Ифшогари Созмони Амнияти Миллии Омрико аз Экводур дархости паноҳандагӣ кард

Эдворд Иснуден, фарде, ки мавзӯъи ҷамъоварии иттилоъоти шаҳрвандон аз сӯйи Созмони Амнияти Миллии Омрикоро фош кард, аз давлати Экводур дархости паноҳандагӣ кардааст.
Рикорду Патину, вазири хориҷаи Экводур, ин дархости оқои Иснуденро дар ҳисоби корбарии Твитери худ таъйид кардааст.
Эдворд Иснуден пас аз мунташир шудани хабари ҷамъоварии иттилоъот ба Ҳунг Кунг сафар карда буд, аммо рӯзи якшанбе дар парвозе он ҷоро ба мақсади Русия тарк кард.
Пештар Омрико аз давлати Ҳунг Кунг хоста буд вайро ба ин кишвар истирдод кунад, аммо Ҳунг Кунг аз анҷоми ин кор худдорӣ карда ва гуфта буд, ки мадорики кофӣ барои дастгирии вай дар ихтиёр надорад.
Давлати Омрико Эдворд Иснуденро ба ҷосусӣ, сирқат ва тағйири асноди маҳрамона муттаҳам кардааст.
Омрико акнун хоҳони манъи сафари оқои Иснуден шудааст.
Як мақоми вазорати хориҷаи Омрико рӯзи якшанбе эълом кард, ки Омрико бо кишварҳое "дар нимкураи ғарбӣ", маконҳое, ки мумкин аст оқои Иснуден ба онҳо сафар кунад, тамос гирифтааст.
Вай гуфт: "Давлати Омрико ба ин кишварҳо эълом кардааст, ки оқои Иснуден як муҷрим аст ва ба ҳамин далел набояд ба вай иҷозаи сафарҳои байналмилалӣ ба ғайр аз бозгашт ба Омрико дода шавад."
Вебсойти ифшогари Викиликс дар баёнияе навиштааст Эдворд Иснуден "аз тариқи як масири амн ва барои дарёфти паноҳандагӣ ба ҷумҳурии Экводур дар сафар аст ва диплумотҳо ва ушовирони ҳуқуқии Викиликс ӯро ҳамроҳӣ мекунанд."
Ин вебсойт мегӯяд дархости оқои Иснуден замоне, ки ба ин кишвар бирасад, ба сурати расмӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд поспурти Эдворд Иснуден аз вай бозгирифта шуда мавзӯъе ки гуфта шуда "мутобиқи қавонини Омрико ва раванди маъмул" аст.
Бар асоси иттилоъоте, ки оқои Иснуден мунташир кард, Созмони Амнияти Миллии Омрико аз ширкати мухобиротии "Вройзен" хоста буд,то муколимоти телефунӣ ва фаъъолиятҳои интернетии шаҳрвандонро дар ихтиёраш бигузорад.
Давлати Омрико аз дарёфти ин иттилоъот дифоъ карда ва ин корро барои афзоиши амнияти шаҳрвандон донистааст.
