Русия: Иснувден вориди хоки Русия нашудааст

  • 25 Июн, 2013
Image caption Маълум нест Эдворд Иснувден, ки гуфта шуд рӯзи душанбе аз Ҳунг Кунг ба Маскав парвоз карда, дар ҳоли ҳозир куҷост

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дархости Омрикоро барои истирдоди Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъоти маҳрамонаи давлати Омрикоро, ки гуфта шуда дар фирор аз дастгоҳи қазоии ин кишвар ба Русия сафар карда, рад кард.

Оқои Лавров дар нишасти хабарии худ дар Маскав гуфт, ки Эдворд Иснувден аз марзи Русия рад нашуда ва ин кишвар ҳеч дахолате дар барномаи сафари ӯ ва сойири барномаҳояш надоштааст.

Вазири умури хориҷаи Русия вокуниши хашмолуде нисбат ба дархости истирдоди Иснувден ва ҳушдори Омрико дар мавриди авоқиби адами таҳвили ӯ нишон дод ва гуфт: "Муттаҳам кардани Русия ба нақзи қавонини Омрико ва ҳатто навъе тавтаъа комилан бепояву асос ва ғайри қобили қабул аст."

Давлати Чин ҳам ба шиддат иттиҳомҳои давлати Омрикоро мабнӣ бар ин ки амдан ба Эдворд Иснувден ба рағми дархости боздошти ӯ иҷоза дода то хоки Ҳунг Кунгро тарк кунад, рад кардааст.

Як сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфтааст иддаъои давлати Омрико беасос ва ғайриқобили қабул аст ва давлати Ҳунг Кунг бо ин парванда бар асоси қонун рафтор кардааст.

Кохи сафед гуфтааст, ки равобиташ бо Чин ба далели ин масъала осеб дидааст.

Маълум нест Эдворд Иснувден, ки гуфта шуд рӯзи душанбе аз Ҳунг Кунг ба Маскав парвоз карда, дар ҳоли ҳозир куҷо аст.

Бархе муътақиданд, ки ӯ пас аз фуруд дар Маскав, ҳанӯз дар муҳавватае аст, ки мусофирон аз ҳавопаймо пиёда мешаванд ва моқабли бахши тронзитро ҳам дар бар мегирад. Ба ҳамин ҷиҳат агар ин ҳадс дуруст бошад, ҳанӯз бано ба таърифи ҳуқуқӣ оқои Иснувден вориди хоки Русия нашудааст.

Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз манобеъе дар фурудгоҳи Маскав гуфт, ки оқои Иснувден баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе аз Ҳунг Кунг вориди Маскав шуд ва қарор буд рӯзи баъд ба суи Ҳовоно, пойтахти Кубо парвоз кунад, аммо ӯ дар ин парвоз набуд.

Эдворд Иснувдени 30-сола мавзуъи ҷамъоварии иттилоъоти шаҳрвандони омрикоӣ тавассути Ожонси иттилоъоти миллии Омрикоро фош кард ва гуфт ки ин корро "дар дифоъ аз озодиҳои асосии мардуми саросари ҷаҳон" анҷом додааст.

Вазорати додгустарии Омрико ӯро ба ҷосӯсӣ ва сирқати асноди маҳрамона муттаҳам карда ва Омрико гузарномаи ӯро ботил кардааст.

Эдворд Иснувден аз Экводур дархости паноҳандагӣ карда ва давлати Экводур низ гуфта, ки ин дархостро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Матолиби муртабит