Фаронса: Эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Сурия ҳамчунон вуҷуд дорад

  • 16 Сентябр, 2013
Image caption Алорағми талошҳои байналмилалӣ, даргириҳо дар Сурия ҳамчунон идома дорад

Вузарои умури хориҷаи Омрико, Бритониё ва Фаронса қарор аст имрӯз (16 сентябр) дар Порис дар бораи қатъномаи ҷадиди Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар мавриди таслиҳоти шимиёии Сурия гуфтугӯ кунанд.

Дар ин ҳол Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфтааст, ки барои "эъмоли фишор бар Сурия, гузинаи низомӣ ҳамчунон бояд побарҷо бошад."

Оқои Улонд, ки ин суханонро дар ҷараёни нутқе телевизиюнӣ баён кард, тавофуқи Русия ва Омрико бар сари таҳти кунтрул қарор додани таслиҳоти шимиёии Сурияро "гоме муҳим" ба сӯйи аҳдофи бузургтаре барои поён додан ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар тавсиф кард.

Раиси ҷумҳури Фаронса афзуд, ки қатъномаи ҷадиди Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар мавриди Сурия бояд то поёни ҳафтаи ҷорӣ мавриди тавофуқи аъзои ин шӯро қарор гирад.

Раиси ҷумҳури Фаронса зимни таъкид бар зарурати вуҷуди таҳримҳо гуфт: "Чунончи тавофуқи бадастомада ва қатъномаи ҷадиди Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба натиҷае нарасад, таҳримҳо амре зарурӣ хоҳад буд."

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Порис мегӯяд, ки аксарияти мардуми Фаронса муътақиданд, ки сиёсати ин кишвар дар қиболи Сурия беш аз ҳадди ҷанги Толибон аст.

Фаронса нигарон аст, ки тавофуқи Омрико ва Русия боъиси таҳкими вазъияти Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, шавад.

Оқои Улон таъкид карда, ки Башор Асад дар ояндаи Сурия нақше надорад.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, ҳанӯз мушаххас нест, ки оё мавзеъгирии сарсахтонаи Фаронса дар қатъномаи мавриди баррасӣ дар Шӯрои Амният таъсире хоҳад дошт ё на.

Рӯзи якшанбеи 15 сентябр, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар баёнияе аз тавофуқи кишвараш ва Русия дар хусуси таҳти кунтрул қарор додани таслиҳоти шимиёии Сурия истиқбол кард, аммо гуфт, ки агар диплумосӣ шикаст бихӯрад, Омрико ҳамчунон омодаи мудохилаи низомӣ дар Сурия аст.

Матолиби муртабит