Омрико аз афзоиши ҳомиёни ҳамла ба Сурия хабар дод

  • 8 Сентябр, 2013
Ҷон Керрӣ ва Лурон Фобиюс
Image caption Керрӣ дар Порис бо ҳамтои фаронсавии худ дидор кард

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд теъдоди кишварҳое, ки омодаи иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад ҳастанд, "дурақамӣ" шудааст.

Оқои Керрӣ, ки дар як конфаронси хабарӣ дар Порис суҳбат мекард, гуфт ҷомеъаи ҷаҳонӣ қасд надорад "шоҳиди куштори хомӯши" ғайринизомиён дар Сурия бошад.

Оқои Керрӣ ба корбурди таслиҳоти шимиёӣ дар Сурия ишора мекард.

Фронсуо Улонд , раиси ҷумҳурии Фаронса ҳам, ки аз ҳамла ба Сурия ҳимоят мекунад, гуфтааст ки пеш аз интишори гузориши ҳайати таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид набояд даст ба иқдоми низомӣ зад.

Оқои Улонд гуфтааст ки интизор дорад гузориши аввалияи ҳайати таҳқиқ то поёни ҳафтаи оянда мунташир шавад.

Ҳамзамон поп Фронсис, раҳбари калисои котулик хоҳони пешгирӣ аз бурузи ҷанг дар Сурия шудааст.

Поп Фронсис хоҳони ҷилавгирӣ аз густариши муноқиша дар Сурия шуд ва аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон хост башариятро аз "чархаи андӯҳ ва марг" наҷот диҳанд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико хоҳони иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Сурия дар вокуниш ба корбурди ҷангафзори шимиёӣ аст.

Бано бар гузориши мунташиршуда ба василаи давлати Омрико 1429 нафар дар 21 август дар асари корбурди гози аъсоби сорин дар ҳумаи Димишқ ҷони худро аз даст доданд.

Ҳукумати Сурия мухолифонро ба корбурди ин таслиҳот муттаҳам кардааст.

Дидор дар Порис

Оқои Керрӣ, ки барои сафаре чаҳоррӯза ба Урупо сафар карда, шанбе бо Лурон Фобиюс, ҳамтои фаронсавии худ дидор кард.

Ҳар ду дар ин дидор бар азми кишварашон барои иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад таъкид карданд.

Оқои Керрӣ дар суханони худ бо ишора ба "сиёсати мамошоти "кишварҳои урупоӣ дар солҳоии поёнии даҳаи 1930 дар баробари Олмони нозӣ гуфт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ҳоли такрори "таҷрубаи Муних" аст.

Ӯ гуфт: "Мо дар Омрико медонем ва муттаҳидони фаронсавии мо ҳам медонанд, ки замонае нестем, ки бихоҳем шоҳиди хомӯши куштор бошем."

Оқои Керрӣ хоҳони иқдоми маҳдуд вале муассир алайҳи "диктотуре монанди Башор Асад" шуд.

Ба гуфтаи оқои Керрӣ теъдоди кишварҳое, ки хоҳони иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Сурия ҳастанд, дурақамӣ шудааст.

Ҷон Керрӣ пеш аз сафар ба Порис, дар Вилнюс пойтахти Литва аз баёнияи нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи урупо истиқбол карда буд.

Вузарои умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо, ки дар Вилнюс гирдиҳам омада буданд, дар баёнияе хоҳони "посухи возеҳ ва қотеъ" ба ҳукумати Асад шуданд.

Онҳо дар баёнияи худ эълом карданд, ки шавоҳиди қотеъе вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ҳукумати Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ алайҳи мухолифонаш истифода кардааст.

Вузарои умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар ин ҳол аз мавзеи Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса мабнӣ бар худдорӣ аз иқдоми низомӣ пеш аз интишори гузориши ҳайати таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят карданд.

Оқои Керрӣ қарор аст дар Порис бо намояндагони Иттиҳодияи Араб дидор кунад.

Матолиби муртабит