Баррасии ҳамла ба Сурия имрӯз дар кунгреи Омрико шурӯъ мешавад

  • 9 Сентябр, 2013
Image caption Сенои Омрико эҳтимолан имрӯз дар бораи ҳамла тасмим мегирад

Кунгреи Омрико аз имрӯз баҳс бар сари эътои иҷозаи ҳамла ба Сурияро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Пешбинӣ мешавад, ки раъйгирӣ дар сенои ин кишвар имрӯз (душанбеи 9 сентябр) анҷом шавад.

Маҷлиси намояндагон аммо эҳтимолан раъйгириро дар рӯзҳои сешанбе ё чаҳоршанбе анҷом хоҳад дод.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ки пеш аз ин гуфта буд истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Сурия хатти қирмизи Омрико маҳсуб мешавад, ҳафтаи гузашта аз кунгреи ин кишвар хост, то ба ҳамлаи маҳдуд ба Сурия мувофиқат кунад.

Омрико мегӯяд, ки ҳукумати Башор Асад дар рӯзи 21 август дар атрофи Димишқ аз силоҳи шимиёӣ истифода карда, ки дар ҷараёни он 1429 нафар кушта шудаанд.

Сурия ин иттиҳомро рад мекунад.

Дар тозатарин гуфтугӯи худ Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ,гуфта, ки ӯ дастур надода, то мухолифон бо силоҳи шимиёӣ ҳадаф қарор бигиранд.

Чорлӣ Раз, аз муҷриёни маъруфи телевизиюнӣ дар Омрико, ки бо оқои Асад гуфтугӯ карда, мегӯд, ки ӯ "ҳар гуна иртиботе бо ин ҳамла (шимиёӣ)-ро рад кард. Ӯ ҳамчунин ин мавзӯъро, ки аз ин ҳамла огоҳ буда, такзиб кард."

Ҷон Керрӣ ва Чок Ҳейгел дар кунгре ба намояндагон посух доданд.

Ҳукумати Сурия масъулияти ҳамлаи шимиёиро мутаваҷҷеҳи мухолифони мусаллаҳи худ карда, ки аз онҳо ба номи "терурист" ёд мекунад.

Омрико мегӯяд, ки ҳамлаи мавриди назари онҳо барои соқит кардани ҳукумати Башор Асад нахоҳад буд ва танҳо барои "танбеҳи" давлати Сурия аст, то дигар аз силоҳи шимиёӣ истифода накунад.

Ҳафтаи гузашта дар ду кумитаи сено ва маҷлиси намояндагони Омрико вузарои хориҷа ва дифоъи Омрико ҳозир шуданд ва ба суолоти қонунгузорон посух гуфтанд.

Онҳо аз ҷумла бо мухолифати бархе аз намояндагон рӯбарӯ шуданд, ки мегуфтанд Омрико бояд ҳамлаи густардатаре дар Сурия анҷом диҳад, то ҳукумати Башор Асад дубора қудраташро бозсозӣ накунад.

Бархе аз намояндагон ҳам бакул бо ҳамла мухолифат мекарданд.

Баъзе аз назарсанҷиҳо дар Омрико ҳикоят аз мухолифати мардуми ин кишвар бо шурӯъи як ҷанги дигар дорад.

Барои ҳамин, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, мехоҳад дар рӯзи душанбе ва ҳамзамон бо баҳсҳо дар кунгреи ин кишвар бо шаш шабакаи телевизиюнии Омрико гуфтугӯ кунад ва тавзеҳ бидиҳад, ки чаро ба назари ӯ бояд ин ҳамла анҷом шавад.

Аз сӯйи дигар, вазири хориҷаи Омрико рӯзи гузашта дар Порис бо вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Араб дидор кард.

Оқои Керрӣ пас аз ин дидор гуфт, ки тамоми вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб мувофиқ буданд, ки истифода аз силоҳҳои шимиёӣ тавассути ҳукумати Башор Асад убур аз "хатти қирмизҳои байналмилалӣ" будааст.

Ҷон Керрӣ қасд дорад дар Порис барои ҳамсӯ кардани кишварҳои урупоӣ дар ҳамла ба Сурия талош кунад.

Матолиби муртабит