СММ истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Сурияро таъйид мекунад

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, як гузориши СММ ки интизор меравад, ҳафтаи оянда тавассути ин созмон мунташир шавад ба таври комилан қонеъкунандае таъкид хоҳад кард, ки моҳи гузашта дар Сурия аз силоҳи шимиёӣ истифода шудааст.
Бон Ки-мун нагуфт ки чӣ касе масъули он ҳамалот дар рӯзи 21-уми август дар Ғута, дар ҳумаи Димишқ, пойтахти Сурия аст ва таъйини масъулияти он ҳамла усулан ҷузви вазоифи тими бозрасони СММ набудааст.
Аммо оқои Бон гуфт, ки раиси ҷумҳурии Сурия дар “ҷиноят алайҳи башарият” гуанҳкор аст.
Як диплумоти аршад дар СММ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дабири кул соъоти 11 субҳ рӯзи душанбе, 16-уми сентябр ба вақти Ню-Йурк Шӯрои амниятро дар ҷараёни гузориши тими бозрасони силоҳи шимиёӣ хоҳад гузошт.
Ҳамзамон вузарои хориҷаи Омрико ва Русия дар Женев вориди рӯзи сеюми музокира дар мавриди тарҳи барчидани силоҳҳои шимиёии Сурия шуданд.
Диплумотҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки ин музокира бо душворӣ аммо пешрафт мекунд.
Вошингтун ва муттаҳидонаш давлати Сурияро ба қатли садҳо нафар дар ҳамлаи шимиёии Ғута муттаҳам мекунанд.
Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Wrights Watch) ҳафтаи пеш гуфт, ки шавоҳиде қавӣ аз муқассир будани давлати Башор Асад дар он ҳамла дорад.
Оқои Бон Ки-мун гуфт, ки ёфтаҳои СММ ба таври қотеъ нишон хоҳад дод, ки аз силоҳҳои шимиёӣ истифода шудааст. Ӯ гуфт: “Мутмаъин ҳастам ки дар поён мусалламан фароянде барои посухгӯ шинохтани афрод вуҷуд хоҳад дошт.”
