Путин мустақиман аз мардуми Омрико хост аз ҳамла ба Сурия ҷилавгирӣ кунанд

  • 12 Сентябр, 2013
Image caption Путин аз мардуми Омрико ва раҳбарони сиёсии онон хостааст,монеъ аз ҳамлаи низомӣ ба Сурия шаванд

Путин аз мардуми Омрико ва раҳбарони сиёсии онон хостааст монеъ аз ҳамлаи низомии кишварашон ба Сурия шаванд ва ҳамзамон эътилофи мухолифони ҳукумати Сурия тарҳи Русия барои ҷилавгирӣ аз амалиёти низомии Ғарбро мардуд донистааст.

Рӯзи панҷшанбеи 13 сентябр, нашрияи омрикоии Ню-Йурк Тоймз мақолаеро ба қалами Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, мунташир кард, ки дар он мардум ва кунгреи Омрикоро мухотаб қарор дода ва он чиро, ки хатароти дахолати низомӣ дар Сурия хонда, гӯшзад кардааст.

Ин мақола дар ҳоле мунташир мешавад, ки аъзои доими Шӯрои Амният мекӯшанд бар сари вокуниш ба ҳамлаи шимиёии моҳи гузашта дар наздикии Димишқ ба тавофуқ даст ёбанд ва раиси ҷумҳурии Омрико низ гуфтааст ба манзури додани фурсат ба ёфтани роҳи ҳалле мусолиматомез барои ин масъала, хостори таъвиқи раъйгирии кунгре дар мавриди муҷаввизи амалиёти низомӣ алайҳи Сурия шудааст.

Оқои Путин дар оғози мақолаи худ, ки бо унвони "Дархости Русия барои эҳтиёт" чоп шуда, навиштааст, ки "ҳаводиси ахир перомуни Сурия маро водор кардааст, то мустақиман бо мардуми Омрико ва раҳбарони сиёсии онон сухан бигӯям ва ин иқдом дар замони иртиботи нокофӣ байни ҷавомеъи мо, аҳаммияти вижа ёфтааст."

Раиси ҷумҳурии Русия бо ёдоварии ин ки Созмони Милали Муттаҳид ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи ҷанг эҷод шуд ва ба пешниҳоди Омрико, барои панҷ кишвари муҳимми ҷаҳон, аз ҷумла Русия, ҳаққи ветуро дар назар гирифт, гуфтааст, ки "заковати амиқ дар тарҳи ин пешниҳод барои чандин даҳа, заминасози субот дар равобити байналмилал будааст."

Image caption Путин аз беҳбуди равобити корӣ ва шахсии худ бо Убомо хабар додааст

Дар мавриди ҳамлаи низомии Омрико ба Сурия, Владимир Путин гуфтааст, ки бисёре аз кишварҳо ва раҳбарони бузурги сиёсӣ ва мазҳабии ҷаҳон, аз ҷумла поп, бо чунин иқдоме мухолифат кардаанд ва ҳушдор додааст, ки амалиёти низомӣ боъиси талафоти бештар ва густариши билқувваи бесуботӣ ба фаросӯи марзҳои Сурия хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Русия, Сурия шоҳиди набард дар роҳи демукросӣ нест, балки он чи ки дар он кишвар рӯй медиҳад, даргирии байни давлат ва мухолифон дар ҷомеъае бо танаввуъи мазҳабӣ аст. Вай афзудааст: "Дар ин маърака, қаҳрамонони мубориза барои демукросӣ чандон ёфт намешавад., ончи ки вуҷуд дорад, шумори кофӣ аз ҷангҷӯёни Алқоъида ва ифротиюни рангоранге аст, ки бо давлат дар набард ҳастанд."

Оқои Путин гуфтааст, ки "муздуроне" аз кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто Русия бо давлати Сурия дар ҷанг ҳастанд ва мумкин аст пас аз касби таҷруба дар ин ҷанг ба кишварҳои худ бозгарданд ва "ҳамаи моро мавриди таҳдид қарор диҳанд. Вай афзудааст, ки давлати Русия аз ибтидои буҳрони сиёсии Сурия хостори роҳи ҳалли мусолиматомез буда, зеро "мо аз давлати Сурия муҳофизат намекунем, балки ҳофизи қавонини байналмилалӣ ҳастем."

Мухолифати артиши озод бо тарҳи Русия

Дар хабаре дигар дар мавриди Сурия, артиши озоди Сурия, ки нерӯи аслии ғайриҷиҳодӣ дар баробари ҳукумати он кишвар аст, бо интишори як навори видиюӣ, гуфтааст, ки башиддат бо тарҳи Русия барои назорати байналмилалӣ бар зарродхонаи шимиёии Сурия мухолиф аст.

Ин гурӯҳ Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро ғайриқобили эътимод дониста ва гуфтааст, ки худдорӣ аз бархӯрди низомӣ бо ӯ заминасози идомаи корбурди таслиҳоти шимиёӣ алайҳи мардуми Сурия хоҳад буд.

Матолиби муртабит