушта ва милюнҳо нафар овора шудаанд.

Аз он замон беш аз ду милюн нафар сурӣ аз кишвар фирор кардаанд, ки умдаи онҳо дар кишварҳое чун Лубнон, Урдун, Миср, Ироқ ва Туркия зиндагӣ мекунанд.

Лубнон бо 800 ҳазор нафар ва Урдун бо 500 ҳазор нафар бештарин паноҳҷӯёни суриро дар худ ҷо додаанд.

Бар асоси ин гузориш ҳудуди 4.5 милюн нафар низ дар кишвар беҷо овора шудаанд.

Матолиби муртабит