Боздошти ғайриқонунии паноҳҷӯёни сурӣ дар Миср

Афви Байналмилал мегӯяд, ки паноҳҷӯёни сурӣ дар Миср ба сурати ғайриқонунӣ боздошт мешаванд ва ба кишварашан мустарад мешаванд.
Ин гурӯҳи ҳуқуқибашарӣ мегӯяд, ки паноҳҷӯён дар мавқеъияти баде ҳастанд ва дар миёнашон кӯдаконе пайдо мешаванд, ки танҳо як сол син доранд.
Он тавр, ки Афви Байналмилал мегӯянд баъзе аз ин афрод муттаҳам ҳастанд, ки аз тарафдорони "Ихвонулмуслимин" ҳастанд.
Муносиботи сиёсии кунунӣ дар Миср, ки ба канор задани раиси ҷумҳурӣ наздик ба Ихвонулмуслимин анҷомид ин шароитро барои суриҳо бадтар мекунад.
Ҳанӯз мақомҳои мисрӣ дар бораи ин гузориш вокунише нишон надодааст.
Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ мекунад, ки то поёни соли 2014 беш аз ҳашт милюн нафар аз мардуми Сурия маҷбур ба тарки хонаҳояшон мешаванд.
Теъдоди паноҳҷӯёне, ки аз Сурия гурехтанд, низ ба панҷ милюну дувист ҳазор нафар хоҳад расид.
Эътирозҳо ба ҳукумати Башор Асад дар Сурия аз соли 2011 ва дар имтидоди дигар қиёмҳои мардум ба кишварҳои арабӣ рӯй дод. Аз он ҷумла метавон ба қиёми мардуми Миср ва барандозии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ишора кард.
Боздошти яксолаҳо
Шариф Алсайидалӣ, масъули бахши ҳуқуқи паноҳҷӯён ва муҳоҷирон дар созмони Афви Байналмилал ,дар баёнияе гуфт: "Мақомҳои мисрӣ муваззаф ҳастанд аз ҳар касе, ки аз даргириҳои Сурия мегурезад ва мехоҳад дар кишварашон паноҳ бигирад, муҳофизат кунад."
Ӯ навишта, ки дар ҳоли ҳозир мисриҳо ба ин вазифаи худ амал намекунанд "ҳатто дар мавриди паноҳҷӯёне, ки осебпазиранд."
Ин мақомиАафви Байналмилал ҳамчунин Мисрро муттаҳам карда, ки ба ҷойи кумак ба паноҳҷӯён онҳоро боздошт мекунанд ва ба кишварашон мустарад мекунанд."
Пеш аз он ки Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Мисрро артиши ин кишвар баркнор канор кунад, паноҳҷӯёни сурӣ мегуфтанд, ки дар хоки Миср эҳсоси амният мекунанд.
Ин тавр, ки Афви Байналмилал гузориш карда, дар моҳҳои июл ва август, ки оқои Мурсӣ аз мақоми худ барканор шуд, баъзе аз афроди шинохташуда дар Миср ва расонаҳои ин кишвар муҳоҷирони суриро ба ширкат дар таҷаммуъоте муттаҳам карданд, ки бо ҳадафи бозгардондани Муҳаммад Мурсӣ анҷом мешавад.
Ин гузориш мегӯяд, ки нерӯи дарёии Миср то ба ҳол сенздаҳ қоиқи паноҳҷӯён дар дарёи Медитарона (баҳри Миёназамин)-ро гирифтанд ва аз маҷмӯъи 946 нафаре, ки онҳо боздошт карданд, ҳанӯз 724 нафар дар боздошт ҳастанд.
