Убомо ва Путин вазъият дар атрофи Иснувденро баррасӣ карданд

  • 13 Июл, 2013
Иснувден
Image caption Иснувден рӯзи ҷумъа аз Русия дархости паноҳандагии сиёсӣ кард

Рӯзи ҷумъаи 12-уми июл, вақте шаб фаро расид, Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ телефун зад, то вазъияти ба вуҷуд омада, дар робита ба қазияи Эдворд Иснувденро баррасӣ кунад.

Ин корманди фарории Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (CIA) аз рӯзи 23 июн дар бахши тронзитии фурудгоҳи 'Шереметево-2' дар Маскав ба сар мебарад.

Ҷузъиёти ин сӯҳбати телефунӣ номаълуманд.

Дар ҳамин ҳол, Эдвурд Иснувден рӯзи ҷумъа дар мулоқоташ бо фаъъолони ҳуқуқи башар ва вакилони мудофеъ эълом кард, ки аз давлати Русия тақозои паноҳандагии сиёсӣ мекунад.

Ӯ гуфт: “Омодагии кишварҳои абарқудрат барои нодида гирифтани қонун барои ҳамаи мо хатарзо аст ва набояд иҷоза бидиҳем, ки онҳо дар ин амр муваффақ шаванд. Ба ин манзур ман аз шумо кумак барои дарёфти замонати кишварҳои марбут барои фароҳам кардани шароити сафари амн ба Омрикои Лотинӣ ва паноҳандагии сиёсӣ дар Русия мехоҳам, то он замон, ки омаду рафти қонунии ман фароҳам шавад.”

Ба гуфтаи оқои Иснувден мехост муваққатан дар Русия то замоне, ки тавонад ба Омрикои Лотин сафар кунад, бимонад.

Дар ҳамин ҳол Ҷей Корнӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Омрико аз Русия даъват кард, то Иснувденро ба Омрико баргардонад ва ин, ки Омрико баррасии мунсифонаи додгоҳӣ барои Иснувден дар кишварашро замонат медиҳад.

Ин муттахасиси роёнаӣ, ки ба расонаҳо дар бораи барномаҳои сиррии ниҳодҳои истихборотии Омрико барои назорати сӯҳбатҳои телефунӣ ва мукотиботи имейлии шаҳрвандони хориҷӣ хабар дод, дар “хиёнат ба ватан” муттаҳам шуд.

Вазъ норушан аст

Бо ин ҳол шоми дирӯз, 12 июл Кремлин дар сӯҳбат бо родибюи “Эхо Москви” гуфтааст, ки мақомоти рус дархости катбии Инувденро дарёфт накардаанд.

Дмитриё Песков, сухангӯйи раиси ҷумҳурии Русия рӯзи ҷумъа гуфт: “Барои мо муҳим ин аст, ки раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, Иснувед фаразан метавонад дар Русия бимонад “агар – дар навбати аввал аз фаъъолиятҳои зиёновар ба шарикони омрикоии мо ва равобити миёни Русия ва Омрико даст бикашад. Дуввуми ин ки агар ӯ худаш дар ин бора дархост кунад.”

Алексей Пушков, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ дар тветери худ навиштааст: “Путин алакай шартҳои Русия барои иҷозаи паноҳандагии сиёсӣ ба Иснувденро гуфт. Агар Иснувден ин шароитро қабул дорад, ҳеҷ далеле барои он ки Русия ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ надиҳад намебинам.”

Дар ҳамин ҳол Вячеслав Никонов, намояндаи Думои давлатии Русия пас аз дидор бо оқои Иснувден гуфт: “Ӯ дар бораи шароити пешниҳодшуда огоҳ аст ва баосонӣ ин шароитро қабул хоҳад кард. Ӯ қасд надорад ба кишвараш зарар оварад, чун худро меҳанпараст мепиндорад.”

Хабарнигори Нб Йорк Тоймз дар Маскав бо истинод ба Татяна Лошкина, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Русия гузориш карда, ки Иснувден ҳамчунин эълом доштааст, ки Кумисериёи Олии СММ дар умури паноҳандагон ӯро ба унвони “фарди дархосткунандаи паноҳандагии сиёсӣ” шинохтааст, ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида ин мақоми ӯро ба расмият намешиносад.

Аммо манобеъи Созмони миллал рӯзи ҷумъа ин иттилоъро таъқид накарданд.

Иснувден дар мулоқоташ бо ҳуқуқдонҳо дар бахши тронзитии фурӯдгоҳи 'Шереметево-2' ба ҳамаи кишварҳо, ки ба гуфта ӯ ба вай кумак кардаанд, аз ҷумла Русия, Венезуело, Боливӣ, Никарагуо ва Экводор, ибрози сипос кард.

Вай гуфт ҳамаи пешниҳодҳои оянда дар бораи судури мақоми паноҳандагии сиёсиро қабул хоҳад дошт.