Асад: Аз байн бурдани таслиҳоти шимиёӣ як сол вақт мебарад

Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, гуфта, ки ба барномаи нобуд кардани таслиҳоти шимиёии кишвараш пойбанд аст, вале ҳушдор дода, ки ин кор мумкин аст то як сол тӯл бикашад.
Ӯ ҳамчунин гуфт мумкин аст ин амалиёт то як милиёрд дулор ҳазина бардорад.
Оқои Асад, ки бо шабакаи телевизиюнии Фокснюзи Омрико мусоҳиба мекард, бори дигар иддаъоҳо дар ин бораро такзиб кард, ки нерӯҳои ҳукумати ӯ масъули ҳамлаи шимиёии маргбори ҳумаи Димишқ дар 21 август будаанд.
Барномаи халъи силоҳи шимиёии Сурия рӯзи шанбе тавассути Омрико ва Русия матраҳ шуд.
Давлатҳои ғарбӣ мехоҳанд ин тарҳ дар як қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид биёяд ва ҳамчунин таҳдид ба истифода аз қувваи қаҳрия дар он гунҷонда шавад.
Вале Русия то кунун бо қотеъият бо чунин таҳдид мухолифат кардааст.
Димишқ, ки мавриди ҳимояти Маскав аст, таъкид карда, ки нерӯҳои шӯришӣ, ҳамлаи шимиёии моҳи гузаштаро дар ҳумаи пойтахт анҷом доданд.
"Ба ҳарфи мардум гӯш кунед"
Башор Асад дар бораи маҳви захоири таслиҳоти шимиёии Сурия гуфтааст, ки ин "аз назари фаннӣ як амалиёти хеле печида аст."
Ба гуфтаи ӯ, чунин раванде "ҳазинаи зиёде мебарад. бархе баровурд мекунанд ҳудуди як милиёрд дулор"
Башор Асад гуфт, ки ҳозир аст таслиҳоти шимиёии худро ба Омрико таҳвил диҳад "агар давлати Омрико омодааст ҳазинаи ин корро бидиҳад ва масъулияти интиқоли маводди саммӣ ба Иёлоти Муттаҳидаро мепазирад."
Ин мусоҳибаи яксоъата бо шабакаи Фокснюз, ки аз расонаҳои наздик ба ростгароёни Омрико шонохта мешавад, аз пеш забт шуда буд.
Раиси ҷумҳурии Сурия дар ин мусоҳиба аз мавзеъи Омрико дар бораи буҳрони дохилӣ дар ин кишвар интиқод кардааст.
Ӯ гуфта, ки Вошингтун баръакси Маскав, талош кардааст дар масоили дохилӣ ва ҳукуматии Сурия дахолат кунад.
Башор Асад ҳамчунин хитоб ба мақомот ва сиёсатгузорони омрикоӣ гуфт: "Ба ҳарфи мардуматон гӯш кунед. Аз хиради ҷамъии мардуми худатон пайравӣ кунед."
Дар ду солу ниме, ки аз ҷанги дохилии Сурия мегузарад, беш аз яксад ҳазор нафар аз тарафайни даргир кушта шудаанд.
Ҳамчунин милюнҳо нафар дар дохили ин кишвар ё дар кишварҳои ҳамсоя овора шудаанд.
Шавоҳиди "даст доштани шӯришиҳо дар ҳамлаи шимиёӣ"
Изҳороти Башор Асад соъоте пас аз он мунташир шудааст, ки Русия эълом кард шавоҳидеро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ироа медиҳад, ки нишон медиҳад ҳамлаи шимиёии ахир дар атрофи Димишқ кори шӯришиёни Сурия будааст.
Гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи душанбеи ин ҳафта мунташир шуд, натиҷагирӣ карда, ки дар ҳамлаи рӯзи 21 август дар атрофи Димишқ аз гози аъсоби сорин истифода шудааст.
Омрико мегӯяд омили ин ҳамла нерӯҳои давлатии Сурия будаанд, аммо гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар бораи омили он сукут кардааст.
Дар рӯзҳои пеш Омрико бо муттаҳам кардани ҳукумати Сурия ба хотири ҳамлаи шимиёии рӯзи 21 август дар атрофи Димишқ мегӯяд, ки қасд дорад бо ҳамлаи низомӣ имкони такрори чунин ҳамалотеро дар оянда бигирад.
Аммо ниҳоятан Иёлоти Муттаҳида ва Русия рӯзи шанбеи ин ҳафта дар бораи як тарҳи гом ба гом барои маҳви таслиҳоти шимиёии Сурия тавофуқ карданд.
Омрико, Бритониё ва Фаронса мехоҳанд дар ин қатънома ба қувваи қаҳрия ҳам ишора шавад, вале Русия бо он мухолиф аст.
Музокироти панҷ узви доимии Шӯрои Амният, Омрико, Бритониё, Чин, Русия ва Фаронса дар бораи пешнависи қатъномае дар бораи Сурия, рӯзи сешанбе дар Ню-Йурк оғоз шуд ва ҳамчунон дар ҷараён аст.
