Убомо дидор бо Путинро лағв кард

  • 7 Август, 2013
Кохи сафед
Image caption Иқдоми Русия дар эътои паноҳандагии муваққат ба Эдворд Иснувден муҷиби бурузи таниш миёни Маскав ва Вошингтун шуд

Кохи сафед эълом кард, ки дидори аз қабл таъиншудаи Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки қарор буд моҳи оянда дар Маскав баргузор шавад, лағв шудааст.

Далели лағви дидори руасои ҷумҳурии ду кишвар эътои паноҳандагӣ ба Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъоти маҳрамонаи давлати Омрико аз суи давлати Русия эълом шудааст.

Як мақоми омрикоӣ гуфтааст, ки ин масъала муҷиби ташдиди танишҳои мавҷуд дар равобити миёни ду кишвар шудааст.

Мақомоти омрикоӣ гуфтаанд, ки оқои Убомо тибқи барнома дар нишасти иқтисодии Гурӯҳи бист иқтисоди бузурги дунё дар Санпитерзбург дар моҳи сентябр ширкат намекунад.

Тасмим ба лағви ин нишаст дар ҷараёни сафари Борок Убомо ба Лусонҷелос эълом шуд. Оқои Убомо соъоте пеш аз ин тасмим аз иқдоми Русия ба эътои паноҳандагӣ ба Эдворд Иснувден "ибрози ноумедӣ" карда буд.

Иқдоми Русия дар эътои паноҳандагии муваққат ба Эдворд Иснувден муҷиби бурузи таниш миёни ду кишвар шуд.

Омрико хоҳони он аст ки Русия оқои Иснувденро аз хоки худ ихроҷ кунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки равобити миёни ду кишвар аз кашмакашҳои миёни созмонҳои иттилоъотӣ муҳимтар аст.

Ахиран фош шуд, ки Ожонси амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико иттилоъоти марбут ба муколамоти даҳҳо миллиюн нафар аз атбоъи он кишварро радёбӣ ва ҷамъоварӣ кардааст.

Ду рӯзномаи Гордиян ва Вошингтун пуст дар гузоришҳо бар мабнои иттилоъоти ифшошуда тавассути оқои Иснувден, гуфта буданд, ки созмони иттилоъоти Омрико аз ширкати Веризон, ширкати хадамоти телефун ва интернет хоста буда, ки тамомии шумораи телефунҳо, замони барқарории иртибот ва муддати муколамот ба давлат таҳвил дода шавад.

Ифшои ин иқдоми созмонҳои иттилоъотӣ ва амниятии Омрико бо вокуниши давлати Омрико рӯбарӯ шуд ва мақомҳои омрикоӣ ифшои ин ҷузъиётро маҳкум карданд.

Матолиби муртабит