'Ҳеч мадраке дол бар ҳамлаи шимиёии ҳукумати Сурия вуҷуд надорад'

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дар гуфтугӯ бо як шабакаи телевизиюнии омрикоӣ гуфтааст, "ҳеҷ мадраке" дол бар истифодаи давлат аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мардуми ин кишвар вуҷуд надорад.
Ӯ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Пи-би-эс, ки қарор аст имрӯз, 9 сентябр, пахш шавад, гуфт, ки дар сурати ҳамлаи Омрико ба Сурия муттаҳидони кишвар ӯро дар посухгӯйӣ ба ҳамалот кумак хоҳанд кард.
Русия, Чин, Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон муттаҳидони аслии ҳукумати Сурия ба шумор мераванд, ки мухолифи мудохилаи низомии нерӯҳои хориҷӣ ба Сурия ҳастанд.
Ба гуфтаи оқои Асад , ин давлати Омрикост, ки бояд ба дунболи мадрак барои исботи ҳамлаи шимиёӣ ба мардум тавассути ҳукумати Сурия бошад.
Бо ин ҳол ӯ дар ин гуфтугӯи телевизиюнӣ дар ихтиёр доштани силоҳи шимиёиро рад накард.
Дар ҳамин ҳол, кунгреи Омрико (Маҷлиси сено ва намояндагон) аз имрӯз баҳс бар сари эътои иҷозаи ҳамла ба Сурияро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Пешбинӣ мешавад, ки раъйгирӣ дар сенои ин кишвар имрӯз (душанбеи 9 сентябр) анҷом шавад. Маҷлиси намояндагон аммо эҳтимолан раъйгириро дар рӯзҳои сешанбе ё чаҳоршанбе анҷом хоҳад дод.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, рӯзи гузашта дар дар пайи ҷалби назари кишварҳои урупоӣ ва мақомҳои кишварҳои араб барои ҳамла ба Сурия буда, қарор аст дар идомаи сафари урупоии худ бо Вилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, гуфтугӯ кунад.
Порлумони Бритониё ҳафтаи гузашта ба тарҳи давлати ин кишвар мабнӣ ба ҳамла ба Сурия раъйи манфӣ дод.
Вазири хориҷаи Омрико рӯзи гузашта дар Порис бо вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Араб дидор кард.
Оқои Керрӣ пас аз ин дидор гуфт, ки тамоми вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб мувофиқ буданд, ки истифода аз силоҳи шимиёӣ тавассути ҳукумати Башор Асад убур аз "хатти қирмизи байналмилалӣ" будааст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ки пеш аз ин гуфта буд истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Сурия хатти қирмизи Омрико маҳсуб мешавад, ҳафтаи гузашта аз кунгреи ин кишвар хост, то бо ҳамлаи маҳдуд ба Сурия мувофиқат кунад.
Омрико мегӯяд, ки ҳукумати Башор Асад рӯзи 21 август дар атрофи Димишқ аз силоҳи шимиёӣ истифода карда, ки дар ҷараёни он 1429 нафар кушта шудаанд.
Сурия ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки омили истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар Димишқ нерӯҳои мухолифи давлат ва шӯришиён будаанд.
Ҳамчунин Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, қарор аст, рӯзи душанбеи 9 сентябр бо шаш шабакаи телевизиюнии Омрико гуфтугӯ кунад ва тавзеҳ бидиҳад, ки чаро ба назари ӯ бояд ин ҳамла анҷом шавад.
Аз замони оғози даргириҳои хунбор дар Сурия дар зимистони соли 2011 беш аз яксад ҳазор нафар кушта ва милюнҳо нафар овораву бехонумон шудаанд.
