Таъкиди вузарои хориҷаи Русия ва Омрико бар ҳалли буҳрони Сурия

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ва Ҷон Керрӣ, ҳамтои омрикоии ӯ дар кунфронсе хабарӣ дар Женев бар ҳалли фаврии масъалаи силоҳҳои шимиёии Сурия таъкид карданд.
Оқои Лавров гуфт қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар ин замина зарурате барои ҳамлаи низомии Омрико боқӣ намегузорад. Вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки бояд аз рӯёрӯии низомӣ сарфи назар кард.
Пеш аз ин, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, низ таслими силоҳҳои шимиёии ин кишвар ба назорати байналмилалиро ба рафъи таҳдиди низомии Омрико машрут карда буд. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки Сурия то як моҳ пас аз анҷоми тавофуқҳо иттилоъоти марбут ба ин силоҳҳоро таҳвил хоҳад дод.
Ҳамзамон Созмони Милали Муттаҳид эълом кард асноди марбут ба дархости Сурия барои пайвастан ба кунвонсиюни манъи корбурди таслиҳоти ҳастаиро дарёфт кардааст.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар кунфронси хабарии муштарак бо оқои Лавров гуфт ҳарфҳои мақомҳои сурӣ дар ин замина кофӣ нест. Гуфт ҷаҳон назорагари амалкарди Сурия аст, то бубинад оё ҳукумати ин кишвар воқеъан ба халъи силоҳи шимиёӣ тан медиҳад ё на.
Вазирони хориҷаи Русия ва Омрико барои музокира дар бораи буҳрони шимиёии Сурия дар Женев ба сар мебаранд. Тимҳое аз коршиносони ҷангафзори шимиёӣ ҳар дуи онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҷанги дохилӣ дар ҷанги дохилӣ
Ҳамзамон хабар мерасад, ки даргирӣ дар шимоли шарқии Сурия башиддат боло гирифтааст.
Фаъъолони сурӣ мегӯянд дар рӯёрӯии гурӯҳҳои мусаллаҳи курд ва шӯришиёни исломгарои муртабит бо Алқоъида наздик ба 50 нафар кушта шудаанд.
Даргирӣ миёни гурӯҳҳои мухталифи мухолифи Башор Асад собиқа дорад.. Бавижа пеш аз ин курдҳо чандин бор ҳадафи ҳамалоте аз сӯи дигар мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия қарор гирифтаанд.
