Ибҳом дар мавриди хуруҷи Иснувден аз Русия

Як ҳавопаймои русӣ, ки интизор мерафт Эдворд Иснувден, ифшогари расвоии ахири Созмони амнияти миллии Омрикоро аз Маскав ба Ҳовоно, пойтахти Кубо бибарад, хоки Русияро тарк кардааст, аммо ҳанӯз ҳузури оқои Иснувден дар ин парвоз таъйид нашудааст.
Шоҳидони айнӣ дар дохили ҳавопаймо ва ҳамчунин дар бахши хуруҷии фурудгоҳи Маскав гуфтаанд, ки оқои Иснувденро дар ин парвоз надидаанд.
Ба гуфтаи як манбаъи вобаста ба ширкати ҳавопаймоии Аэрофлот, Эдворд Иснувден савори ин ҳавопаймо нашудааст.
Рӯзи гузашта гуфта шуд, ки оқои Иснувден Ҳунг Кунгро ба мақсади Маскав тарк карда, аммо мақсади ниҳоии ӯро Кубо ё Венезуэло эълом карданд.
Бар асоси иттилоъоте, ки оқои Иснувден мунташир кард, Созмони амнияти миллии Омрико аз ширкати мухобиротии Веризун (яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Омрико) хоста буд то иттилоъоти марбут ба муколамоти телефунӣ ва фаъъолиятҳои интернетии шаҳрвандонро дар ихтиёраш бигзорад.
Оқои Иснувден пас аз ифшои ин иттилоъот ба Ҳунг Кунг гурехт.
Аммо Омрико дар тамосе бо давлати Ҳунг Кунг расман хостори истирдоди оқои Иснувден шуд.
Додгустарии Омрико ин паймонкори собиқи Созмони амнияти миллиро ба ҷосусӣ, сирқат ва тағйири асноди маҳрамона муттаҳам кардааст.
Вокуниши вазорати хориҷаи Омрико
Ҷон Керри, вазири хориҷаи Омрико гуфтааст агар маълум шавад, ки Чин ва Русия, ки Омрико аз ҳар ду онҳо хоста буда, ки монеъи сафари Эдворд Иснувден шаванд, бидуни таваҷҷуҳ ба ин дархост дар хуруҷи ӯ ҳамкорӣ карда бошанд, дардисари ҷиддӣ пеш хоҳад омад.
Вазири хориҷаи Омрико афзуда мутмаинан ин мавзуъ бар равобити Омрико бо Русия ва Чин таъсир хоҳад гузошт.
Оқои Керри аз Русия хост то ба қавонин эҳтиром бигузорад, аммо Русия дар муқобил гуфтааст, ки Эдворд Иснувден танҳо қасди убур аз ин кишварро дорад.
Вазорати хориҷаи Чин ҳам дар вокуниш гуфтааст, ки давлати Чин ба наҳваи бархурди давлати Ҳунг Кунг бо ин масаъла эҳтиром мегузорад
