Баҳси қудратҳо дар Шӯрои Амният барои кунтрули силоҳҳои шимиёии Сурия

  • 12 Сентябр, 2013
Image caption Нооромиҳои Сурия беш аз сад ҳазор қурбонӣ гирифт

Фиристодагони панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоли мулоқот дар Ню-Йурк ҳастанд, то дар бораи тарҳи Сурия барои барчидани силоҳҳои шимиёии Сурия баҳс кунанд.

Бритониё, Омрико ва Фаронса моил ба навиштани қатъномаи илзомовар ҳастанд, аммо Русия як эъломияи ғайриилзомоварро тарҷеҳ медиҳад.

Русия ва Омрико рӯзи панҷшанбе (12 сентябр) гуфтугӯҳои дуҷонибае дар ин маврид дар Женев анҷом хоҳанд дод.

Сурия тарҳи Русия барои супурдани ихтиёри силоҳҳои шимиёиаш ба ниҳодҳои байналмилалиро пазируфтааст.

Омрико мегӯяд ба ҳамин далел феълан тарҳи иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро муъаллақ кардааст, то масири диплумосиро дунбол кунад.

Русия пештар гуфт акнун ҷузъиёти тарҳи мавриди назарашро дар ихтиёри Омрико гузоштааст.

Беш аз сад ҳазор нафар аз замони шурӯъи нооромиҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ки авоили соли 2011 шурӯъ шуд, кушта шудаанд.

Диплумотҳои омрикоӣ, бритониёӣ ва фаронсавӣ пеш аз дидори фиристодагони панҷ узви доимӣ мулоқот карданд.

Фаронса аз қабл машғули танзими пешнависи қаъномае буд, ки дар он тавассул ба фасли ҳафтуми маншури Созмни Милал дар сурати адами ҳамкории Сурия пешбинӣ шудааст. Ин фасл истифода аз зӯрро муҷоз мешуморад.

Бо ин ҳол, Русия ишора карда, ки ин пешнавис ё ҳар пешнависе, ки давлати Сурияро ба хотири истифода аз силоҳҳои шимиёӣ муқассир бишносанд, қабул нахоҳад кард.

Омрико давлати Сурияро масъули он ҳамла дар рӯзи 21 август дар ду ноҳия дар атрофи Димишқ, пойтахти Сурия, мешиносад.

Дидабони Ҳуқуқи Башар дар Ню-Йурк рӯзи сешанбе гуфт, ки шавоҳиде дорад, ки нишон медиҳад давлати Сурия масъул аст.

Давлати Сурия ҳамларо ба мухолифони мусаллаҳ нисбат додааст.

Фиристодагони панҷ узви доимии Созмони Милал - Чин, Русия, Фаронса, Бритониё, Омрико - мумкин аст дар мавриди иборатбандии як қатъномаи эҳтимолӣ гуфтугӯ кунанд. Яке аз онҳо ба хабаргузории Руйтерз гуфт: "Фикр мекунам ба тавофуқ бирасем."

Бо ин ҳол, диплумоти дигар ба ин хабаргузорӣ гуфт: "Онҳо дар ин ҷаласа воқеъан дар мавриди пешнависи қатънома ҳарф нахоҳанд зад."

Image caption Оқои Убомо сешанбешаб гуфт феълан тарҳи иқдоми низомиро муъаллақ мекунад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ва Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, қарор аст рӯзи панҷшанбе дар Женев ба таври расмӣ дар мавриди ин тарҳ суҳбат кунанд. Онҳо рӯзи чаҳоршанбеи 11 сентябр телефунӣ суҳбат карданд.

Як диплумот ба Би-би-сӣ гуфт, ки гуфтугӯҳои фиристодагони Созмони Милал умдатан нумодин буд ва ин ки суолоти ҷиддӣ бояд дар Женев посух дода шавад.

Як манбаъи огоҳ дар Русия ба хабаргузории ИТАР ТАСС гуфт, ки мулоқоти Женев дутарафа хоҳад буд ва шомили Созмони Милал нест.

Ин манбаъ афзуд: "Ба назар мерасад, ин мулоқот панҷшанбе шурӯъ шавад ва ҷумъа поён ёбад, ҳарчанд шояд то рӯзи шанбе идома ёбад."

Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико гуфт, ки Маскав то кунун "идеҳояшро пеш гузошта" ва на як "маҷмӯъаи муфассал" аз пешниҳодҳо.

Ӯ гуфт, ки ҳанӯз "аҷзое ҳастанд, ки бояд рӯи онҳо кор шавад."

Ӯ ҳамчунин таъйид кард, ки оқои Керрӣ бо Ахзари Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Араб дар Сурия, дидор хоҳад кард.

Ниме аз коршиносони таслиҳотии Созмони Милал оқои Керриро ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, рӯзи чаҳоршанбе гуфт рӯшан аст, ки ин фароянд барои эминсозии силоҳҳои шимиёӣ "муддате замон меабарад."

Ӯ афзуд: "Эътибори ҷойгоҳи Русия акнун зери заррабин аст."

Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия, рӯзи сешанбе аввалин мақоми Сурия шуд, ки басароҳат вуҷуди захираи силоҳҳои шимиёӣ дар кишвараш изъон кард ва ба рӯшанӣ ба тарҳи мавриди назари Русия мутаъаҳҳид шуд.

Ӯ гуфт: "Мо омодаем маҳалли силоҳҳои шимиёиро эълом кунем, тавлиди силоҳҳои шимиёиро мутаваққиф кунем ва ин ақломро ба намояндагони Русия, соири кишварҳо ва Созмони Милали Муттаҳид нишон диҳем."

Пойбандии мо ба ибтикори амали Русия бо ҳадафи поёни моликияти тамоми силоҳҳои шимиёӣ анҷом мешавад."

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, барои гирифтани муҷаввизи иқдоми низомӣ алайҳи Сурия аз кунгреи ин кишвар талош мекард.

Аммо назарсанҷиҳо аз аъзои кунгре нишон медод, ки баъид аст битавонад барои ин тарҳ раъй бигирад.

"Ӯ сешанбешаб дар як нутқи телевизиюнӣ гуфт, ки тарҳи Русия ва изъони Сурия ба доштани ин силоҳҳо "нишонаҳои дилгармкунандае аст".

Ӯ афзуд: "Ҳанӯз зуд аст дар мавриди муваффақияти ин тарҳ суҳбат шавад ва мувофиқатномае бояд тасдиқ кунад, режими Асад ба таъаҳҳудоташ пойбанд аст."

Матолиби муртабит