Лавров: Иснувден аз марзи Русия убур накардааст

  • 25 Июн, 2013

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе, 25 июн гуфтааст, ки Эдворд Иснувден, ифшогари расвоии ахири Созмони амнияти миллии Омрико ва маъмури собиқи Созмони Марказии Иттилоъоти Омрико (СИО), ки аз суи мақомоти Омрико ҷустуҷӯ мешавад, аз марзи Русия убур накардааст.

Хабаргузории Интерфакси Русия суханони оқои Лавровро оварда, ки гуфтааст: "Мо талошҳои ахиреро, ки сурат мегиранд комилан бепоя ва ғайриқобилиқабул медонем, яъне муттаҳам кардани Русия ба нақзи қонунҳои Иёдоти Муттаҳида ва тақрибан даст доштан дар тавтаъа, ки ҳатто ҳамроҳ бо таҳдид ба мо ҳастанд."

Ба гуфтаи оқои Лавров Русия ҳиҷ гуна иртиботе "на ба оқои Иснувден, на ба равобити ӯ бо ниҳодҳои қазоии омрикоӣ, на ба сафарҳои ӯ ба нуқоти ҷаҳон" надорад.

Оқои Лавров афзуд: "Ӯ мустақилона масири сафари худро интихоб кардааст, мо дар ин бора аз расонаҳо хабар шудем. Ӯ аз марзи Русия убур накардааст."

Рӯзи душанбе оқои Иснувден дар роҳи сафар аз Ҳунг Кунг, гуфта мешавад шабро дар фурудгоҳи Шереметйевои Маскав гузарондааст. Қарор буд ӯ аз Маскав ба Ҳовоно, пойтахти Кубо парвоз кунад. Гуфта мешавад ӯ корти парвозро гирифта, вале савори ҳавопаймо нашудааст.

Мақомот дар Вошингтун гуфтаанд, ки аз Русия таваққуъ доранд тамоми "имконоти мавҷудро" барои истирдоди корманди собиқи фарории СИО баррасӣ кунад. Оқои Иснувденро дар Омрико ба хиёнат муттаҳам мекунанд.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Омрико рӯзи гузашта таъкид кард, агар Русия дар ин замина ҳамкорӣ накунад, равобити ду кишвар метавонад ба печидагӣ рӯбарӯ шавад.

Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши оқои Иснувден мушаххас нест.