Омрико ифшогари ҷамъоварии иттилоъотро ба ҷосусӣ муттаҳам кард

Расонаҳо дар Омрико гузориш кардаанд, ки давлати ин кишвар расман алайҳи Эдворд Сноуден, ифшогари ҷамъоварии иттилоъот аз сӯи давлат, шикоят кардааст.
Рӯзномаи 'Вошингтун пуст' (Washington Post) гузориш кардааст, ки оқои Сноуден, паймонкори собиқи Созмони Амниятии Омрико ба ҷосусӣ, дуздӣ ва тағйир дар асноди маҳрамона муттаҳам шудааст.
Давлати Омрико дар ин шикоятнома аз мақомҳо дар Ҳонг Конг хостааст, ки агар вай ҳамчунон дар онҷо ба сар мебарад, ӯро ба Омрико истирдод кунанд.
Оқои Сноуден муддати кутоҳе пеш аз ирсоли иттилоъоти худ ба рӯзномаи бритониёии 'Гордиен' (Guardian) ба Ҳонг Конг сафар карда ва дар меҳмонхона пинҳон шуда буд.
Бар асоси иттилоъоте, ки вай мунташир кард, Созмони Амнияти Миллии Омрико аз ширкати мухобиротии “Вройзен” хоста буд, то муколамоти телефунӣ ва фаъъолиятҳои интернетии шаҳрвандонро дар ихтиёраш бигузоранд.
Давлати Омрико ин тарҳро таъид карда ва онро барои афзоиши амнияти шаҳрвандон лозим донистааст.
Борок Убомо, раисҷумҳури Омрико низ гуфта буд, ин тарҳҳо бо назорати кунгура ва додгоҳҳои вижа сурат мегирифтанд.
Пештар, Кит Олексондер, мудири Созмони Амнияти Миллии Омрико эълом кард, ки ин тарҳҳо ба муқобила бо 10 ҳамали теруристӣ дар 12 соли гузашта кӯмак кардаанд.
