Ҷон Керрӣ бо вузарои умури хориҷаи Иттиҳодияи Араб дидор кард

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар идомаи сафараш ба Урупо, дар Порис бо вузарои умури хориҷаи Иттиҳодияи Араб дидор ва гуфтугӯ кард.
Гуфта шуда ҳадаф аз ин сафар касби ҳимоят барои мудохилаи низомӣ дар Сурия аст.
Оқои Керрӣ пас аз ин дидор гуфт, ки тамоми вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб мувофиқ буданд, ки истифода аз силоҳҳои шимиёӣ тавассути ҳукумати Башор Асад убур аз "хатти қирмизи байналмилалӣ" будааст.
Ӯ гуфт, ки агар ба ин иқдоми давлати Сурия вокуниши муносиб нишон дода нашавад, ин пайғом ба Эрон, Ҳизбуллоҳ ва ҳукумати Асад фиристода мешавад, ки "касе аҳамият намедиҳад, ки шумо ин меъёри садсоларо шикастед".
Вазири умури хориҷаи Омрико пештар дар як конфаронси хабарӣ бо Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса аз афзоиши ҳимоятҳо барои анҷоми амалиёти низомӣ дар посух ба истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар ҳумаи Димишқ дар моҳи гузашта хабар дод.
Фаронса аз мавзеъи Омрико дар қиболи Сурия ҳимоят мекунад, аммо ҳамонанди сойири аъзои Иттиҳодияи Урупо дар интизори гузорише аст, ки қарор аст бозрасони Созмони Милали Муттаҳид дар бораи манотиқе, ки гуфта шуда дар моҳи гузашта ҳадафи ҳамлаи шимиёӣ қарор гирифтанд , ироа диҳанд.
Тими бозрасони Созмони Милал пас аз сафар ба ин манотиқ ва ҷамъоварии намунаҳое қарор аст зарфи рӯзҳои отӣ гузорише дар ин бора мунташир кунад.
Қарор аст Ҷон Керрӣ дар идомаи сафараш ба кишварҳои урупоӣ вориди Ландан шавад.
Сафари Ҷон Керрӣ ба кишварҳои Урупоӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ихтилофи назари зиёде дар мавриди анҷоми иқдоми низомӣ алайҳи Сурия вуҷуд дорад.
Русия ва Чин бо ҳар гуна иқдоми низомии бидуни муҷаввизи Шурои Амнияти Созмони Милал алайҳи Сурия мухолиф ҳастанд ва онро иқдоме ғайриқонунӣ медонанд.
Дар ҳамин ҳол Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ки даст задан ба ҳар гуна иқдоми низомиро манут ба таъйиди кунгреи он кишвар карда, дар талош аст то намояндагонро ба ҳимоят аз ин иқдом тарғиб кунад.
Бар асоси назарсанҷии анҷомшуда тавассути Би-би-сӣ беш аз як сеюм аз аъзои кунгре ҳанӯз дар бораи ҳимоят ё адами ҳимоят аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Сурия тасмимгирӣ накардаанд ва аксарияти касоне ҳам, ки тасмими худро гирифтаанд эълом кардаанд, ки алайҳи раиси ҷумҳур раъй хоҳанд дод.
Бисёре аз омрикоиҳо нигаронанд, ки ҳар гуна иқдоми низомӣ ин кишварро вориди ҷанги тулонӣ карда ва ба густариши хушунатҳо дар минтақа доман бизанад.
