Ихтилоф бар сари Сурия натиҷаи иҷлоси Гурӯҳи 20-ро ба мухотира андохтааст

  • 6 Сентябр, 2013
Image caption Буҳрони шимиёии Сурия бар ҷиҳатгирии иҷлоси Гурӯҳи 20 сояафканда ва тафоҳумро дур аз эҳтимол кардааст

Ихтилоф дар мавриди вокуниш нисбат ба корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар Сурия натиҷаи иҷлоси раҳбарони Гурӯҳи 20-ро ба мухотира андохтааст.

Рӯзи ҷумъаи 6 сентябр, дувумин рӯз аз иҷлоси раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар шаҳри Сан-Питерзбург дар Русия баргузор мешавад, дар ҳоле ки дастури кори иҷлос барои ҳалли мушкилоти иқтисоди ҷаҳонӣ таҳтушшуъоъи ихтилофи назар бар сари ҷанги дохилии Сурия қарор гирифтааст.

Дар ин иҷлос раҳбарони мақомоти аршади Омрико, Олмон, Устролиё, Итолиё, Бритониё, Жопун, Фаронса, Конодо, Куреи Ҷанубӣ, Русия, Чин, Оржонтин, Офриқои Ҷанубӣ, Индунезӣ, Бразил, Туркия, Арабистони Саъудӣ, Мекзик, Ҳинд ва Иттиҳодияи Урупо ба мизбонии Русия ширкат доранд ва дастури кори аслии он баррасии бархе аз масоили иқтисодӣ ва молии байналмилалӣ аст.

Бо ин ҳама, мавзеъгирии мутафовити ширкаткунандагони аслӣ, бахусус Омрико ва Русия бар сари мавзӯъи корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар ҷанги дохилии Сурия боъис шудааст, ки бахши умдае аз гуфтугӯҳои ҷонибии иҷлос ба ин мавзӯъ ихтисос ёбад ва ихтилофи назари мавҷуд бавузӯҳ боъиси сардии фазои иҷлос шавад.

Чунин гирдиҳамоиҳое маъмулан илова бар нишастҳои умумӣ барои баррасии дастури кор эълом шуда, фурсати муносиберо ҳам барои музокироти хусусӣ дар ихтиёри раҳбарони кишварҳои бузурги ҷаҳон қарор медиҳанд ва ба тавофуқҳое даст ёбанд. Дар иҷлоси Сан-Питерзбург бахши умдае аз чунин музокироте ба масъалаи Сурия ихтисос ёфта дар ҳоле ки ба назар намерасад, ки мавозеъи ду тараф тағйири чандоне ёфта бошад.

Ҳамчунин, давлати Омрико дар вокуниш ба тасмими Русия дар эътои паноҳандагӣ ба Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъотии омрикоӣ, аз пеш эълом карда буд, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурӣ, барномаи мулоқот ва гуфтугӯи хусусӣ бо раиси ҷумҳури Русияро лағв кардааст. Буҳрони шимиёии Сурия равобити дуҷонибаро ҳатто сардтар кардааст.

Image caption Нигоҳҳои мутафовити Убомо ва Путин ба буҳрони шимиёии Сурия иҷлосро гирифтори шикофе амиқ кардааст

Иёлоти Муттаҳида муътақид аст, ки ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, алайҳи мардуми он кишвар аслиҳаи шимиёӣ ба кор гирифта ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар эъмоли иродаи байналмилалӣ дар ҷилавгирӣ аз корбурди чунин таслиҳоте мулзам ба муҷозоти ин ҳукумат аст. Мақомоти омрикоӣ гуфта аз он ҷо ки Русия монеъ аз судури муҷаввизи Шӯрои Амният барои иқдом дар ин замина мешавад, кишварҳои дигар бояд таъаҳҳуди худ дар ин заминаро дар назар бигиранд ва бидуни муҷаввизи шӯро, вориди амал шаванд.

