Омрико хоҳони истирдоди "бидуни таъхири" Иснувден шуд

Давлати Омрико аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, муҷаддадан хостааст, ки Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъоти маҳрамонаи давлати Омрикоро "бидуни таъхир" ба ин кишвар мустарад кунад.
Рӯзи сешанбеи 25 июн оқои Путин гуфт, ки оқои Иснуден дар муҳаваттаи тронзити фурудгоҳи Маскав ба сар мебарад.
Ӯ гуфт, ки оқои Иснувден ҳамчунон озодии комил дорад ва ҳар чи зудтар таклифи мақсадаш таъйин шавад, беҳтар хоҳад буд.
Кейтлин Ҳейден, сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Омрико дар баёнияе гуфт: " Мо бо оқои Путин тавофуқи назар дорем, ки ин масъала набояд таъсире манфӣ бар равобити дуҷонибаи ду кишвар бигузорад."
Хонум Ҳейден афзуд: "Бо вуҷуде ки мо қарордоди истирдоди муттаҳамон бо Русия надорем, аммо бо ин ҳол Русия бо таваҷҷуҳ ба вазъияти поспурти оқои Иснувден ва иттиҳомҳои алайҳи ӯ далоили рӯшане барои ихроҷи ӯ дорад."
Вазорати додгустарии Омрико ӯро ба ҷосусӣ ва сирқати асноди маҳрамона муттаҳам карда ва Омрико гузарномаи ӯро ботил кардааст.
Дар ин баёния ҳамчунон омадааст, ки истирдоди "бидуни таъхири" оқои Иснувден метавонад ҳамкории амниятии байни ду кишварро, ки аз замони бумбгузории Бустун тақвият шуда буд, ҳифз кунад.
Омрико пештар низ гуфта буд, ки ба дунболи "рӯёрӯӣ" бо Русия нест, аммо давлати Русия бояд оқои Иснувденро таҳвили Омрико диҳад.
Раиси ҷумҳури Русия ҳам гуфт, ки сервисҳои иттилоъотии кишвараш бо Иснувден ҳамкорӣ накарда ва намекунанд.
Оқои Иснувден ҳанӯз дар муҳавватае аст, ки мусофирон аз ҳавопаймо пиёда мешаванд ва моқабли бахши тронзитро дар бар мегирад ва ба ин далел аз назари фаннӣ дар хоки Русия нест.
Русия иттиҳоми Омрико мабнӣ бар кумак ба оқои Иснувденро рад кардааст.
Изҳороти оқои Путин дар ҳоле сурат гирифта, ки соъоте пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дархости Омрико барои истирдоди Эдворд Иснувденро рад кард.
Оқои Лавров дар нишасти хабарии худ дар Маскав гуфт, ки Эдворд Иснувден аз марзи Русия рад нашуда ва ин кишвар ҳеҷ дахолате дар барномаи сафари ӯ ва соири барномаҳояш надоштааст.
Вазири умури хориҷаи Русия вокуниши хашмолуде нисбат ба дархости истирдоди Иснувден ва ҳушдори Омрико дар мавриди авоқиби адами таҳвили ӯ нишон дод ва гуфт: "Муттаҳам кардани Русия нақзи қавонини Омрико ва ҳатто навъе тавтеъаи комилан бепояву асос ва ғайри қобили қабул аст."
Эдворд Иснувден 30-сола мавзӯъи ҷамъоварии иттилоъоти шаҳрвандони омрикоӣ тавассути Ожонси иттилоъоти миллии Омрикоро фош кард ва гуфт, ки ин корро "дар дифоъ аз озодиҳои асосии мардуми саросари ҷаҳон" анҷом додааст.
Эдворд Иснувден аз Экводур дархости паноҳандагӣ карда ва давлати Экводур низ гуфта, ки ин дархостро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
