Чанд корманди Салиби Сурх дар Сурия рабуда шуданд

  • 14 Октябр, 2013

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки афроди мусаллаҳ шаш нафар аз кормандони ин созмон ва як корманди довталаб аз Ҳилоли Аҳмарро, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекардааст, дар шимоли ғарби Cурия рабудаанд.

Яке аз сухангӯёни Салиби Сурх гуфтааст, ки ин созмон натавонистааст бо рабояндагони ин афрод тамос барқарор кунад.

Пештар расонаи давлатии Сурия эълом кард, ки афроди мусаллаҳ ба корвоне аз кормандони Салиби Сурх дар устони Идлиб тирандозӣ кардаанд.

Салиби Сурх мегӯяд, ки онҳо талош доранд, то ба маҷрӯҳони хушунатҳо дар Сурия ва афроде, ки дар пайи даргириҳо бехонумон ва беҷо шудаанд, кумак кунад.

Сухангӯйи Салиби Сурх мегӯяд, ки ин созмон "хоҳони озодии бидуни қайди шарти ин афрод аст, ки фақат талош мекунанд, то ба ниёзмандон кумак бирасонанд."

Ӯ дар хусуси ҳувият ва миллият ва ё ҷинсияти рабудашудагон ҷузъиёте ироа накардааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле сурат гирифтааст, ки буҳрони Сурия камокон идома дорад.

Пештар Шӯрои миллии Сурия гуфтааст, ки дар музокироти пешниҳодии сулҳ, ки интизор меравад барои поён додан ба ҷанги дохилии ин кишвар дар Женев баргузор шавад, ширкат намекунад.

Ин шӯро бузургтарин гурӯҳи эътилофи мухолифони давлати Сурия ба шумор меравад.

Ҷурҷ Сабра, раиси ин шӯро гуфтааст дар сурате, ки ин эътилоф дар музокирот ширкат кунад, аз ин шӯро хориҷ мешавад.

Оқои Сабра таъсироти ин ҷангро бар сари мардуми Сурия далели тасмими худ дар ин бора унвон карда ва гуфтааст, то замоне ки Башор Асад, раиси ҷумҳур, аз қудрат соқит нашавад дар ҳеҷ музокирае ширкат нахоҳад кард.

Гуфта шуда изҳороти оқои Сабра, ки ду рӯз пас аз мулоқоти байни раҳбарони аршади ин шӯро баён мешавад, чолише ҷиддиро дар мавриди баргузории нишасти Женев эҷод кардааст.

Музокира бо режими Башор Асад ҳамчунон гузинаи номуносибе дар миёни гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия ба шумор меояд.

Матолиби муртабит