Истиқболи Убомо аз тавофуқи Русия ва Омрико барои кунтрули таслиҳоти шимиёии Сурия

  • 15 Сентябр, 2013
Борок Убомо
Image caption Борок Убомо: таҳдиди низомии Омрико боъис шуд, ки ин фурсат фароҳам шавад, ки хостаҳои мавриди назари худро аз роҳи диплумотик пайгирӣ кунем

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико аз тавофуқи кишвараш ва Русия дар хусуси таҳти кунтрул қарор додани таслиҳоти шимиёии Сурия истиқбол карда ва гуфта агар диплумосӣ шикаст бихӯрад, Омрико ҳамчунон омодаи мудохилаи низомӣ аст.

Дар ин баёния омадааст: "Омрико барои таҳаққуқи он чӣ имрӯз тавофуқ шуда, ба ҳамкории худ бо Русия, Бритониё, Фаронса, Созмони Милал ва дигарон идома медиҳад ва дар сурате ки ҳукумати Асад ба чорчӯби ин тавофуқнома амал накунад, бо паёмҳои он рӯ ба рӯ хоҳад шуд."

Оқои Убомо дар баёнияи худ навишта таҳдиди низомии Омрико боъис шуд, ки ин фурсат фароҳам шавад, ки хостаҳои мавриди назари худро аз роҳи диплумотик пайгирӣ кунем.

Рӯзи шанбе, 14 сентябр Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико ва Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар поёни сеюмини рӯзи музокироташ дар Женев, дар як конфаронси хабарии муштарак ҷузъиёте аз тавофуқи байни ду кишвар дар мавриди таҳти кунтрул қарор додани таслиҳоти шимиёии Сурия ироа доданд.

Русия ва Омрико ҳамчунин эълом карданд, ки Сурия бояд ба бозрасон иҷозаи дастрасӣ ба тамомии таслиҳоти шимиёии ин кишварро бидиҳад ва дар як ҳафта феҳристи комили силоҳҳои шимиёии худ бо ҷузъиёти комилро ироа кунад.

Ҷон Маккейн ва Линдзӣ Гроҳом, ду сенотури ҷумҳурихоҳи ҳаводори иқдоми низомӣ алайҳи Башор Асад, тавофуқи ба амаломадаро бемаънӣ донистаанд.

Ба гуфтаи онҳо ин тавофуқ ба Башор Асад иҷоза медиҳад аз фурсати ба дастомада барои фиребкорӣ истифода кунад.

Онҳо дар баёнияи муштараки худ навиштанд: "Бидуни судури қатъномаи Шурои Амният, ки бар асоси асли ҳафтуми маншури Созмони Милали Муттаҳид таҳия шуда бошад, ки режими Асадро ба корбурди нерӯи низомӣ дар сурати адами тамкин таҳдид мекунад, ин тавофуқ бемаънӣ аст. Асад аз фурсати зиёде, ки дар ихтиёраш гузошта, ҳамонанди Саддом барои ба таъхир андохтан ва фиреб додан истифода хоҳад кард."

Бо ин ҳол тавофуқи Омрико ва Русия бо истиқболи Фаронса, аз ҳомиёни Артиши озоди Сурия, аз гурӯҳҳои аслии мухолифи ҳукумати Башор Асад ва мувофиқи ҳамлаи низомӣ ба Сурия рӯ ба рӯ шуда, ҳарчанд ин гурӯҳ рӯйи хуше ба ин тавофуқнома нишон надодааст.

Женерол Салим Идрис, фармондеҳи артиши озоди Сурия ин тавофуқро ибтикоре аз суи Русия тавсиф кард, ки танҳо ва барои вақткушӣ ба нафъи Сурия ироа шудааст.

Image caption Женерол Салим Идрис, фармондеҳи артиши озоди Сурия ин тавофуқро рад кардааст

Ба гуфтаи ӯ ин тавофуқнома дар сурати иҷро наметавонад поёне бар буҳрони Сурия бошад ва фақат бори масъулияти кушта шудани садҳо нафар дар ҳамлаи шимиёиро аз дӯши Башор Асад бар медорад.

Бон Ки-мун, дабири кули Созмони Милал ҳам аз ин тавофуқнома истиқбол карда ва ибрози умедворӣ карда ки ин тавофуқнома масири сулҳ дар Сурияро ҳамвор кунад.

Оқои Керрӣ афзуд тими бозрасон бояд то ноябр (ду моҳи дигар) дар Сурия бошанд.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Омрико ҳадафи ниҳоӣ нобудии комили таслиҳоти шимиёии Сурия то авосити соли 2014 мелодӣ аст.

Оқои Керрӣ ибрози умедворӣ кард, ки ин тавофуқ битавонад ба оғози фароянди сулҳи васеътаре дар Сурия кумак кунад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар суханоне гуфт, ки дар ин тавофуқ ишорае ба тавассул ба зӯр дар сурати адами пойбандии Сурия ба мафоди ин тавофуқ нашудааст. Аммо ӯ дар айни ҳол афзуд, ки расидагӣ ба ҳар гуна тахаттии Сурия ба уҳдаи Шурои Амнияти Созмони Милал хоҳад буд.

Матолиби муртабит