Давлати Русия бо вуҷуди ин ки корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар Сурияро мардуд надониста, аммо мавзеъи эъломшудаи давлати Башор Асадро пазируфта ва ҳамлаи шимиёӣ ба атрофи Димишқро ба нерӯҳои мухолиф нисбат додааст. Мақомоти русӣ гуфтаанд, ки шавоҳиди ироашуда тавассути Иёлоти Муттаҳида ва бархе дигар аз кишварҳои ғарбӣ масъулияти ҳукумати Сурияро исбот намекунад ва таъкид доштаанд, ки иқдоми низомии бидуни муҷаввизи Шӯрои Амният аз лиҳози ҳуқуқи байналмилал, ғайриқонунӣ аст.

Илова бар Русия, давлати Чин низ бо дахолати низомӣ дар Сурия мухолифат карда ва бахусус нигарони таъсири чунин амалиёте бар баҳои нафти хом аст.

Талоши "ҷазираи кучак"

Дар иҷлоси Сан-Питерзбург, Фаронса, Бритониё ва Конодо ва ҳамчунин ду кишвари мусалмони Туркия ва Арабистони Саъудӣ мушаххасан аз мавзӯъи Иёлоти Муттаҳида ҳимоят кардаанд. Бархе дигар аз ширкаткунандагон зимни ҳамсӯӣ дар маҳкумияти ҳукумати Сурия, амалиёти низомиро муносиб надонистаанд ё ҳимояти худ аз чунин амалиётеро ба судури муҷаввизи Шӯрои Амният машрут кардаанд. Теъдоде аз ин кишварҳо, бахусус Жопун ва Куреи Ҷанубӣ, нигарони ҷанг бар шароити иқтисодии ҷаҳон ҳастанд

Image caption Комерун ба намояндагӣ аз "ҷазираи кучак" дар садади тағйир додани назари Путин будааст

Дар рӯзҳои ахир давлатҳои Омрико ва Фаронса иқдомотеро ҷиҳати заминасозии анҷоми амалиёти низомӣ дар Сурия ба ҷараён андохта ва раҳбарони ин кишварҳо ба талош барои қонеъ кардани афкори умумии дохилӣ ва байналмилалӣ дар мавриди лузуми чунин амалиёт даст задаанд.

Ин талошҳо аз кумак ва ҳимояти сиёсии давлати Бритониё бархӯрдор буда, ҳарчанд ба далели раъйи манфии порлумон ба хости Девид Комерун, нахуствазир, барои касби муҷаввизи мушорикат дар амалиёти низомӣ алайҳи Сурия, ин кишвар наметавонад дар амалиёти низомӣ ширкат кунад.

Бархе аз нозирони бритониёӣ гуфтаанд, ки тасмими порлумони Бритониё боъии тазъифи мавқеъияти оқои Комерун дар саҳнаи байналмилалӣ ва бахусус дар иҷлоси Сан-Питерзбург шуда, ҳарчанд вай кӯшидааст ҳамчунон чеҳрае фаъъол дар ин замина ба назар бирасад.

Рӯзи гузашта хабаргузориҳо гузориш карданд, ки яке аз дастёрони раиси ҷумҳурии Русия дар вокуниш ба талоши Девид Комерун барои ҷалби ҳимояти иҷлос ба танбеҳи ҳукумати Сурия, гуфт, ки Бритониё "як ҷазираи кучак аст, ки касе ҳам ба он аҳаммияте намедиҳад." Як мақоми дафтари нахуствазири Бритониё дар вокуниш ба ин суханон гуфтааст, ки изҳороти мақоми русӣ "нишон медиҳад чи гуна як ҷазираи кучак бо мардуме бузург метавонад дар ҷаҳон таъсиргузор бошад."

Нахуствазири Бритониё дар ҳошияи иҷлос бо раиси ҷумҳурии Русия гуфтугӯ карда ва ба гуфтаи сухангӯйи оқои Путин, ду тараф таъкид карданд, ки "ба талошу кӯшиш барои густариши ҳамкории дуҷониба дар мавриди масоили гуногун идома хоҳанд дод." Вай гуфтааст, ки раҳбарони ду кишвар "бори дигар ба табодули назар дар бораи вазъияти Сурия пардохтанд."

Матолиби муртабит