Омрико, Бритониё ва Фаронса хостори судури қатъномаи "қотеъ" дар бораи Сурия шуданд

  • 16 Сентябр, 2013
Вузарои хориҷаи Фаронса, Бритониё ва Омрико
Image caption Вузарои хориҷаи Фаронса, Бритониё ва Омрико дар кунфаронсе хабарӣ ширкат карданд

Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, ки Фаронса, Бритониё ва Омрико хостори судури қатъномаи" қотеъ" аз суи Шурои Амнияти Созмони Милал барои аз байн бурдани таслиҳоти шимиёии Сурия ҳастанд.

Дар ҷараёни музокироте, ки бо ҳузури Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳур ва Лурон Фобиюс, вазири хориҷаи Фаронса, Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико ва Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё имрӯз (душанбе, 16 сентябр) дар Порис баргузор шуд, онҳо мувофиқати худро бо барномаи замонии дақиқе барои аз байн бурдани таслиҳоти шимиёӣ дар Сурия эълом карданд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико дар ҷараёни кунфаронси хабарии муштараке, ки дар поёни ин нишаст баргузор шуд, гуфт ки Бритониё, Фаронса, Русия ва Омрико мувофиқат кардаанд, ки адами пойбандии Сурия ба қатъномаи Шурои амнияти Созмони Милал табаъоте барои ин кишвар хоҳад дошт.

Вазири хориҷаи Фаронса ҳам дар ин конфаронси хабарӣ гуфт Фаронса, Бритониё ва Омрико мувофиқат кардаанд, то барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони Сурия конфаронси сулҳе баргузор шавад.

Бар асоси тавофуқе, ки бо миёнҷигарии Русия ва Омрико ба даст омада, Сурия мувофиқат карда то зарфи як ҳафта захоири таслиҳоти шимиёии худро дар ихтиёри ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор диҳад ва то авосити соли 2014 мелодӣ ин таслиҳотро нобуд кунад.

Таъкиди Фронсуо Улонд бар ҳифзи гузинаи низомӣ

Image caption Фронсуо Улонд бар ҳифзи гузинаи низомӣ таъкид кардааст

Пештар раиси ҷумҳури Фаронса дар ҷараёни нутқе телевизиюнӣ гуфт, ки барои "эъмоли фишор бар Сурия гузинаи низомӣ ҳамчунон бояд пой барҷо бошад."

Оқои Улонд ҳамчунин тавофуқи Русия ва Омрико бар сари таҳти кунтрул қарор додани таслиҳоти шимиёии Сурияро "гоме муҳим" ба суи аҳдофи бузургтаре барои поён додан ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар тавсиф кард.

Раиси ҷумҳури Фаронса афзуд, ки қатъномаи ҷадиди Шурои Амнияти Созмони Милал дар мавриди Сурия бояд то поёни ҳафтаи ҷорӣ мавриди тавофуқи аъзои ин шуро қарор гирад.

Раиси ҷумҳури Фаронса зимни таъкид бар зарурати вуҷуди таҳримҳо гуфт: "Чунончи тавофуқи бадастомада ва қатъномаи ҷадиди Шурои Амнияти Созмони Милал ба натиҷае нарасад, таҳримҳо амре зарурӣ хоҳад буд."

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Порис мегӯяд, ки аксарияти мардуми Фаронса муътақиданд, ки сиёсати ин кишвар дар қиболи Сурия беш аз ҳадд ҷангталабона аст.

Фаронса нигарони он аст ки тавофуқи Омрико ва Русия боъиси таҳкими вазъияти Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия шавад.

Оқои Улон таъкид карда, ки Башор Асад дар ояндаи Сурия нақше надорад.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, ҳанӯз мушаххас нест, ки оё мавзеъгирии сарсахтонаи Фаронса дар қатъномаи мавриди баррасӣ дар Шӯрои Амният таъсире хоҳад дошт ё на.

Рӯзи якшанбеи 15 сентябр, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар баёнияе аз тавофуқи кишвараш ва Русия дар хусуси таҳти кунтрул қарор додани таслиҳоти шимиёии Сурия истиқбол кард, аммо гуфт, ки агар диплумосӣ шикаст бихӯрад, Омрико ҳамчунон омодаи мудохилаи низомӣ дар Сурия аст.

Дархости ҷаҳонӣ барои мутаваққиф кардани ҳамалот ба бемористонҳо

Дар ҳамин ҳол панҷоҳ нафар аз мақомот ва коршиносони пизишкии ҷаҳон аз ҷумла се нафар аз барандагони ҷоизаи Нубели пизишкӣ аз тамомии ҷиноҳҳои даргир дар Сурия хостаанд, то ҳамла ба бемористонҳо ва коркунони пизишкиро мутаваққиф кунанд.

Ин афрод дар номае саргушода ба маҷаллаи пизишкӣ, Лонсет ҳушдор додаанд, ки дар натиҷаи ҳамалоти муназзам ва амдӣ ба бемористонҳо системи пизишкии Сурия бо вазъияти буҳронӣ рӯбарӯ аст ва барои ғайринизомиён тақрибан дарёфти хадамоти пизишкии зарурӣ амре ғайримумкин шудааст.

Гуфта шуда, ки ҳазорон пизишк маҷбур ба тарки кишвар шудаанд ва бахшҳои васеъе аз кишвар аз хадамоти пизишкӣ маҳрум мондаанд.

Ба гуфтаи ин коршиносон амалҳои ҷарроҳӣ бидуни доруи беҳушӣ анҷом мешавад ва хатари эпидемӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст.

Матолиби муртабит