Башор Асад: Бо назорати байналмилалӣ бар таслиҳоти шимиёии Сурия мувофиқем

  • 12 Сентябр, 2013
Image caption Башор Асад пас аз марги падараш, ки солҳо раҳбари Сурия буд, зимоми умурро дар даст гирифт

Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиюнии Русия мувофиқат кард, ки таслиҳоти шимиёии кишварашро таҳти назорати байналмилалӣ қарор диҳад.

Раиси ҷумҳури Сурия ба телевизиюни Русия-24 гуфт: "Сурия таслиҳоти шимиёии худро ба хотири тарҳи ибтикории Русия таҳти кунтрули ҷомеъаи байналмилалӣ қарор медиҳад ва таҳдидоти низомии Омрико дар ин тасмим таъсире надоштааст."

Раиси ҷумҳури Сурия ин изҳоротро дар ҳоле баён карда, ки вузарои хориҷаи Русия ва Омрико дар ҳоли тадоруки баргузории музокиротӣ дар Женева ҳастанд. Ҳадаф аз ин иҷлос ёфтани роҳи ҳалле барои ҷанги дохилии Сурия аст.

Омрико ҳукумати Асадро омили ҳамлаи шимиёӣ ба ҳумаи Димишқ дар 21 август медонад, ки ба кушта шудани садҳо нафар мунҷар шуд.

Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ки ба Қазоқистон сафар карда, гуфтааст: "Ман мутмаин ҳастам фурсате барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли сулҳомез барои буҳрони Сурия вуҷуд дорад. Мо наметавонем иҷоза диҳем ин фурсат аз даст биравад."

Тардиди Эрдуғон ва Артиши озоди Сурия

Дар хабаре дигар дар мавриди Сурия, Артиши озоди Сурия, ки нерӯи аслии ҷиҳодӣ дар баробари ҳукумати он кишвар аст, бо интишори як навори видиюӣ гуфтааст, ки башиддат бо тарҳи Русия барои назорати байналмилалӣ бар зарродхонаи шимиёии Сурия мухолиф аст.

Ин гурӯҳ Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро ғайриқобилиэътимод дониста ва гуфтааст, ки худдорӣ аз бархурди низомӣ бо ӯ заминасози идомаи корбурди таслиҳоти шимиёӣ алайҳи мардуми Сурия хоҳад буд.

Ҳамчунин Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия гуфтааст, ки баъид медонад давлати Сурия ба таъаҳҳудоти худ дар бораи назорати байналмилалӣ ва худдорӣ аз корбурди аслиҳаи шимиёӣ амал кунад ва афзудааст, ки ҳадафи ҳукумати Сурия аз тазоҳур ба қабули тарҳи Русия "вақткушӣ ва идомаи куштор дар сатҳи васеътар аст."

Матолиби муртабит