Давлати Омрико иттилоъоти муколамоти шаҳрвандонро "ҷамъоварӣ мекунад"

Рӯзномаи Гордиян (Guardian) навиштааст, ки Ожонси амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико иттилоъоти марбут ба муколамоти миллиюнҳо нафар аз атбоъи он кишварро радёбӣ ва ҷамъоварӣ мекунад.
Гордиян гуфтааст, ки ба муҷиби як ҳукми сиррии додгоҳ ширкати Веризун, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Омрико аст, бояд иттилоъоти тамомии муштариёни худро ба таври рӯзона ба давлат таҳвил диҳад.
Гурӯҳҳои ҳомии озодиҳои маданӣ гуфтаанд аз ҷузъиёти гузориши рӯзномаи Гордиян шигифтзада шудаанд, аммо давлати Омрико ва ширкати Веризун дар хусуси ин гузориш сукут ихтиёр кардаанд.
Маркази омрикоии ҳуқуқи асосӣ гуфтааст, ки дастури додгоҳи назорат бар иттилоъоти хориҷӣ васеътарин ҳукми ҷамъоварии иттилоъот аст, ки то кунун тавассути додгоҳе содир шудааст.
Санадеро, ки Гордиян мунташир карда дар торихи 25 апрели соли ҷорӣ тавассути қозӣ Роҷер Винсун содир шуда ва то 19 июл эътибор дорад.
Додгоҳи назорат бар иттилоъоти хориҷӣ, ки як додгоҳи сиррӣ аст, ба ширкати Веризун дастур дода, ки тамомии шумораҳои телефун, замони барқарории иртибот ва муддати онҳо ба давлат таҳвил дода шавад. Ин дастур шомили муколамоти дохилӣ ва байналмилалӣ аст.
Рӯзномаи Гордиян гуфтааст, ки санади фош шуда (ҳукми додгоҳ) нишон медиҳад давлати Борок Убомо дар ҳоли ҷамъоварии иттилоъоти марбут ба муколамаи миллиюнҳо нафар аз шаҳрвандони Омрико аст, бидуни ин ки далеле барои ҷамъоварии ин иттилоъот вуҷуд дошта бошад ва фориғ аз ин ки афроде, ки иттилоъоти онҳо ҷамъоварӣ мешаванд, бегуноҳ ҳастанд ё на.
Давлати Убомо моҳи гузашта низ ба далели ҷамъоварии асноди муколамоти телефунии хабарнигорони хабаргузории Ассошиэйтед Пресс мавриди интиқод қарор гирифт.
