Убомо аз Кунгураи Омрико хост раъйгирӣ дар бораи ҳамла ба Сурияро ақаб андозад

  • 11 Сентябр, 2013

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико дар суханронии зинда хитоб ба мардуми кишвараш гуфт, аз раҳбарони Кунгураи хостааст раъйгирӣ дар бораи ҳамла ба Сурияро ақаб андозад то Омрико ва СММ ба роҳҳали диплумотики Русия дар ин бора бипардозад.

Бо ин ҳол ӯ таъкид карда, ки агар роҳҳалли диплумотик ба натиҷае нарасад, Омрико ба иқдоми низомӣ мутавасил мешавад.

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар ин нутқи телевизиюнӣ, ки аз Кохи Сафед мухобара мешуд, гуфт “ҳануз хеле зуд аст”, ки дар бораи асарбахш будани пешниҳоди Русия барои халъи силоҳи шимиёии Сурия қазоват кард.

Оқои Убомо гуфт, ки Ҷон Каррӣ, вазири хориҷаи Омрико барои музокира бо ҳамтои руси худ дар рӯзи панҷшанбе ба Женев меравад ва худаш низ ба табодули назар бо Влодимир Путин, раиси ҷумҳури Русия идома медиҳад.

Ӯ гуфт ба ҳимояти муттаҳидони байналмиллалиаш умедвор аст ва дастур дода, ки нерӯҳои низомии Омрико барои ҳамла ба Сурия омода бимонанд, то ҳукумати оқои Асадро зери фишор нигаҳ дорад.

Оқои Убомо таъкид кард, ки ҳукумати Сурия бояд дар бораи истифода аз таслиҳоти шимиёӣ посухгӯ бошад.

Ӯ дар айни ҳол гуфт: “Мо намехоҳем, як диктотурро соқит кунем ва қарор нест Сурия шабеҳи Ироқ ё Либӣ ва ҳатто Кусуву шавад.”

Борок Убомо гуфт, як ҳамлаи маҳдуд ҳам муассир аст ва боъис мешавад “ҳар диктотуре қабл аз он ки аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ истифода кунад ба авоқибаш фикр кунад.”

Оқои Убомо гуфт, “Омрико пулиси ҷаҳон нест”, вале агар истифода аз таслиҳоти шимиёӣ муҷозот нашавад, амнияти миллии Омрико дар маърази хатар қарор мегирад.

Раиси ҷумҳури Омрико гуфт, агар даргириҳо ба берун аз марзҳои Сурия саррез кунад, таслиҳоти шимиёӣ метавонад муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида аз ҷумла Туркия ва Исроилро таҳдид кунад.

Оқои Убомо дар ибтидои суханони худ бори дигар тасреҳ кард, ки ҳукумати Сурияро масъули ҳамлаи шимиёии ахир дар ҳамлаи Димишқ медонад.

Ӯ гуфт, ки нерӯҳои Башор Асад аз қабл дар ҷараёни ҳамлаи шимиёӣ будаанд ва барои муҳофизат, байни онон моски шимиёӣ тавзеъ шуда буд.

Оқои Убомо гуфт ончи дар ҳамлаи шимиёӣ дар ҳумаи Димишқ бар сари кудакон ва дигар шаҳрвандони ғайринизомӣ омад амнияти миллии Омрикро ҳам таҳдид мекунад.

Матолиби муртабит