Facebook дархостҳои иттилоъотии давлати Омрикоро фош кард

  • 15 Июн, 2013

Фейсбук мегӯяд, ки нимаи дуввуми соли 2012 нӯҳ то даҳ ҳазор дархости иттилоъотӣ аз ниҳодҳои давлатии Омрико дарёфт кардааст.

Ин шабакаи иҷтимоъӣ гуфт, ки ин дархостҳо шомили мавориде аз ҷароими куччак гирифта то амнияти миллӣ будааст.

Нашти (утечка) иттилоъотӣ тавассути текнисиянҳои компутерӣ дар моҳи ҷорӣ ҳокӣ буд, ки давлати Омрико дар ҳоли анҷоми як амалиёти таҷассуси электруникӣ, дар сатҳи бисёр васеътар аз чизе ки қаблан ба он эътироф шуда, будааст.

Омрико мегӯяд, ки ин барнома ба ҷилавгирӣ аз ҳамалоти терруристӣ кумак мекунад.

Тед Улиут, масъули Фейсбук дар паёме дар блоги ин ширкат гуфт, ки дархостҳо марбут ба масоили мухталиф аз ҷумла кӯдакони мафқуд, фарориҳо, ҷароими сабук ва таҳдидҳои теруристӣ будааст.

Оқои Улиут нагуфт, ки ширкати ӯ то чӣ андоза ба ин дархостҳо посух додааст, аммо гуфт ки Фейсбук “башиддат” аз додаҳои корбарон муҳофизат мекунад.

Ӯ гуфт: “Мо ағлаб бидуни муъталӣ ин дархостҳоро рад мекунем, ё аз дафлат мехоҳем дархостҳояшро ба таври қобили таваҷҷӯҳе кам кунанд., ё иттилоъоти хеле камтар аз ончи давлат хоста ироъа кунем.”

Пештар дар моҳи ҷорӣ Эдворд Иснуден ҷузъиёти як барнома ба номи “Призм”-ро фош кард, ки тавассути Созмони Амнияти Миллии Омрико (NSA) иҷро мешавад.

Ӯ то чанд рӯз пеш аз нашти иттилоъот дар истихдоми як ширкати муқотеъакор, ки барои давлати Омрико кор мекард, буд.

Рӯзномаҳои ‘Гордиян’ ва ‘Вошингтон пуст’ аснодеро чоп карданд, ки иддаъо мешавад NSA дар онҳо мегӯяд, ки метавонад мустақиман ба серурҳои ширкатҳои, аз ҷумла Facebook, Microsoft, Apple ва Google дастрасӣ ёбад.

Ин ширкатҳо ин иттиҳомотро рад карданд ва гуфтанд, ки иҷозаи чунин дастрасиро надодаанд, аммо гуфтанд, ки бо дархостҳои қонунӣ мувофиқат кардаанд.

Оқои Иснудени 29-сола аз Омрико ба Ҳонг Конг гурехт ва баъд аснодашро дар ихтиёри рӯзномаҳо гузошт.

Маҳалли иқомати кунунии ӯ мушаххас нест, аммо ӯ гуфта ки бо ҳукми истирдод ба Омрико хоҳад ҷангид.

Мақомҳои давлати Омрико мегӯянд, ки дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ӯ ҳастанд.

Матолиби муртабит