Интиқоди тунди намояндаи Омрико аз Русия ҳамзамон бо иҷлоси Гурӯҳи 20

Дар ҳоле ки ихтилофи Омрико ва Русия дар мавриди буҳрони Сурия дар поёни нахустин рӯз аз иҷлоси сарони Гурӯҳи 20 дар шаҳри Сан-Питерзбург бори дигар ошкор шуд, намояндаи Омрико дар Созмони Милал мегӯяд, ки Русия бо рафтори худ аз масъулиятҳои байналмилалиаш барои ҳифзи амният дар ҷаҳон тафра меравад.
Энрику Лето,нахуствазири Итолиё, гуфтааст, ки ин ихтилофҳо дар як шоми корӣ дар Сан-Питерзбург бори дигар ошкор шуд.
Нахуствазири Итолиё дар паёме дар шабакаи Твитер навишт, ки "Гурӯҳи 20 акнун ҷаласаи шомро тамом карда, ки дар он ихтилофҳо бар сари Сурия таъйид шуд."
Ҳамзамон Сомонто Поуэр, намояндаи Омрико дар Созмони Милал, Русияро муттаҳам кард, ки бо масдуд кардани қатъномаҳои Созмони Милал дар мавриди Сурия, Шӯрои Амниятро гаравгон гирифтааст.
Ӯ гуфт Шӯрои Амният дигар "масире амалӣ" барои посухгӯ шинохтани Сурия ба хотири ҷиноёти ҷангӣ нест.
Омрико ва Фаронса танҳо кишварҳои ҳозир дар Сан-Питерзбург ҳастанд, ки ба иқдоми низомӣ алайҳи Сурия мутаъаҳҳид шудаанд.
Хонуми Поуэр дар кунфронсе хабарӣ дар Ню-Йурк гуфт: "Ҳатто дар пайи нақзи фоҳиши урфи байналмилалӣ алайҳи истифода аз силоҳҳои шимиёӣ, Русия ҳамчунон Шӯрои Амниятро гаравгон нигаҳ дошта ва аз масъулиятҳои байналмилалиаш тафра меравад."
Мо мутаваҷҷеҳ шудаем, мардуми Сурия мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки Шӯрои Амнияте, ки ҷаҳон барои муқобила бо ин буҳрон ниёз дорад, Шӯрои Амнияте нест, ки акнун вуҷуд дорад.
Талош барои эҷоди эътилоф
Оқои Убомо ҳафтаи пеш гуфт, ки артиши Омрико омадаи анҷоми як амалиёти "маҳдуд" алайҳи аҳдофе дар Сурия аст, аммо анҷоми як амалиёти "маҳдуд" алайҳи аҳдофе дар Сурия аст, аммо ибтидо мунтазири муҷаввизи кунгре хоҳад монд.
Тасаввур мешавад, ки Борок Убомо дар иҷлоси Гурӯҳи 20 дар талош бошад эътилофе байналмилалӣ барои ҳимоят аз иқдоми низомӣ алайҳи аҳдофе дар Сурия эҷод кунад.
Оқои Убомо сафаре ба Колифурниё дар рӯзи душанберо лағв карда, то барои ҷалби назари кунгре аз чунин амалиёте бикӯшад.
Як назарсанҷӣ ба суфориши Би-би-сӣ ва Эй-би-сӣ нишон медиҳад, ки беш аз як севуми аъзои кунгре мегӯянд, ки ҳанӯз барои ҳимоят ё адами ҳимоят аз ин қатънома тасмим нагирифтаанд. Дар миёни намояндагоне, ки тасмим гирифтаанд, аксарият гуфтаанд, ки бо ин тарҳ мухолифанд.
Русия ва Чин алайҳи чунин иқдоме бидуни ҳимояти Созмони Милал ихтор додаанд. Онҳо, ки худ аъзои доими Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳастанд ба унвони муттаҳиди Сурия бо фишор бар ин кишвар мухолифанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси порлумони Сурия дар номае ба раиси маҷлиси намояндагони Омрико, Ҷон Бейнер, кунгреи Омрикоро тарғиб кардааст, барои иқдоме, ки ӯ "ғайримасъулона ва ғайримуҳтотона" хонд, шитоб накунад. Ӯ ба тарҳи иқдоми низомии Омрико алайҳи Сурия, ки ҳамакнун дар кунгре матраҳ аст, ишора дошт.
Раиси порлумони Сурия гуфт Омрико ва Сурия душмане муштарак доранд, ки ҳамон Алқоъида ва вобастагони он ҳастанд, ки нақше беш аз пеш пурранг дар мухолифати мусаллаҳона дар Сурия бозӣ мекунанд.
Давлати Сурия таҳти ҳидояти Башор Асад, раиси ҷумҳури ин кишвар, ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ алайҳи ғайринизомиён дар чанд маврид дар тӯли муноқишаи 30-моҳа муттаҳам аст.
Омрико гуфтааст, ки тозатарин ҳамла дар рӯзи 21 август дар атрофи Димишқ иттифоқ афтод ва 1429 нафарро куштааст. Давлати Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, арзёбии иттилоъотии худ, ки дар он давлати Сурияро муқассир мешиносад, мунташир кардааст.
Гузоришҳои мунташиршуда дар расонаҳои Омрико ва Олмон дар рӯзи панҷшанбе доир ба таҳлили он ҳодиса ҳокист, ки гози ба кор гирифташуда дар он ҳамла маргбортар аз интизор буда ва мумкин аст нерӯҳои ҳукуматии оқои Асад дар таркиби мавод дучори хато шуда бошанд.
Давлати оқои Асад масъулият дар он ҳамларо такзиб карда ва гуфта, ки шӯришиён муқассир ҳастанд.
Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид ҳудуди 100 ҳазор нафар дар муноқишаи Сурия кушта шуда ва беш аз ду милюн нафар паноҳанда шудаанд.
